ТО ВАҚТЕ ВАТАНДӮСТЕМ ОЯНДА ДУРАХШОНТАР МЕШАВАД

30 июл 2025, Чоршанбе
20
Дар ҳар давру замон ва дар ҳама гуна ҷомеа, тарбияи ватандӯстӣ омили асосии субот ва рушди давлатдорӣ мебошад. Тоҷикистон ҳамчун давлати ҷавони соҳибистиқлол, ки марҳалаи душвори гузаришро паси сар кардааст, ниёз ба таҳкими руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, хусусан дар миёни ҷавонон, дорад. Ҳанӯз соли 2021 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд: «Тарбияи ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстӣ дар замири ҷавонон бояд аз овони кӯдакӣ оғоз гардад, зеро насли наврас кафили ояндаи миллат ва давлат мебошад».
Дар ин росто, метавон мафҳуми ватандӯстӣ ва нақши онро дар суботи давлат чунин шарҳ дод, ки ватандӯстӣ ин танҳо эҳсоси шахсӣ нест, балки системаи ахлоқӣ ва арзишест, ки рафтори шаҳрвандро дар ҷомеа роҳнамоӣ мекунад. Он муҳаббат ба Модар-Ватан, садоқат ба таърих, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва омодагии шахс барои хизмати фидокорона ба давлат мебошад. Тавре Пешвои миллат таъкид менамоянд: “Ватандӯстӣ ва ифтихор аз миллату давлати хеш бояд хислати ҳамешагии ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷавонон, гардад”.
Ҷавонон, ки қисми бузурги аҳолии кишварро ташкил дода, неруи пешбарандаи рушди ҷомеа мебошанд, маҳз онҳо метавонанд миёни худ муҳити муосири тарбия ва садоқат ба Ватанро роҳандозӣ кунанд. Аммо, мутаассифона, баръакси ҳол бо вуҷуди имкониятҳои зиёди рушди шахсӣ, ҷавонон имрӯз таҳти таъсири муҳити иттилоотии пуртазод ва таблиғоти ғояҳои бегона қарор доранд. Аз ин рӯ, тарбияи ватандӯстӣ бояд тавассути муҳтавои равшану таъсирбахш таъмин шавад. Дар ин росто, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2015 дар Рӯзи ҷавонон таъкид намуданд, ки ҷавонон бояд ҳомиёни асили истиқлолияти давлатӣ ва манфиатҳои миллӣ бошанд.
Андешаи мо дар ин хусус он аст, ки васоили асосии тарбияи ватандӯстӣ ин, пеш аз ҳама, оила – аввалин мактаби тарбият, мактаб – манбаи дониш ва ҳувият, фарҳанг ва санъат – воситаи бедор намудани ифтихори миллӣ, ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ – имкони ташаккули афкори ватандӯстона мебошанд. Бинобар ин, оила, мактаб ва ҷомеа дар якҷоягӣ метавонанд ҷавононеро тарбия намоянд, ки сиёсати давлатӣ дар самти тарбияи ватандӯстиро дар доираи сиёсати Пешвои миллат, барнома ва иқдомҳои муҳим роҳандозӣ созанд.
Гузашта аз ин, тарбияи ватандӯстӣ бояд ба рукни сиёсати давлатӣ табдил ёбад. Танҳо ҷавонони дорои ҳувияти миллӣ ва муҳаббати амиқ ба Ватан – Модар метавонанд Тоҷикистонро ба сӯи субот ва пешрафт баранд. Дар шароити мураккаби геополитикӣ ва афзоиши ҷангҳои иттилоотӣ, танҳо ватандӯстии бедор метавонад миллатро ҳифз ва давлатро мустаҳкам нигоҳ дорад. Ҳисси ватандӯстӣ бояд аз кӯдакистони аввал то сатҳи донишгоҳу ҷомеа парвариш ёбад. Барои ин, ҳар як фарди бедордил бояд саҳми худро гузорад ва гуфтаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор бидиҳанд ва ҷавононро барои ояндаи дурахшони Ватану миллат тарбия намоянд, зеро то вақте ки фарзандон ватандӯст ва худшиносанд, Тоҷикистон ояндаи дурахшон дорад!
Фарҳод ҚОДИРЗОДА,
мушовири президенти АМИТ,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор
Санаи нашр: 30.07.2025 №: 147