ШОҲНОМА
Ба муносибати оғози ба ҳар хонадон ҳадия гардидани китоби безаволи “Шоҳнома”-и
ҳаким Фирдавсӣ аз номи Сарвари давлат
“Шоҳнома” рафт бар ҳар хонадон чун Пешвонома,
Ҳамватан, ин сон муқаддасномаро дар тоқи дил бигзор!
Бо китобаш медарояд аз дари ҳар хона Фирдавсӣ,
Гарди ҳарфашро, ки аз зар, бо зиёи мижжагон бардор!
Бо китоб орад ба даргоҳи ҳама тоҷик фарри шоҳ,
Дар кушояд бар дилу ақли ҷавонӣ Ҳодии огоҳ!
Зинда дорад то ҳазорон соли дигар миллати худро,
Ҳар касе, ки шеваи ҳар байтро бишнохт чун мифтоҳ.
Пешвои миллат аслан дар шукӯҳи “Шоҳнома” бин!
Дурри мазмуни суханҳои бузургии варо барчин!
Эй ватандори ҷавон, дар ҳар саҳифа рози фардо ёб,
Рӯбарӯи асли давлатдории армоният биншин!
Ин китоб ояд ба пои Пешво бар хонаат, медон!
То ки фарзандат намонад бесаводи даври худ ҳайрон!
Он на зеби хонадон, бояд шавад ганҷинаи афкор,
Эй падар, эй модар, ин амр аст, амри ҳастии виҷдон!
Зарварақ шуд саҳфаҳояш чун фурӯғи Пешвонома,
Худшиносиро бувад бар насли фардо раҳнамонома.
То ба банди ғайр н-афтӣ, он бувад сарҳадкушонома,
Мисли Роғуни дилу афкори миллат он зиёнома.
Ин китоб аз шоҳ Ҷамшед аст тақдими ҳаёти ту,
Ин сипар аз Рустами дастон бувад зидди мамоти ту!
Ҳамватан, бар остони хонаи худ бӯса зан бо меҳр,
Чунки нақши пои шоҳи давлати мо дар наҷоти ту!
Офарин гуфтан кам аст, эй миллати фардофурӯзонгар!
Тоҷикистонро, ки армонат бувад, бо ҷони худ парвар!
“Шоҳнома” боз сад асри дигар бо номи Фирдавсӣ
Бо ту монад, эй бузургармони миллат, чун Ватанофар!
Аҳмадҷони РАҲМАТЗОД,
Шоири халқии Тоҷикистон
Санаи нашр: 26.08.2025 №: 164
