ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАРОСИМИ ИМЗОИ САНАДҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ БО ИШТИРОКИ САРВАРОНИ ДАВЛАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ТУРКМАНИСТОН,  ШАҲРИ ДУШАНБЕ, 10 МАЙИ СОЛИ 2023

МАРОСИМИ ИМЗОИ САНАДҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ БО ИШТИРОКИ САРВАРОНИ ДАВЛАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ТУРКМАНИСТОН,  ШАҲРИ ДУШАНБЕ, 10 МАЙИ СОЛИ 2023

11 май 2023, Панҷшанбе
21
0


Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон дар ҳузур ва бо иштироки сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сердар Бердимуҳаммедов маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳаммедов ба Эъломия оид ба таъмиқи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон имзо гузоштанд.
Сипас, дар назди сарварони давлатҳо 23 санади дигар ба тасвиб расид:
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти киберии байналмилалӣ;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи техникии иттилоот;
- Протокол байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон оид ба ҳамкории мутақобила дар доираи созмонҳои байналмилалӣ;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантини растаниҳо;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ;
- “Харитаи роҳ” барои вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Туркманистон барои солҳои 2023-2025;
- Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Хадамоти мониторинги молиявии назди Вазорати молия ва иқтисоди Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;
- Ёддошти тафоҳум байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Туркманистон;
- Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки Туркманистон оид ба ташкили мубодилаи иттилооти пешакӣ дар бораи мол ва воситаҳои нақлиётӣ тавассути сарҳади гумрукӣ интиқолшаванда;
- Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳокимияти вилояти Марии Туркманистон;
- Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳокимияти вилояти Балкани Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ;
- Барномаи чорабиниҳои якҷоя (“Харитаи роҳ”) дар бораи густариши ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи зиёд кардани ҷараёни бор ва фаъолгардонии боркашонии мултимодалӣ байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди Девони Вазирони Туркманистон барои солҳои 2023-2025;
- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва истеҳсолоти сохтмонии Туркманистон;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории тиҷоратӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркманистон;
- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ;
- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии “Туркменавтоулаглари”-и Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди Девони Вазирони Туркманистон оид ба рушди ҳамлу нақли байналмилалии нақлиётӣ;
- Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ байни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Туркманистон оид ба омор;
- Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии асосии “Туркменстандартлари”;
- Ёддошти тафоҳум байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази илмии тадқиқоти стратегии Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон;
- Ёддошт оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи саноатчиён ва соҳибкорони Туркманистон;
- Ёддошти тафоҳум байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии давлатии иттилоотии Туркманистон “TDH”;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои мутақобила байни Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии иттифоқҳои касабаи Туркманистон.
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳо сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сердар Бердимуҳаммедов оид ба мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, зимни изҳороти хеш натиҷаҳои онро барои таъмиқи ҳамкориҳои минбаъда неку назаррас арзёбӣ карданд.

Санаи нашр: 11.05.2023 №: 98
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив