ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САДА ВА ГИРОМИДОШТИ КАШФИ ОТАШ

САДА ВА ГИРОМИДОШТИ КАШФИ ОТАШ

02 май 2023, Сешанбе
62
0


Боиси ифтихору хушнудист, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои муқаддаси миллӣ: Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргонро ҳамчун ҷашнҳои миллии ҳувиятсози мо эълом дошта, барои гиромидошти бошукӯҳи онҳо талоши самимӣ меварзанд. Дар ҳақиқат, барои зиндаву поянда доштани ин ҷашнҳо, ки дар роҳи худогоҳии миллӣ аҳамияти вижае доштанду доранд, фарзонагону донишиёни мо дар ҳар давру замон пофишориҳои фаровон карда, гаҳе ҷон ба гарав гузоштаанд. Бузургоне чун Ҳаким Фирдавсии ҷаҳонбин,  ҳангоми ҳамлаи арабҳо ба Эрони бостонӣ, дар баробари таассуф доштан аз он, ки «Эрон куноми палангону шерон  мешавад», яъне лонаи даррандагони ваҳшӣ мешавад, дареғу дард дошт, ки аз дасти сиёҳи тозиён ҷашнҳои Наврӯзу Сада тира хоҳанд гашт:
Аз ин зоғсорони беобу ранг
 На ҳушу на дониш, на ному на нанг.
Ҳам оташ бимирад ба оташкада,
Шавад тира Наврӯзу Ҷашни Сада.     
Чор ҷашни бостонии моро ниёконамон ба подшоҳони зиндагисози замонаҳои дури Пешдодиён нисбат медиҳанд: Ҷашни Наврӯзро ба Ҷамшед, Ҷашни Садаро ба Ҳушанг, Ҷашни Тиргонро ба Ораши камонгир ва Ҷашни Меҳргонро ба Фаридун вобаста медонанд. Ҳаким Фирдавсӣ пайдоиши Ҷашни Садаро ба кашфи оташ нисбат дода мегӯяд, ки рӯзе шоҳ Ҳушанг бо ҷамъе аз ёрон аз миёни кӯҳи бузурге боло мерафтанд, ки ногаҳон мори сиёҳи баланде дар рӯбарӯяшон пайдо шуд. Чашмони мор монанди ду гулулаи оташ медурахшиданд ва аз даҳонаш дуди сиёҳе хориҷ мешуд, ки гирду атрофро тираву тор месохт. Ҳушанг санге бардошт ва бо неруи бузурги худ сӯйи мор андохт. Мор худро ба канор кашид ва санг бошиддат ба тахтасанге бархӯрд. Аз ин бархурд, шарора пайдо гардида, оташ аланга зад. Хору хошоки атроф шуълавар шуда, оташ густариш ёфт. Мор гурехт, аммо оташи рӯшноиовару гармибахш дар ҷой монд. Ҳушанг аз оташ машъале сохта, онро дар миёни мардум гузошт. Ба дастури ӯ ҷойгоҳе барои оташ сохтанд, то ҳамеша фурӯзон бошад ва одамони ниёз баоташдошта аз он истифода кунанд. Одамиён, ки то он замон меваву дона мехӯрданд, омӯхтанд, ки ба ҳангоми тухм бар замин пошидан ва дарав намудани маҳсули он, нон фароҳам меояд ва ранҷи ҷустуҷӯи хӯрока камтар мешавад. Дар замони Ҳушанг одамиён аз пӯст либос омода карданро низ, омӯхтанд.
Оташи шуълавар дар оташдону танӯр, хӯшаҳои пурбори гандум ва афзори сохта шудаи гандумӣ, номи Ҳушангро ба некӣ дар фарҳанги тоҷикон ва дигар эронитаборон ҷовидон сохтааст. Бо дасти Ҳушанг  оташ кашф шуд ва мардум ӯро ба хотири ин фурӯғу нур бисёр сипосгузорӣ карданд.
Шеваи гиромидошти кашфҳои Шоҳ Ҳушанг дар замони бостон чунин будааст, ки шоми Ҷашни Сада мардум болои теппаву кӯҳҳо ва ё бомҳо баромада, аз ҳезуми хушк оташ бармеафрӯхтанд ва дар атрофи он таронаҳо хонда, рафтани сармо ва расидани гарморо орзу мекарданд. Сада, мисли дигар ҷашнҳои мардуми шаҳрнишину кӯҳнишини эронитабор, бештар ба шароити фаслисолӣ, рухдодҳои кайҳонӣ ва омодагириҳои киштварзӣ вобастагӣ дорад.
