ИФТИХОРИ МИЛЛАТ
Дар ҳошияи тақдими мукофоти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон – ордени «Алтин Қирон» ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Дар низоми сиёсатҳои ҷаҳони мутамаддин таъсири пешвоёну нухбагони барҷастаи сиёсӣ дар таҳаввулоту дигаргуниҳои ҳаёти қавму миллатҳо ва аҳли башар ҳамеша мондагор хоҳад буд. Сифатҳои фавқулодаи шахсиву роҳбарӣ, пайгирии мунтазами арзишҳои башардӯстӣ, донишу таҷрибаи давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси он гардидааст, ки Сарвари давлати тоҷикон дар миёни элитаҳои сиёсии замони муосир чунин ҷойгоҳи ифтихорӣ ва мақоми баландро сазовор гарданд.
Дар таҷрибаи давлатдории навини мо ҳар сафари хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муносибат бо ҷаҳони берун самту уфуқҳои нави ҳамкориро оғоз мебахшад. Чунин як сафари пурмаҳсулу бобарори давлатӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон, ки 3-4 май сурат гирифт, тавофуқоти тозаеро миёни ду кишвари ба ҳам дӯст асос гузошт, ки ҳосили он, имзои Эъломия дар бораи ҳамкории ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ва беш аз 60 санади нави ҳамкорӣ мебошад.
Ин дар ҳолест, ки аз оғози муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Қазоқистон (7 январи соли 1993) сӣ сол сипарӣ гардида, феълан муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва ғайра сатҳу сифати нав касб менамоянд. Ҳоло бо шумули санадҳои нави ҳамкорие, ки дар ҷараёни сафари давлатии Пешвои миллат ба Қазоқистон тасвиб шуданд, пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои ду мамлакат хеле қавӣ гашта, заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон ба беш аз 100 санади ҳамкорӣ расид.
Пазироӣ дар сатҳи олӣ ва сарфароз гардондани Пешвои муаззами миллат бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон – ордени «Алтин Қирон» дар доираи сафари давлатӣ аз ҷумлаи иқдомоте буд, ки нишони эҳтиром ба нақши Сарвари давлати мо дар рушди муносибатҳои байнидавлатӣ, тақвияти ҳамгироӣ ва ҳамсоядории нек аст. Дар маросими тақдими ин нишони олӣ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо ишораи возеҳ ба ин нукта хизматҳои шоёни Пешвои миллати моро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Қазоқистон, ки пайваста рушд доранд, таъкид кард: «Мо муколамаи наздик ва эътимодбахши сиёсиро дар ҳамаи сатҳу доираҳо тақвият мебахшем. Ҳамкориҳои муштаракро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва ҳавзаи Осиёи Марказӣ пайваста густариш медиҳем. Боиси хушнудист, ки ҳоло робитаҳои байнидавлатии мо ба сатҳи иттифоқӣ расидаанд, ки Шумо дар бунёди чунин муносиботи намунавӣ миёни ду кишвар нақши арзанда доред».
Ин ҳарфҳои роҳбари давлате, ки дар минтақа бо зарфиятҳои хоси худ шинохта шудааст, ифтихори моро меафзояд. Зеро, ҳар дастоварди сиёсӣ, эътибори шахсии Президенти маҳбуби кишвар дар сиёсати минтақавию ҷаҳонӣ дастоварди миллат ва ҳар нафари мо хоҳад буд. Чунонки худи Пешвои муаззами миллат маҷмуи хизматҳои мондагору таърихиашон дар эъмори давлати навини тоҷикон, муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ақсои оламро ба номи халқ рақам мезананд ва нишону мукофотҳои олии худро ҷоизаи мардум мешиносанд.
Чунин фазилат ва оини мардумӣ, ки дар вуҷуди Сарвари хирадсолори давлат хосияти азалӣ дорад, дар маросими тақдими мукофоти олӣ дар «Акорда» – қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Остона бори дигар аён гардид. Сарвари давлат ҳангоми суханронӣ дар ин маросим бо сипос аз иқдоми олии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон мукофотро ба тамоми мардуми Тоҷикистон мансуб донистанд. Тавре сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон аз нутқи Сарвари давлати мо иқтибос меорад: «Ман ин мукофотро ҳамчун баҳои баланд ба саҳми тамоми мардуми Тоҷикистон дар рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон медонам. Итминон дорам, ки мо минбаъд низ, дар заминаи манфиатҳои ду ҷониб барои тавсеаи шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон талошу иқдомотеро амалӣ хоҳем кард, ки ба нафъи ду халқи бародар хизмат расонанд».
Албатта, ин нахустин мукофоти олӣ ё ҷоизае нест, ки Президенти маҳбуби Тоҷикистон ба он сазовор мешаванд, балки идомаи мантиқии эътироф ва нақши як роҳбари сиёсиест, ки дар доираи манофеи миллии хеш маҳдуд набуда, манфиатҳои тамоми минтақа ва ҷомеаи башариро дар меҳвари сиёсати худ қарор медиҳанд. Чунин гуманизм аст, ки имрӯз дар Осиё ва дигар соири кишварҳои олам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори тавонову ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ мешиносанд. Пуштибонӣ ва истиқболи гарми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз 5 ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, мавқеъгирии пазируфташудаи дар баробари таҳдиду хатарҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ ҳақиқати ин амрро собит намуда, баёнгари таҷрибаи бойи сиёсӣ ва қудрати шинохти масоили глобалӣ аз ҷониби Сарвари давлати мо мебошад.
Ҳадаф аз иқдомоти сатҳи минтақавию ҷаҳонии Пешвои миллати тоҷикон ҳаллу фасли мушкилоту муаммоҳоест, ки метавонанд ба рӯзгори мардумони минтақа ва тамоми сокинони сайёра пайомадҳои вазнину фоҷиабор дошта бошанд. Албатта, моҳияти чунин сиёсати дурбинонаву башардӯстона барои кишварҳои ҳамсоя низ, аён аст, ки дар муносибат ва тасмимгириҳои фаромиллӣ ба он афзалият дода мешавад. Ду сол қабл, 6 августи соли 2021 дар Туркманистон бо қарори муштараки сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ тақдим гардидани нахустин мукофоти олӣ – Нишони фахрии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқи ин гуфтаҳост.
Агар танҳо натиҷаҳои сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва раванди муносибат бо дигар кишварҳои минтақаву ҳамсояро маърифат кунем, дар он татбиқи босамари Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хоҳем дид, ки чунин муқаррар намудааст: “Дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои ҳамсоя ва минтақа мақоми авлавиятнокро ишғол менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ ва ҳамгироии густардаи минтақавиро василаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ медонад».
Воқеан, агар масири ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсояро мурур кунем, Роҳбари давлати мо аз соли 1993 ба ин сӯ ҳамкории дӯстона бо давлатҳои ҳамсояро дар авлавияти сиёсати хориҷӣ қарор доданд. Дар ин давра мавқеи таҳаммулпазирӣ ва нигоҳ доштани принсипи муносибати дӯстона бо давлатҳои ҳамсоя дар ҳама гуна маврид ба манфиати умум хизмат намуд, ки ҳоло чунин дурандешии сиёсӣ қобили дарки дурус-ту эҳтиром аст.
Фирӯз РАҲМОНИЁН,
“Ҷумҳурият”