АМИРҶОН ЗАБОНИ ПОРСИРО БА КАШМИР БУРД Ё МИСОЛЕ ДАР РУШДИ САЙЁҲӢ
Тавре хонандагони зирак огоҳанд, водии Кашмир диёри шоирони номдори порсизабон, ба монанди Муҳаммадтоҳир Ғании Кашмирӣ, Мулло Фахруддин Донои Кашмирӣ, Фонии Кашмирӣ, Мирзо Гиромии Кашмирӣ мебошад. Танҳо дар «Тазкират-уш-шуарои Кашмир»-и Муҳаммад Аслаҳ (асри XVII), ки онро олими покистонӣ Сайид Ҳисомуддини Рошидӣ пайдо намуда, соли 1966 ба нашр ҳозир кард, аз 305 шоири порсизабони водии Кашмир ёд шудааст.
Сарчашмаҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зодаи шаҳри Ҳамадони Эрон дар Кашмир омада, дар густариши доманадори забони тоҷикӣ-порсӣ хидмати сазовор карда. Мавсуф соли 1379 бо 700 шогирду муридаш дар водии Кашмир муқим шуд. Ӯ дар баробари таблиғи дини мубини Ислом забони форсиро дар ин водии хушманзара густариш дод. Муҳаққиқон равнақи ҳунарҳои дастӣ дар ин сарзаминро низ натиҷаи сафари ҳазрати Амирҷон ба водии Кашмир медонанд. Худи Мир Сайид бо ҳунари кулоҳбофӣ рӯз мегузаронд. Муридонаш қолинбофию шолбофиро дар ин водӣ паҳн карданд. Баъд аз вафот, Мир Сайид Алии Ҳамадониро тибқи васияташ дар шаҳри Кӯлоб дафн карданд. Мақбараи ӯ зиёратгоҳи сокинони минтақа ва меҳмонони хориҷӣ гардид.
Ҳоло дар ҷаҳон сайёҳии зиёратӣ ривоҷу равнақ ёфтааст. Мутаассифона, дар ҷомеаи мо аз ин имконият ҳанӯз пурра истифода набурдаанд. Ҳол он ки ташкили сайёҳии зиёратӣ ба буҷет метавонад, фоидаи зиёд орад.
Хуб мешуд, ки масъулони бахши туризми шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба шаҳри Музаффарободи Покистон рафта, муштоқони зиёрати Мир Сайид Алии Ҳамадониро ба саёҳати Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб, даъват намоянд. Бо ин мақсад, дар хусуси оромгоҳи «Шоҳи Ҳамадон» ба забонҳои англисӣ ва урду таблиғномаҳо омода карда, дар сомонаҳои интернетӣ ҷой диҳанд ва бо ширкатҳои сайёҳии Покистон барои ҷалби сайёҳон ҳамкорӣ намоянд. Зеро сокинони водии Кашмир то ҳол он қадар ба шоҳи Ҳамадон ихлос доранд, ки баъди тавофи Каъбаю Масҷиди Набавӣ ва Байтулмуқаддас зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро барои худ шарафу ифтихор меҳисобанд.
Олими покистонӣ доктор Ҳусайн Тасбеҳӣ бо тахаллуси «Раҳо» дар васфи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ қасидае зери унвони «Ҳамадонинома» навиштааст, ки оғозаш чунин аст:
Эй Алӣ, эй сайиди кашмириён,
Сайидуссодоти покистониён.
Корвони ошиқон гашта равон,
Сӯйи Кашмир омаданд аз Хутталон.
Дар сурати ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба зиёрати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ меҳмонхонаю ошхона ва дуконҳои фурӯши ҳунарҳои мардумӣ пур аз сайёҳон гашта, ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
рӯзноманигор
