МАЪРИФАТ. МАШЪАЛАФРӮЗОН НАМЕМИРАНД!
Ба пешвози 80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Омӯзгорӣ танҳо бо дарс ё анҷоми вазифаи касбӣ маҳдуд намешавад. Ин касб як рисолати азим аст. Рисолати бедор кардани ақлҳо, ташаккули шахсиятҳо ва ба сӯи фардо раҳнамо кардани насли нав мебошад. Ҳамарӯза мо шоҳиди ранҷу садоқати омӯзгорони арзандаем, ки бе таваққуф дар талошанд, то донишҷӯён на танҳо маълумоти касбӣ, балки ғояҳои баланди ахлоқиву ватандӯстиро аз бар кунанд.
Аз ҷумла, дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ устодоне ба мақому камол расидаанд, ки ҳар кадом дар зиндагии донишҷӯёни худ нақши муассир гузоштаанд. Мо ифтихор мекунем, ки чунин шахсиятҳои фидоии маърифат: Маҳмадулло Ибодов, Гулчеҳра Ҳоҷиматова, Маҳмуд Абдуллоев, Шарофат Худойдодова, Савронбӣ Раҳимова, Додарбек Сайдалиев, Абдулҳамид Нозимов, Комилахон Асоева, Фирӯза Файзуллоева, Моҳира Ғафурова, Маҳбуба Камолова, Садбарг Ғуломова, Бунафша Кармишева, Дилором Исоева, Мавҷуда Раҳимова, Клара Сайдамирова, Лутфия Салихова, Заррина Нурматова, Шодмонҷон Камолов, Абдуназар Гиёев, Азамат Ашӯров, Ёқубҷон Эргашевич, Иброҳими Аҳмадхон, Обидамо Худойдодова, Суҳроб Мирзоев, Сабур Шарипов, Равшан Муродов, Рухшона Назарова, Дилором Ҷумаева, Сайрам Ёқубова бо шукӯҳу хоксорӣ ва донишу таҷрибаи худ донишҷӯёни сершуморро ба роҳи дониш, ахлоқ ва инсондӯстӣ раҳнамоӣ кардаанд.
Шогирдон на танҳо аз онҳо илм, балки рафтору гуфтор ва фаҳми зиндагиро низ меомӯзанд. Омӯзгорон бо вуҷуди мушкилоти рӯзгор пайваста дар фикри пешбурди илм ва камолоти инсонанд. Онҳо қаҳрамонони хомӯшанд, на барои худ, балки барои дигарон зиндагӣ мекунанд. Он устодон, ки имрӯз дар кафедраҳои Донишгоҳ бо самимият дарс мегӯянд, шояд садо баланд накунанд, вале таъсири онҳо дар тақдири шогирдон бо сад ҳазор садо танинандоз аст. Гарчи бештари онҳое, ки номбар кардем, дар ҳаёт дигар нестанд, аммо нури хирадашон бо мост.
Бо эҳсоси баланди инсонӣ бояд гуфт, ки омӯзгорони ҳақиқӣ намемиранд. Онҳо дар ҷисму ҷони шогирдонашон ҳамеша зиндаанд. Имрӯз мо бо эҳтиром ёд мекунем аз омӯзгорони барҷастае, ки тамоми умри худро ба маърифату одамият бахшида, бо хоксорӣ, дониш ва муҳаббати беинтиҳо ба таълиму тарбияи насли нав камар баста буданд. Мо бо ифтихору эҳтиром ёд мекунем номҳои азизе чун А. К. Кадруллоев, Т. П. Дурнева, Л. С. Сайдаҳмадов, М. А. Каримов, А. М. Ниёзов, Т. Н. Муродов, Р. Ҳ. Давлатова, И. Носиршоев, ки шогирдонашон имрӯз устод, олим, роҳбар, мутахассис ва шахсияти комили ҷомеа шудаанд. Зиндагии чунин устодон мисли китобест, ки ҳар саҳифааш бо меҳру ранҷ навишта шудааст. Онҳо агарчи имрӯз миёни мо нестанд, аммо дар ҳар гӯшаи Донишгоҳ, дар ҳар ёди шогирд ва дар ҳар дастоварди шогирдон зиндаанд.
Бисёр омӯзгороне буданд, ки на барои мартаба, на барои шуҳрат, балки танҳо ба хотири масъулияти ватанпарварӣ ва инсонгароӣ ба ин роҳ қадам ниҳоданд.
Мо, шогирдон вазифадорем, ки номи чунин устодонро пос дорем. Бигзор, донишҷӯёни нав, насли имрӯз бидонанд, ки пеш аз онҳо инсонҳое буданд, ки санги бинои маърифатро гузоштаанд. Ҳар дарсе, ки имрӯз гуфта мешавад, сояи заҳмати он бузургонро бо худ дорад.
Бигзор руҳи поки ҳамаи омӯзгорони фидоии мо шод бошад. Миллати рӯшандилу покоини мо офтобҳое маърифатафшони хешро фаромӯш нахоҳад кард.
О. П. ШАРИФЗОДА,
дотсент, муовини ректор оид ба тарбияи ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Санаи нашр: 21.08.2025 №: 161