Гаҳе аз намоишҳои телевизионӣ ва ҳафтаномаҳо мешунавему мебинем, ки аз надонистани пешинаи пайдоиши ин ҷашни пурмоя маънӣ бардошта натавониста, дар нуктаҳои таърихиву тарбиявии он дармемонанд. Нахуст, пайвастагии онро ба кашфи оташ ҳеҷ дониста, аз паҳлуҳои гоҳшиносӣ (календарӣ - тақвимӣ) ва кайҳоншиносии он бехабар будани хешро нишон медиҳанд. Ҳамин аст, ки ду - се рӯз пеш сухангӯи ноогоҳ мегуфт: «Сада барои он мегӯянд, ки то Наврӯз 100 рӯзи дигар боқӣ мондааст, ки онро бо хурсандӣ ҷашн мегиранд...». Чунин гуфтаҳои бепоя бинандагону шунавандагонро ба гумроҳӣ хоҳанд бурд. Агар ба ин гӯш фаро диҳем, аз рӯзи 30 январ 100 рӯз бишморем, пас Садаро дар рӯзҳои 10 - уми май бояд ҷашн гирифт. Бояд донист, ки донишманди бузурги мо Абурайҳони Берунӣ дар «Осор – ул – боқия» навиштааст: «Сада» гӯянд, яъне 100 ва он ёдгори Ардашери Бобакон аст ва дар иллату сабаби ин Ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳову шабҳоро ҷудогона бишуморанд, миёни он ва охири сол адади 100 ба даст меояд ва бархе гӯянд иллат ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс – падари нахустин, дуруст 100 тан шуданд ва яке аз онҳо худро (Ҳушанг) бар ҳама подшоҳ гардонид». 
Пиндоре низ наздик ба яқин аст, ки пешиниёни мо чилрӯзагии Хуршедро дар рӯзи даҳуми баҳман (аввали феврал), чун Сада ҷашн мегирифтанд ва ин ном ба шумори 100 бад – он хотир пайваста аст, ки то фарорасии Наврӯз 50 шабу 50 рӯз мебояд  посдорӣ кард ва пас аз 50 рӯз, яъне  замони ба балоғат расиданаш Хуршедро, рӯзи фархундаи фарвардин, аввали моҳи фарвардин - 21 март ба таври густурда ҷашн мегиранд, ки он рӯз Наврӯз аст. 
Дар миёни пажӯҳандагон чунин бинише вуҷуд дорад, ки он пайваста ба бовариҳои меҳрпарастӣ (хуршедпарастӣ, митроизм) ва гоҳшиносии онҳо мебошад. Назар ба тақвими бостонӣ (меҳрпарастӣ) сол аз 150 рӯзи зимистон ва 210 рӯзи тобистон иборат будааст. Яъне, аз оғози зимистон то даҳуми Баҳман 100 рӯз ва аз Сада то Наврӯз 50 рӯзи дигар ҳисоб мекардаанд. Дар оини зӯрвонӣ бар он бовар будаанд, ки тайи моҳҳои Дай ва Баҳман Аҳриман ниҳоят пурзӯр мешавад ва одамон барои ба поён расидани ин ду моҳ ва коста гаштани неруи Аҳриман дуоҳои хос мехондаанд.
Чуноне болотар ёд шуд, дар бостон чун ниёкони дурамон оини меҳрпарастӣ (хуршедпарастӣ) ихтиёр доштанд, андешаҳои фарҳангиву фалсафиашон ғолибан пайваста ба Хуршед (Офтоб) буд. Бар он ишора доштем, ки шаби Ялдоро ҳамчун шаби таваллуди Хуршед ҷашн мегирифтанд ва маросимҳое иҷро мекарданд, то ба Хуршеди дубора зодашуда чашми бад нарасад ва бо Аҳриман муборизаро давом диҳад. Хуршеди 40-рӯза неруманд мешавад ва он 40-рӯзагии Хуршедро «Чиллаи бузург (калон)» ном ниҳодаанд ва рӯзи нахустини Ҷашни Садаро, «Чиллаи хурд (ак)» номидаанд. «Чиллаи хурд»-ро 20 рӯз ва 20 шаб ҳисоб мекунанд, ки дар маҷмуъ шумораи 40 мешавад. Дар миёни тоҷикон, бавижа мардуми кӯҳнишин то ҳанӯз тақвими мардумӣ ривоҷ дорад, ки назар ба он зимистонро ба «Чиллаи калон» ва «Чиллаи хурдак» фасл мекунанд. Мардуми ин сарзамин пештар дар рӯзи Ҷашни Сада оташ афрӯхта аз болои он меҷаҳиданд, хушнудӣ мекарданд. Тавре бармеояд, нисбат додани маросимҳои диниву миллиамон ба адади 40, реша дар оинҳои бостон дорад; 40 рӯзагии тифл, 40 рӯзагии зоямон, 40 рӯзагии вафот ва ғ.
