ФАЙЗОБОД. ДЕҲОТ НАМОИ ШАҲРАК МЕГИРАД
Сокинони бонангу номуси ноҳияи Файзобод барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ободу сарсабз сохтани диёри худ дар талошанд.
Аз маркази шоҳроҳи байналмилалӣ то деҳаи Фатҳободи Ҷамоати шаҳраки 30-солагии Истиқлолияти ноҳияи Файзобод роҳи нақлиётгарди секилометра ҷойгир аст, ки солҳои тулонӣ рӯи таъмиру навсозиро надида буд. Бо ибтикори раиси маҳалла Достон Идрисов мардуми деҳа маблағ ҷамъоварӣ намуда, ин роҳи валангоршударо асфалтпӯш карданд, ки дар натиҷа мушкили ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон осон шуд. Барои навсозии роҳ зиёда аз панҷсад ҳазор сомонӣ сарф гардид.
Ҳамчунин, раиси маҳалла нақша дорад, ки бо истифода аз маблағу ҳашари мардум корхонаи дӯзандагии дорои бист ҷойи корро дар арафаи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо ҳамаи шароитҳояш сохта, мавриди истифода қарор диҳад.
Ҳокими САФАР, ноҳияи Файзобод
Санаи нашр: 30.07.2025 №: 147
