ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. ВАЗЪИЯТ, САБАБҲО ВА ПАЁМАДҲОИ ОН

02 декабр 2025, Сешанбе
9


Кам шудани боришот тирамоҳи имсол яке аз нишонаҳои равшани раванди тағйирёбии иқлим ва хушксолиест, ки солҳои охир дар аксар мамлакатҳои дунё мушоҳида мешавад. Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, таҳлили 11 соли охир (2014–2025) нишон медиҳад, ки сатҳи боришоти солона дар солҳои 2016 ва 2017 ҳамагӣ 50-62 фоизи меъёри миёнаи иқлимиро ташкил додааст. Ҳарчанд дар соли 2022 тамоюли афзоиши кӯтоҳмуддати боришот мушоҳида шуд, он низ ба ҳисоби миёна ба 30 фоизи меъёри дарозмуддат баробар буд.
Коҳиши боришоти барф, ки манбаи асосии пиряхҳо, ҷӯйборҳо ва дарёҳо ба шумор меравад, ба низоми гидрологии кишвар таъсири ҷиддӣ расонда, ҷараёни табиии пуршавии онҳо коҳиш ёфт. Ба ҳисоби умумӣ, миқдори миёнаи боришоти дарозмуддат дар ҷумҳурӣ 85 фоизро ташкил дода, нисбат ба меъёр 15 фоиз камтар мебошад.


ТАҚСИМОТИ ФАЗОӢ ВА МАВСИМИИ БОРИШОТ
Маълумоти обуҳавошиносӣ бар асоси додаҳои 48 истгоҳи метеорологии кишвар, ҳаҷми боришот аз хусусиятҳои гардиши ҷаҳонии атмосфера ва орографияи мураккаби Тоҷикистон таъсири мустақим мегирад. Барои мисол, дар ноҳияҳои кӯҳистонӣ ва водиҳои тобеи ҷумҳурӣ боришоти баҳорӣ ба ҳисоби миёна 100-150 мм-ро ташкил додааст, ки дар доираи меъёри мавсимӣ қарор дорад. Аммо дар зимистон ҳаҷм ба 50-90 мм поин рафта, аз меъёрҳои дарозмуддат 20-30 фоиз камтар мебошад.
Дар минтақаҳои пасткӯҳ коҳиши шумораи рӯзҳои боришоти шадид ба қайд гирифта шуда, ҳамзамон шиддат ва нобаробарии боришот афзоиш меёбад. Тибқи сенарияҳои кунунии иқлимӣ, чунин тамоюл эҳтимол дар солҳои минбаъда низ идома хоҳад кард. Манзараи ба ин монанд дар минтақаҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ мушоҳида мегардад.


ПАДИДАҲОИ ЧАНГБОД ВА ХУСУСИЯТҲОИ АТМОСФЕРӢ
Ба гуфтаи мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ, солҳои охир дар ҷумҳурӣ зиёдшавии тумани чанг ва хушкшавии ҳаво бештар ба назар мерасад. Ҷамила Байдуллоева, муовини директори Агентӣ, иброз медорад, ки 16 – уми ноябр дар шаҳри Душанбе ва шимоли вилояти Суғд тумани чанг мушоҳида шуд, ки ба интиқоли массаҳои чанг дар қабатҳои миёнаю болоии атмосфера (2–5 км) рабт дорад.
Дар вилояти Суғд зарраҳои чанг то қабатҳои поёнӣ поён рафта, манзараҳо ноаён шуданд, дар ҳоле ки дар Душанбе чанг дар баландӣ боқӣ монда, ҳавои наздизаминӣ соф буд. Манбаи асосии чанг минтақаҳои биёбонии кишварҳои ҳамсоя — Қароқум, Қизилқум ва шимолу ғарбии Афғонистон маҳсуб мешавад. Ин дафъа, тибқи маълумот, ҷараёнҳои ҳавоии шимолу ғарбӣ ва ғарбӣ чангро ба фазои Тоҷикистон интиқол доданд.


ХАТАРҲОИ ЭҲТИМОЛӢ
Падидаҳои чангбод барои фаслҳои баҳор ва тирамоҳ хос буда, дар як сол чанд бор такрор мешаванд. Мутахассисон таъкид менамоянд, ки чанг дар қабатҳои болоии атмосфера ба саломатии одамон таъсири хатарнок надорад, зеро ба сатҳи замин фуруд намеояд. Аммо таҳлили вазъи обуҳавошиносӣ ва боришоти солона нишон медиҳад, ки дар кишвар тамоюлҳои зерин равшан гардидаанд. Махсусан, коҳиш ёфтани боришот, ҳамзамон, дар баъзе минтақаҳо нобаробарию шиддат гирифтани он, афзоиши давраҳои хушксолӣ, зиёд шудани тумани чанг ва ҳавои хушк дар назар аст.
Ин равандҳо далели идома ёфтани тағйирёбии иқлим дар минтақа мебошанд. Аз ин рӯ, дар ин замина, густариши тадбирҳои илмиву амалии ҳифзи муҳити зист, такмили мониторинг ва таҳкими иқтидори муқовимат ба хушксолӣ аҳамияти бештар касб карда, аз масъулони соҳа чораандешиҳои муассиртар тақозо дорад.


Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 02.12.2025 №: 230