ТОҶИКОБОД. НОҲИЯЕ ДАР МАСИРИ НАВИ РУШД

30 июл 2025, Чоршанбе
24
- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод фаъолияташро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дурнамои нимсолаи аввали соли ҷориро бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намуд, - иброз дошт Фақерзода Қадриддин Аббос, раиси ноҳия.
Нақшаи қисми даромади буҷет бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 108,2 фоиз иҷро гардида, ба хазина 6 миллиону 518 ҳазору 800 сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 491,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Вобаста ба таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» қарори дахлдори раиси ноҳия ба тасвиб расида, тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида гурӯҳҳои корӣ дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои дигари қарзии ноҳия дар корхонаю муассисаҳои давлатӣ ва нуқтаҳои савдо корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.
Дар ҳудуди ноҳия 88,1 фоизи шумораи умумии субъектҳои ҳисоботдиҳандаи шахси ҳуқуқӣ ва 65,1 фоизи соҳибкорони инфиродӣ ҳисоботи худро ба таври электронӣ пешниҳод менамоянд. Инчунин, 917 корти бонкӣ ба муомилот бароварда шуда, 18300 сокини ноҳия дорандаи корти бонкист, ки ин теъдод 73 дарсади аҳолии калонсолро ташкил медиҳад.
Ба ҳолати 1-уми июли соли 2025 дар ноҳия 2344 субъекти хоҷагидор фаъолият менамояд, ки 2206-тои онҳо соҳибкорони инфиродӣ ва 138-тои дигар шахсони ҳуқуқӣ буда, сафи онҳо сол ба сол дар афзоиш аст.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Тоҷикобод барои солҳои 2020-2025-ум 196 лоиҳаро ба маблағи 139 миллион сомонӣ дар бар гирифта, ба ҳолати 1-уми июли соли 2025-ум 119 лоиҳа ба маблағи 126,9 миллион сомонӣ (91,3 фоиз) ба иҷро расидааст.
Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар давраи ҳисоботӣ 76 миллиону 321 ҳазор сомониро ташкил дод, ки қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ё 103,5 фоиз афзудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 70 миллиону 677 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 617 ҳазор сомонӣ зиёд иҷро гардидааст ва афзоиш 102,3 фоизро ташкил медиҳад.
Аз ҳисоби соҳибкорон дар ин давра 21 километр роҳ ба маблағи 190 ҳазор сомонӣ таъмир гардид. Бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру бунёди 101 иншоот ба нақша ворид шуда, то имрӯз 66 иншоот мавриди истифода қарор гирифт.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 30.07.2025 №: 147