НАҚЛИЁТИ БАРҚӢ. ВОРИДОТИ БЕШ АЗ 40 ҲАЗОР БА ТОҶИКИСТОН

30 июл 2025, Чоршанбе
35
То 18-уми июли соли равон шумораи нақлиёти барқӣ дар ҷумҳурӣ ба 40 ҳазору 287 адад расид, ки 31 ҳазору 630-тои он мошини сабукрав аст.
Аз Вазорати нақлиёт ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” маълумот доданд, ки дар доираи Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 чанд тадбир, аз ҷумла таъсиси пойгоҳ барои истеҳсоли мошинҳои барқӣ ва ҷузъҳои онҳо, бунёди инфрасохтор барои таъмини барқ ва нигоҳдории мошинҳои барқӣ, таҳияи технологияи истифодаи батареяҳо, додани имтиёзҳои иловагӣ ба ронандагони нақлиёти барқӣ ва ташаккули маҷмуи тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии рушди нақлиёти барқӣ пешбинӣ шудааст.
Инчунин, Тоҷикистон ният дорад, ки дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои чинӣ мошинҳои барқӣ истеҳсол намояд.
Бо мақсади дастгирии рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон баъзе имтиёзҳо амалӣ шуданд. Аз ҷумла, тибқи таҳрири нави Кодекси андози Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2022 қабул шудааст, воридоти мошинҳои барқӣ ба муҳлати даҳ сол аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод аст.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Консепсияи гузариш ба низоми барқии нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2026 ва қарор дар бораи то якуми сентябри соли 2025 гузариши пурра ба хизматрасонии мусофирони таксӣ бо истифода аз нақлиёти барқиро имзо кард.
Ба маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаш моҳи соли равон беш аз 17 ҳазор нақлиёти барқӣ ворид шудааст.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 30.07.2025 №: 147