ПЕШВОИ МИЛЛАТ. САҲМИ РОҲБАР ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ ИННОВАТСИОНӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ РАҚАМӢ
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки инсоният ба марҳалаи нави инқилоби илмиву технологӣ ворид мешавад, рушди устувори иқтисод ба таври мустақим ба технология, инноватсия ва рақамикунонӣ вобаста мегардад. Дар ҳамин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди иқтисоди инноватсионӣ ва технологияи рақамӣ қадамҳои устувор гузошта, ин равандро ба яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ табдил додааст.
Бахусус, қабул ва татбиқи санадҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025, заминаи боэътимоди илмӣ ва техникӣ барои рушди иқтисоди рақамиро фароҳам овард. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки рушди илму техника ва истифодаи васеи технологияҳои муосир кафолати пешрафти устувори иқтисод ва пояи тавоноии давлат аст. Ин андешаи дурбинона имрӯз ба сиёсат ва амалияи давлатдорӣ табдил ёфта, натиҷаи он дар пешрафти ҳамаи соҳаҳо эҳсос мегардад.
Солҳои охир Тоҷикистон дар татбиқи барномаҳои рақамикунонӣ пешравиҳои назаррас ба даст овардааст. Бо дастгирии Пешвои миллат инфрасохтори рақамӣ дар ҳамаи соҳаҳо рушд ёфта, низоми «Ҳукумати электронӣ» шаффофият, самаранокӣ ва дастрасии хизматрасониҳои ҷамъиятиро ба таври қобили таваҷҷуҳ афзудааст.
Илова бар ин бо дастури Сарвари давлат солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардид, ки ҳадафи он ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ва таҳкими пояҳои иқтисоди инноватсионӣ мебошад.
Дар ҳамин радиф бо ибтикори Пешвои миллат дар солҳои охир як қатор сохторҳои муҳими илмӣ ва истеҳсолӣ таъсис ёфтанд, аз ҷумла IT Park Dushanbe барои дастгирии стартапҳо ва рушди технологияҳои рақамӣ, Area AI – технопарки миллӣ барои рушди зеҳни сунъӣ ва таҳқиқоти инноватсионӣ, Darya AI – маркази пешрафтаи ҳисоббарории зеҳни сунъӣ дар ноҳияи Дарвоз, ки барои татбиқи технологияҳои рақамӣ ва таҳқиқоти илмӣ хизмат мерасонад. Ҳамаи ин нишондиҳандаҳо далели равшани таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат ба ҷавонон ҳамчун қувваи созанда ва неруи пешбарандаи иқтисоди рақамии миллӣ мебошад.
Қадами дигари таърихии Пешвои миллат дар сатҳи байналмилалӣ пешниҳод намудани қатънома таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» мебошад, ки барои баррасӣ ба Созмони Милали Муттаҳид манзур гардид. Ин ташаббус бозгӯйи сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат дар самти истифодаи оқилонаи зеҳни сунъӣ барои рушди устувори иқтисод ва технологияи рақамӣ мебошад.
Ҳамаи ин дастовардҳо самараи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат мебошанд, ки рушди илму техника ва технологияи муосирро пояи тавоноии давлат ва шарти асосии пешрафти иҷтимоиву иқтисодӣ медонанд. Бо раҳнамоии оқилонаи Сарвари давлат, Тоҷикистон имрӯз роҳи устувори иқтисоди инноватсионӣ ва технологияи рақамиро пайгирона идома дода, бо итминон ба сӯйи фардои дурахшон қадам мегузорад.
Руҳафзо МУРОДОВА,
«Ҷумҳурият»
