БОЗДИДИ САРВАРИ ДАВЛАТ АЗ ПАРАДИ НИЗОМӢ БАХШИДА БА 78-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВА
9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба Ҷашни 78-солагии Ғалаба боздид намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Қасри Кремл Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин истиқбол гирифтанд.
Дар маркази асосии баргузории чорабиниҳои тантанавӣ – Майдони сурх паради низомӣ баргузор гардид, ки дар он теъдоди зиёди низомиён ва техникаи низомӣ иштирок карданд.
Баъди анҷоми расми паради низомӣ дар Майдони сурх Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарварони давлатҳои дигар кишварҳои иштирокчии чорабиниҳои тантанавӣ дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузошта, хотираи қурбониёни ҷанги харобиовари солҳои 1941–1945-ро гиромӣ доштанд.