ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МОДАРКАЛОНАМ МЕГУФТАНД: «БАРОИ ҒАЛАБА ҲАМЕША ДАСТ БА ДУО БУДАМ»

МОДАРКАЛОНАМ МЕГУФТАНД: «БАРОИ ҒАЛАБА ҲАМЕША ДАСТ БА ДУО БУДАМ»

10 май 2023, Чоршанбе
24
0

 
– Барои чӣ Шумо бо алифбои немисӣ менависед? – мепурсам аз модаркалонам. Ӯ ба ман бодиққат менигарад ва мегӯяд: – Инҳо ҳарфҳои немисӣ не, лотинӣ. Ба мо дар мактабҳои маҳви бесаводӣ ҳамин хел мегуфтанд: лотинӣ. Дар кати зери айвон, ки рӯ ба рӯву болояшро хавозаҳои ток пахш намуда, бо сояи ғафсаш ба тани шахс дар ҳавои тафсону дамгири водии Вахш ҳаловат мебахшид, модаркалонам рӯзҳои дарози тобистонро кӯтоҳ мекарданд. Ҳама аз пайи кор буду касе парвои бибӣ надошт, эҳтимол ба назари ман чунин менамуд, зеро, вақте ки ба аёдаташон меомадам, бисёр хурсанд мешуданд, маро ба гап мегирифтанд, аз хонданам мепурсиданд. Лекин, магар бача бо беғамии синнусолиаш метавонист, ки ҳатто соате назди бибиаш бишинаду нақли ӯро бишнавад, аз ҳикоятҳои пандомезаш баҳра бардорад. Не. Бо баҳонае, албатта, зуд аз канори бибӣ раҳо мешуду бо дигар ҳамсолон аз пайи даводавӣ ё оббозӣ, ки шуғли дӯстдоштаи бачаҳои деҳот дар гармои тамуз буд, мешуд. Аммо дар фасли зимистон бештари вақти холиро бо модаркалон дар кунҷи сандалӣ рӯ ба рӯ истода ба сар мебурдам. Сандалии бибиам нисбат ба сандалии мо хурдтар, вале гармтар буд. Набераҳои писариашон дар хонаи бухоридор мезистанд, бинобар он, ман, ки омадам, зуд мепурсиданд:
– Дар мактаб чӣ навигарӣ?
Мегуфтам, ба Соли нав омодагӣ мегирем. 
Чунин суҳбатҳои мо, бибиву набера, то ба шаҳр рафтани ман, яъне то донишҷӯ шуданам, ҳар рӯз идома меёфт. Баъд дар ду ва ҳатто се ҳафта баргузор мегашт. Ҳамин гуна вохӯрии мо дар яке аз моҳҳои тобистон, ба вақти таътили тобистона бавуқуъ пайваст. Саргарми суҳбат будем, ки очаи Турсунбӣ омад. Ин кампирро, ки се хона болотар мезист,  модаркалонам хуш қабул намекарданд, илоҷаш бошад ба саломаш алек ҳам намегирифтанд. Агар ба истиқболаш касе набарояд, ноилоҷ «биё» мегуфтанду халос. Ин бор низ, чунин шуд. Ҳамдеҳа истод – истоду баъд «хайр» гӯён рафт. 
– Чаро ба ин ҳамсояатон рӯи хуш намедиҳед, вай шуморо Каттабибӣ дугонаи қаринам гуфта мегардад, ҳар ҳафта бо баҳонаи помидор, бодиринг ё чизи дигаре меомадааст.
– Рӯяш сиёҳ, худашро ба ман нағз карда нишон доданӣ, дар вақташ зани раис буду фукаш дар осмон. Соли 1941, вақте ки гирмон ба мамлакати мо ҳуҷум кард, тағои 16-солаатро шавҳари ҳамин Турсунчӯлоқ 20-сола нависонда ба ҷанг фиристод. Очаат 14-сола, холаат 10-сола, аз дасташон кори дурусте намеомад. Чи азобҳое накашидем. Дар колхоз «норма»-ро иҷро накунем, гандум намедоданд. Модарат 9 шутурро паси ҳам баста дар каҷоваҳояш ба «пункут» (пункти қабул) пахта мекашонд. Соли аввал аз тағоят мактуб меомад, баъд намеомадагӣ шуд. Хати сиёҳ бисёр мерасид, фиғони чолу кампирҳо, беваю