МАВҶУДИ МУҚАДДАС
Аз муқаддасоти олам муқаддастаринаш модар аст. Падар дар меҳр ба фарзанд ба модар баробар намешавад. Бошад одаме, ки ин ҳарфи моро инкор кунад?!
Вақте модари азизам ба ёд меояду симояш пеши назар, дилам гум мезанад, бо нафаси ҷуқур оҳи бадард мекашам.
Модарон ҳамагӣ бузурганд, фақат бо баъзе сифатҳои ботиниашон фарқ мекунанд. Ба модарон бояд ҳамеша сано хонд, онҳоро азизу муътабар донист. Аз рӯзгори 80-солаи худ мешунавам: “Ҳастанд фарзандоне, ки нисбати модар номеҳрубонӣ мекунанд, ба сӯйи ӯ бо чашми ғазабу ҷаҳл менигаранд”. Кош ин хел чашмҳо шаби тор мезаданд!
Дар бораи модари худ фикр намуда, садҳо, ҳазорон модарони тоҷикро пеши рӯ меорам.
Модарон ҷонфидои фарзандонанд, агар дар пойи фарзанд хоре халад, худро обу адо мекунанд. Нисбат ба касе, ки нуҳ моҳу нуҳ рӯз дар батни хеш парваришат менамояду ҳини зодан азоби сангин мекашад, магар бо чашми ғазаб нигоҳ кардан ё беғаму бепарво будан метавон?!
Модарон дунёи армон, марҳами ҷону шаъну шон, болу пару нури имон, хуршеди тобонанд. Бе навозиши модар зиндагӣ беранг, бетароват, бенизому бемаънист! Фақат модар рӯзгори моро рангин, тароватнок, пурнишот ва пурмаънӣ мегардонад.
Модар беҳамтост! Модар ба як дунё меарзад, балки худи ӯ дунёст. Навиштани садҳо китоб дар ҳаққи ӯ кам аст. Эраҷ Мирзои эронӣ модарро ситоиш кард, устод Мирзо Турсунзода достон офарид, Лоиқу Бозор ба ин муқаддасот саҷда карданд.
Модари бандаи камтарин басо хоксору фурӯтан буд. Мамлакат ном дошт, ки ба хироҷи мамлакат меарзид. Ӯ дар умраш Қуръонро надида буд, бо чанд сураи медонистагиаш намоз мехонд, дуояш мустаҷоб мешуд. Мулоимгуфтор буд, ҳеҷ гоҳ баланд намехандид, ҳатто дар ҳолати хушҳолӣ ҳам. Дар ҷанозаҳо доду фиғон намебардошт. Дар мотами падару модар, ягона бародар, духтари ғӯрамаргаш то оби чашм хушк шудан, дарун-дарун месӯхт. Ҳафт фарзанди таваллудкардаашро то ба воя расондану хонадор кардан боре ҳам озор надод. Садои баландашро ҳеҷ гоҳ нашунида будем. Дар оила бештар аз падар ӯ ба мо дарси тарбият медод, таъкид мекард, ки китоб хонем, дарсҳоямонро тайёр кунем, аз мактаб қафо намонем.
Модарам зани заҳматкаш буд. То солҳои ба нафақа баромадан дар фермаи деҳа говҷӯшӣ мекард. Говҷӯшӣ он солҳо осон набуд. Бист-бисту ду говро ҳар рӯз ду дафъа ҷӯшидан, ахлоти онҳоро берун баровардан, тарбедаро аз масофаи муайян кашонда, ба охурҳо рехтан ба зиммаи говҷӯш буд.
Ҳини ба донишкада рафтан (с.1963) ман донистаму модари ғамхорам. Ёд дорам, аз ҳамсояҳо, боз аз Қодири ронанда, аз Одил (Худо биомурзадашон) 5-10 сум қарз карда, ба ман дод, ки ба Душанбе равам. Мунису мададгору муттакоям модари азизам буд. Ӯ тухмҳои мурғҳояшро ҷамъ мекарду маро ба бозор мефиристод, то фурӯхта харҷи роҳу хурду хӯрок намоям. “Дур аз мо гӯшна намонӣ”, – мегуфт. Бародарону хоҳарон маро “бачаи эркаи оча” мегуфтанд.
Модари ба ҷон баробарам дар синни 86-солагӣ дида аз ҳаёти рӯшан барканд. То ин дам нури чашмонаш кам нашуд, ягон дандонаш наафтид, дар мӯйи сараш ягон сафедӣ надамид. Бе айнак дарз медӯхт, мошина мезад, то синни ҳаштодучорсолагӣ хамир мекарду нон мепухт. Дар тӯю маъракаҳои ҳаққу ҳамсоя кадбонугӣ мекард, чаппотию кулча мебаст. Ӯ хурофотпараст набуд. Вақте ки котиби якуми кумитаи комсомоли ноҳия Зебуннисо Қурбонова барои сафарбар кардани духтарон ба мактабҳои олӣ ба деҳа омад, модар мисли дигар волидайн “не-ву нестон” накард. “Бигузор хонад, як тика нони худашро ёбад”, – гуфт. Аз деҳа якумин шуда хоҳарамро ба Душанбе, ба мактаби олӣ гусел намуд. Ба гапу калочаҳои мардум аҳамият надод.
Як чиз-ним чиз аз модар ба хоҳаронам ёдгор мондааст. Барои ман азизтарину қиматтарин ёдгорӣ кӯрпаи қуроқдӯзӣ аст! Ин кӯрпа бӯйи модар мекунад...
Такроран мегӯям, ки қайсартарин, нохалафтарин фарзанд бояд модарро наранҷонад. Охир, ягон модар фарзанди қайсару бераҳа намезояд ва ҳеҷ гоҳ намехоҳад, ки фарзандаш чунин бошад.
Ҷӯрабек МУЪМИН, Корманди шоистаи Тоҷикистон
