ПУШИНГ
Замони кӯдакиам бекарон будӣ,
Ҷаҳон будӣ
Ва аз он ҳам калон будӣ.
Ҳамеша бо баландии лаби бомат
Маро болотар аз Боми Ҷаҳон будӣ.
Дилам аз шавқи бозӣ буд моломол,
Зи хокат шаҳрҳо бунёд мекардам.
Ба хоки кӯчаи хокии ту бо чӯб
Чу наққоше асар эҷод мекардам.
Сару рӯи маро саргармии бозӣ
Ба хоки кӯчаву кӯи ту меолуд,
Чу ман ҳар гирдбод аз оғуши хокат
Ба худ болида сар бар осмон месуд.
Ба чашмам гард меафтид ҳар боре,
Пуфи модар давои дидагонам буд.
Маро бар хокбозӣ раҳ надоданҳо
Даруни сина меҳри хоки ту афзуд.
Замони кӯдакиам бекарон будӣ,
Ҷаҳон будӣ
Ва аз он ҳам калон будӣ.
Ҳамеша бо баландии лаби бомат
Маро болотар аз Боми Ҷаҳон будӣ.
Тӯлқин ХОҶА
Санаи нашр: 25.10.2025 №: 208