ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

10 май 2023, Чоршанбе
6
0


5 май суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин баргузор шуд.

Сарварони ду кишвар ба муносибати 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ҳамдигарро табрик гуфтанд.
Зимни суҳбат президентҳо тамоюли мусбати рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Россияро дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ таъкид намуданд.
Омодагии ҷонибҳо барои рушди босуръати робитаҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ изҳор карда шуд.
Роҳбарони ду  давлат, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, табодули афкор анҷом дода, ҷадвали чорабиниҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро дар соли ҷорӣ муҳокима карданд.
Муҳтарам Владимир Путин аз Пешвои миллат ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба ҷашни Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Москва даъват ба амал овард.

5 май суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.

Зимни суҳбат сарварони ду давлат масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматиро дар ояндаи наздик, баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, оид ба масъалаҳои алоҳидаи дорои хусусияти байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом дода шуд.

Санаи нашр: 06.05.2023 №: 95 - 96
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив