Тантанаи Рузи Модар
БАДАХШОН
Чорабинии тантанавӣ бо иштироки раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи М. Назаров баргузор шуд.
Раиси вилоят зикр кард, ки маҳз ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам омад, то мақому манзалати бонувон дар мамлакат ба сатҳи баланд бароварда шавад.
Таъкид гардид, ки занони қавиирода ва ҷасури тоҷик дар баробари соҳаҳои иқтисоду иҷтимоӣ, дар ҷодаи таъмини мудофиавии давлат ва амнияти миллӣ низ содиқона ифои вазифа намуда, дар намудҳои гуногуни варзиш шарафу эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боло мебардоранд.
Бархе аз модарону бонувони фаъол бо ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои раиси вилоят қадр шуданд. Ҳунармандони шинохта бо гулдастаи мусиқии хеш ба ҷашни модарон шукӯҳ бахшиданд.
СУҒД
Рӯзи Модар дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки бонувони касбу кори гуногун баргузор шуд.
Таъкид гашт, ки Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати иҷтимоии худ масъалаҳои марбут ба занонро дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дода, барои баланд бардоштани мақоми занон духтарони лаёқатманд мунтазам тадбирҳои судманд меандешад. Пешвои миллат, аз ҷумла дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ 16-уми декабри соли 2025 чунин таъкид намуданд: «Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадр мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем».
Воқеан, модарону бонувон ганҷинаи бебаҳо мебошанд, ки тамоми меҳру муҳаббат ва умри азизи худро дар роҳи тарбияи фарзандони солиму солеҳ, босаводу соҳибмаърифат ва ба ҳаёти мустақилона омода намудани онҳо равона месозанд.
Чорабинӣ бо барномаи фарҳангии идона ба анҷом расид.
ХАТЛОН
7-уми март раиси вилоят Давлаталӣ Саид бонувони фаъолро ба ифтихори Рӯзи Модар табрик гуфт.
Зикр гардид, ки Рӯзи Модар дар Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз ҷашнҳои пурифтихор маҳсуб меёбад. Дар ин рӯз, пеш аз ҳама, бузургии зан – модар, мақому манзалати ӯ дар ҷомеа, нақши созандаи ӯ дар тарбияи насли наврас ва саҳми арзандааш дар рушду пешрафти давлату миллат арҷгузорӣ карда мешавад. Ин сана таҷассумгари эҳтироми амиқи давлат ва ҷомеа нисбат ба зан – модар мебошад.
Таъкид гардид, ки дар вилояти Хатлон ба масъалаҳои дастгирии занон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад ва имрӯзҳо ҳазорон нафар занони соҳибтаҷриба дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои маҳаллӣ, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо фаъолият намуда, бо меҳнати софдилона ва масъулиятшиносӣ дар рушди мамлакат саҳми назаррас мегузоранд.
Дар анҷом раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба занону бонувони фаъол сипоснома ва туҳфаҳо тақдим намуд.
БОХТАР
Раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Модар иштирок намуда, модарон ва духтаронро таҳният гуфт.
Раиси шаҳр аз нақши муҳим ва ҷойгоҳи волои модар дар ҷомеа ёдовар шуда, таъкид кард, ки модарон ҳамчун сарчашмаи меҳру муҳаббат ва тарбиятгари насли солиму ватандӯст дар рушди ҷомеа ва таҳкими оила саҳми арзанда доранд.
Дар фарҷоми чорабинӣ бонувони фаъол бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.
ТУРСУНЗОДА
6-уми март дар шаҳри Турсунзода низ Рӯзи Модар бо шукӯҳу ҷалоли хосса таҷлил шуд.
Раиси шаҳр Парвиз Акрамзода нақши зан – модарро дар тарбияи насли солим ва рушди ҷомеа муҳим арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, сабру таҳаммул ва роҳнамои зиндагии ҳар инсон мебошад.
«Имрӯз занону духтарони шаҳри Турсунзода низ дар рушду пешрафти ҷумҳурӣ саҳм гузошта, дар соҳаҳои гуногун софдилона фаъолият менамоянд», - гуфт Парвиз Акрамзода.
Дар ҳамоиш ба як зумра занони фаъолу собиқадори меҳнат сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд.
Барномаи фарҳангии ҳунармандони маҳаллӣ фазои идонаро рангинтар намуд.
ВАҲДАТ
Раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода зимни суханронӣ иброз намуд, ки таҷлили Рӯзи Модар ба фарорасии фасли баҳор рост омадааст, ки таҷассуми назокату таровати инсон ва табиат аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба бузургӣ ва азамати модар чунин гуфтаанд: «Модар ягона мавҷуди мушфиқу ғамхор ва мунису меҳрубонест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ба ӯ сухан гуфтану роҳ рафтанро ёд медиҳад, ӯро тарбия менамояд ва дар раванди тарбия дар қалби фарзанди худ эҳсоси муҳаббату самимият, некиву накукорӣ ва инсондӯстӣ ба вуҷуд меоварад, барои босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шудани нури чашмонаш саъю талош менамояд».
Имрӯз занону духтарон дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа фаъолият доранд ва дар рушди мамлакат саҳми арзишманд мегузоранд.
Ба бонувони фаъол сипоснома ва туҳфаҳо супурда шуда, барномаи ҳунарӣ пешниҳод гардид.
ШОҲМАНСУР
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз ҷониби шуъбаи маориф ва Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия озмуни ноҳиявии “Кадбонуи беҳтарин” гузаронда шуд.
Ҳадафи он баланд бардоштани мақоми зан – модар дар ҷомеа, тарбияи ахлоқи ҳамида ва одоби хонаводагӣ, рушди ҳунарҳои миллӣ дар байни хонандагон, фарҳанги оиладорӣ, ҳунарҳои миллӣ ва баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ мебошад.
Дар он духтарони синфҳои 9-11-и муассисаҳои таълимӣ ширкат варзида, аз рӯйи 10 номинатсия ҳунару маҳораташонро намоиш доданд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, "Ҷумҳурият"