Беморон (бавижа занони бемори «зача»), дар замини аз чашми дигарон дуртар се оташи хурд равшан карда, аз болои он се бор ҷаста, ин суханонро ба забон меоварданд: «Зардии ман аз ту, сурхии ту аз ман». Сипас, ба пушти сар нигоҳ накарда, мерафтанд. Бачаҳоро бузургсолон (моро низ дар рӯзгори хурдсолиамон) таъкид мекарданд, ки агар хокистарҳои дар се ҷой пайи ҳам қарордоштаро бубинанд, аз болояшон қадам нагузоранд, зеро бемории шахси «аловпарак» - ро анҷом дода, ба ҷисми дигаре мегузарад. Ҳамчунон, аз хотир дур намеравад, ки хокистари оташи шаби Ҷашни Садаафрӯхтаро ба замини кишт мепошиданд, ки он фоли босамарии заминро дорад. Мардуми Бадахшон, ки беш аз дигарон суннатҳои миллии тоҷиконро нигаҳбониву нигаҳдорӣ кардаанд, то ҳанӯз вижагиҳои ин ҷашнро гум накарда, онро бо унвони «Хирпачор» гиромӣ медоранд. Оини ба замини кишт пошидани хокистари Ҷашни Сада, ҳанӯз ҳам дар миёни рустонишинони Кирмони Эрон ба таври густурда ривоҷ дорад.
Бад-ин сон пайдоиши оташ ва муносибати инсонҳоро ба он,  ҳар  қавму  тоифае  ба  гунаи  худ  бозтоб  кардааст,  аммо  тавсифи  Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» - и ҷовидон аз ҳама беҳтар ва заминиву воқеъгароёна мебошад. (Чуноне ки гуфта шуд, румиҳову аврупоиҳо онро ба Прометей, ки дар осмонҳо оташро дуздидааст, нисбат медиҳанд.) Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ (дуруд ба равони покаш!) дар Номаи Бостон, ки, бешак, таърихномаву шиносномаи эронитаборон аст, кашфи оташро ба гузаштагони дурамон нисбат додааст. Ин ҳама гувоҳӣ медиҳанд, ки тоҷикони мо ба сони дигар тоҷиктаборон нахустин кашфкунандагони оташ буда, барои тасдиқи ин дарёфтҳои инсонҳо дар замони фаротаърихӣ мо ҳуҷҷатҳои бебаргашт дорем, ба монанди «Авасто», «Шоҳнома», «Осор-ул-боқия», «Наврӯзнома» ва чанде дигар.
Мебояд донист, ки Садаро ориёитаборони дигар низ,  ба таври густурда ҷашн мегиранд, зеро дар замонаҳои фаротаърихӣ русҳо низ, ҳамчун соири ҳиндуаврупоиён бо забони ориёӣ гап зада, гоҳшумориашон бар кишоварзӣ ва гардиши Офтоб пайваста аст. Русҳо дар миёнаи моҳи феврал ҷашне доранд ҳамсони Сада, ки ҷавонон аз болои оташ парида, хушнудӣ мекунанд ва дар зимн, дуо мехонанд, то гуноҳҳояшон дар рӯи оташ бисӯзад. Ин ҷашнро русҳо «Масленница» унвон кардаанд ва пухтану хӯрдану зиёфат оростан аз чалпак (блины) ва чойҷӯшонӣ аз самовар (чойҷӯши калон) ва пиёлаи наълбакӣ (чашка) расми вижаашон мебошад.
Бояд ёдовар шуд, ки кишварҳои ба истилоҳ ҳавзаи Наврӯз ҷашнҳои миллии Наврӯз, Сада ва Меҳргону Тиргонро ба сони Тоҷикистон дар сатҳи баланди давлатӣ бо шукӯҳи хосса, зери сарпарастии роҳбари давлаташон таҷлил намекунанд. Сарвари Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои калони ҷумҳуриявӣ бахшида ба ин оини ниёкон шахсан иштирок менамоянд ва мардуми кишварро водор месозанд, то аз бузурдошти ин ҷашнҳо бардоштҳои зиндагисоз дошта бошанд. Дар истиқболи ин оинҳои миллӣ дар баробари худнигарӣ ба гузаштаҳои дури фарҳангии ниёкони худ, корҳои зиёди ободонӣ ва созандагӣ ба роҳ андохта мешаванд.
Бад-ин тартиб дар бунёди давлати миллӣ, баҳри тарбияи мардум ва пайдо намудани тасаввуроти шоиста  оид ба ҳадафҳои умумӣ ва ҳаракат ба сӯйи пешравиҳои минбаъда, яке аз ҷойҳои марказӣ ба хотираи таърихӣ вогузошта мешавад. Ва хотираи таърихӣ ин шинохти хештани хеш - фарҳанги гузаштагон, барои ҳосил намудани пиндошти асосӣ, бар он ки ниёкон ба хазинаи фарҳангии ҷаҳон чи арзишҳоеро ворид намудаанд, дарки муборизаҳои чандҳазорсолаи халқи худ, барои нигаҳдошти ҳувият, забон, мамлакати худ ва ҷойгоҳи он дар ҷаҳон мебошад.

Зафар МИРЗОЁН, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Санаи нашр: 02.05.2023 №: 91
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив