МУРАББИИ НАХУСТИНИ ИНСОН

10 март 2026, Сешанбе
2


Модар мураббии нахустини инсон, субҳи гулафшони баҳор, хуршеди ишқу муҳаббат, паёмовари сулҳу сахо ва дарёи бепоёни меҳр аст. Маҳз ба ҳамин хотир, модарро дар адабиёти ҷаҳон «фариштаи меҳр» ва «мавҷуди муқаддас» номидаанд.
Эмомалӣ РАҲМОН
Воқеан, дар ҷаҳон барои ҳар нафар аз ҳама муқаддастарин кас модар мебошад. Мутафаккирон такрор ба такрор баён кардаанд, ки зан – модар муқаддас аст, ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ба дараҷаи инсони комил мерасонад.
Модар созанда, офаранда, омӯзгор, тарбиятгар, бунёдкор, шоир, нависанда, олим, арбоби намоёни давлатӣ, сарвар, маслиҳатгари беминнати ҳар як фарзанд мебошад.
Басо рамзист, ки Рӯзи Модар дар дигар кишварҳо низ таҷлил мегардад. Аз ҷумла, дар Беларус аз соли 1996, дар Федератсияи Россия аз соли 1998 Рӯзи Модарро таҷлил мекунанд. Дар Британияи Кабир ин ҷашн қадимитар буда, дар асри ХVI пайдо шудааст ва хусусияти динӣ дошт. Дар Испания Рӯзи модарон 8-уми декабр ҷашн гирифта мешавад, ки низ хусусияти динӣ дорад.
Соли 1872 нависандаи амрикоӣ Ҷулия Уорд пешниҳод намуд, ки ҷашни ваҳдати модарон дар мубориза барои сулҳ эълон карда шавад, вале пазируфта нашуд. Соли 1907 фаъолзани амрикоӣ Анна Ҷервас даъват намуд, ки дар ИМА Рӯзи модарон таҷлил карда шавад. Соли 1910 дар иёлати Вирҷиния ин пешниҳод пазируфта шуд ва соли 1912 Ассотсиатсияи байналмилалии модар таъсис ёфт. Соли 1914 президенти ИМА Вудро Вилсон якшанбеи дуюми моҳи майро Иди миллии модарон эълон намуд.
Алҳол дар Австралия, Белгия, Дания, Италия, Туркия, Юнон, Финландия, Мексика, Ҳиндустон, Покистон, Сингапур, Германия ва Ҷопон Рӯзи Модар дар ҳамин рӯз таҷлил мегардад.
8-уми март ҳамчун Иди байналмилалии занон таърихи худро дорад. Ҳамин рӯзи соли 1857 коргарзанони фабрикаҳои бофандагию дӯзандагии шаҳри Ню-Йорки ИМА корпартоӣ карданд, зеро вақти кории онҳо 16 соат буда, музди меҳнати кам мегирифтанд, ки ба рӯзгузаронӣ намерасид. Барои ҳамин, зиёд кардани музди кор, кам кардани вақти корӣ ва ҳуқуқҳои баробар бо мардонро талаб карданд.
27-уми августи соли 1910 дар Конгресси ҳаштуми байналмилалии сотсиалистҳо пешниҳоди Клара Сеткина дар мавриди эълон кардани 8-уми март Рӯзи байналмилалии занон қабул шуд.
Дар асоси қарори Президиуми Шурои Олии ИҶШС аввалин бор соли 1966 8-уми март истироҳат эълон гашт ва то ҳоло давом дорад.
Мо – мардон – ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хидматҳои ӯро қадр намоем.


Сафар ЭРКАЕВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров

Санаи нашр: 10.03.2026 №: 46