сағираҳо дар фалак мепечид. Ман ҷойи шишт намеёфтам, шабҳо хобҳои ҳавлнок медидам, гоҳ худро дар дараҳои сипсиёҳи даҳшатбор медидаму гоҳе дар байни оташ. Шабе хоб дидам, ки тағоят аз байни гандумзори оташгирифта афтону хезон баромад. Рӯяш суп-сурх буд. Бедор шудам, то дамидани субҳ дуояш кардам, ки зинда баргардад. Он замон модарон аз Парвардигор танҳо як талаб доштанд: фарзандонашонро аз ҷанг зинда баргардонад, ҳатто мегуфтанд, ки бедасту пой бошад ҳам, зинда бошад. Орзую омоли модар боз як бор дидани дидори фарзанд буд. 
– Ба ҷанг раис не, комиссариати ҳарбӣ даъватнома медод, Турсунбихола ин ҷо даст надорад, – тарафи ҳамсояро мегирифтам. 
– Э, ту аз куҷо донӣ, дар соли 1938 бобоятро ҳам ҳаминҳо «душмани халқ» гуфта Сибир карданд. Ягона шахси китобдору китобхон буданд, ҷаҳондида ҳам. Соли 1900 дар ҳаждаҳсолагиашон ба Макка рафта, падарашон, бобокалонат Аскархонҳоҷиро ба Ватан баргардонда буданд. Баъди ҷанг як ҳамдеҳаамон Зиёваддин, ки 10 сол дар бадарға буд, хабар овард, ки бобоят дар роҳи Хабаровск, дар вагони бедару тирезаи қатораи боркаш аз нарасидани ҳаво дамгир шуда ҷон ба ҷонофарин супурдаанд. Ҳеҷ кас ба мо рӯи хуш намедод, «душмани халқ» гуфта, дӯғу даранг ҳам мекарданд. Худо худаш моро нигаҳ дошт, тағоят аз оташи ҷанг сиҳат-саломат соли 1946 баргашт, баданаш пури захм буд, хушбахтона, ҷисмаш солим буду зуд дар ҳавои Ватан, дар гармои Вахш ба худ омад. Ҳамеша дуои ҷонаш мекардам, ки зинда ояду боре бубинамаш. Охир дар ин дунё ба ғайр аз вай такягоҳе надоштам.
– Духтарон чӣ, – мепурсам.
– Ба будашон шукр, аммо писар дар солҳои вазнин ҷойи худро дорад. 
Ба фикр меравам, воқеан ба модаркалонам солҳои ҷанг, ки бо ду духтарча танҳо монда буд, сангин будаанд, мегуфтанд, ки як курта доштам, шаб онро шуста, рӯз мепӯшидам. Хайрият Рӯзи Ғалаба расид, мардум ба ҳаёти осоишта баргашт. Фаровонӣ шуд. Модаркалонам соҳиби 17 набера ва абераҳои зиёде гаштанд. Вақте ки озими шаҳри Душанбе барои идомаи таҳсил дар донишгоҳ мешудам, ҳатман барои дуо гирифтан наздашон меомадам. «Ҳа, таътил тамом шуд, шаҳр меравӣ». Мегуфтам: «Бале, зиёдаш рафту камаш монд, як дуо диҳед, ки боқиашро ба саломат бо баҳои аъло ҷамъбаст созам». Вақти дуо симояшон ҷиддӣ мешуд, аз Парвардигор тамоми хушиҳо ва комёбиҳоро бароям мехостанд, дуо мекарданд, ки Худо аз ҳамаи офату балоҳо маро ва бародару ҳамкурсонамро нигаҳ дорад. Сипас, аз зери болин рӯймолчаеро бароварда аз қабати пулҳои нафақаашон, ки моҳе 6 сӯм буд, як сесӯмаро бароварда ба дастам медоданду мегуфтанд:
– Дар бозори Шоҳмансур дукони ҳалвопазӣ ҳаст, аз он ҷо ҳалвои кунҷит ё мӯйякҳалво харида хӯр. 
Бо пули табаррукӣ ва дуои модаркалон ба роҳ мебароям. 

Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 06.05.2023 №: 95 - 96
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив