ХАТЛОН. ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ
Ифтитоҳи синфхонаҳои иловагӣ
Дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки 20-уми июл сурат гирифта буд, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Меҳрвари деҳоти Чӯбек синфхонаҳои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-ро ифтитоҳ намуд.
Синфхонаҳои иловагӣ ба маблағи 1 миллиону 692 ҳазору 954 сомонӣ аз тарафи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон барои 240 нафар дар ду баст сохта шуданд.
Бояд гуфт, ки дар нимсолаи якуми соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 21 иншооти нави таълимӣ, аз ҷумла 120 синфхона бо 3000 ҷойи нишаст дар як баст ва 6000 ҷой дар ду баст мавриди истифода қарор гирифт.
Корхонаи пахтатозакунӣ
Ҳамзамон, дар доираи ин сафари Сарвари давлат раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Токистони деҳоти Панҷоб корхонаи коркарди пахтаро ба истифода дод.
Иншооти мазкур ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Шодӣ Раҷабзода дар масоҳати 1,5 гектар ба маблағи 4,3 миллион сомонӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоти нави замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Иқтидори корхона дар як сол коркарди 15000 тонна пахтаро ташкил дода, пас аз баистифодадиҳӣ 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад. Соҳибкор ният дорад, ки дар оянда корхонаи равғанбарорӣ ҳам бунёд намояд.
Иншооти варзиш
Баъдан, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Сафедоби деҳоти Панҷрӯд иншооти варзиш ва сайёҳиро ба истифода дод.
Иншооти варзиш бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Юсуфҷон Юсуфов ба маблағи 383 ҳазор сомонӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз аст.
Масоҳати иншоот 3 гектарро ташкил дода, дар ҳудуди он ду майдончаи варзиш барои футболбозӣ мавҷуд мебошад.
Корхонаи коркарди сангу шағал
Ҳамчунин, дар ҳошияи сафари кории Президенти мамлакат раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Сайроби деҳоти Панҷоб корхонаи коркарди сангу шағали ҶДММ "Дӯстии Ҳамадонӣ"-ро ба истифода дод.
Иншооти мазкур ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Шукрихудо Раҳмонов дар масоҳати 12 гектар ба маблағи 8 миллион сомонӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоти наву замонавӣ муҷаҳҳаз аст. Иқтидори корхона дар як соат коркарди 120 метри мукааб сангу шағал буда, пас аз баистифодадиҳӣ 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад.
Бо мақсади боз ҳам густариш додани фаъолияти истеҳсолӣ ва тақвияти иқтидори саноатии маҳал, дар паҳлуи ҳамин корхона аз ҷониби соҳибкор Шукрихудо Раҳмонов сохтмони корхонаи истеҳсоли семент низ ба нақша гирифта шудааст.
Амалӣ гардидани ин ташаббус ба таъмини бозори дохилӣ бо масолеҳи сохтмонии ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор мусоидат менамояд.
Синфхонаҳои иловагӣ бо 240 ҷойи нишаст
Дар доираи сафари Президенти мамлакат бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода дар деҳаи Марғоби деҳоти Заркӯҳ бинои синфхонаҳои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Синфхонаҳои иловагӣ ба маблағи 1 миллиону 764 ҳазору 682 сомонӣ аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон барои 240 нафар дар ду баст сохта шуданд.
Аҳли маориф ва хонандагон аз ифтитоҳи бинои иловагӣ изҳори хушнудӣ намуда, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии рӯзафзуни соҳа миннатдории хешро баён доштанд.
Бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Ҳуснобод
Ҳамчунин, дар ин рӯз бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода дар деҳаи Ҳуснободи деҳоти Хоҷамуъмин маросими ифтитоҳи бунгоҳи тиббӣ доир гардид.
Бинои бунгоҳи тиббӣ бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ба маблағи 695 ҳазор сомонӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ муҷаҳҳаз аст.
Масоҳати бино 83 метри мураббаъро ташкил дода, аз се ҳуҷраи корӣ ва иншооти ёрирасон иборат мебошад. Ифтитоҳи ин муассисаи кумаки аввалияи тиббӣ дар деҳот заминаи мусоидро барои таҳкими низоми хизматрасонии тиббӣ фароҳам меоварад.
Манораи тақсимоти об ва хатти оби ошомиданӣ
Ҳамзамон, дар доираи сафари кории Роҳбари давлат бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода дар деҳаи Меҳнатободи деҳоти Хоҷамуъмин манораи тақсимоти об ва хатти оби ошомиданӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Сохтмони хатти оби нӯшоӣ дар доираи татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо дастуру ҳидояти Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба анҷом расид.
Таҷдиди 1,8 километр роҳи мошингард
Дар ҳошияи сафари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода, роҳи мошингарди байни деҳаҳои Сафедоби деҳоти Панҷрӯд ва Обшорони деҳоти ба номи Саидқул Турдиев дар масофаи 1,8 километр мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Роҳ, ки ҳанӯз солҳои 60-уми асри гузашта сохта шуда буд, бо мурури замон фарсуда гардида, ҳаракати нақлиёти мусофиркаш ва борбар дар он душвор гашт. Бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва дастгирии сокинон корҳои навсозии роҳ оғоз ёфта, барои таъмиру тармими он 1 миллиону 992 ҳазор сомонӣ сарф гардид.
Дар доираи иқдомҳои созанда ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ соли ҷорӣ бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон таҷдиду мумфаршкунии роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла бо саҳми соҳибкорон ба анҷом расонда шуда, корҳои навсозӣ дар ин самт идома доранд.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 30.07.2025 №: 147
