ЗАН ЗИНДАГИВУ ЗИНДАГӢ ЗАН АСТ!

10 март 2026, Сешанбе
7


Вожаи “зан” бархоставу баргирифта аз вожаи “зиндагӣ”-ст ва Модар калидвожаи фарҳанги зиндагии башар асту ин фарҳанг батағйир, ин амр ҷовидона мемонад. Дар масоҳати ин вожаи зиндагисозу муқаддас як сарзамини тақдиршудае бо номи Ватан, арзишҳое ба мисли истиқлол, озодӣ, фарҳанг, зебоиву шукӯҳ, рамзу розҳо гунҷидааст, ки тасаввурношуданист. Модар нодиртарин маҳсули эъҷози Офаридгор ва аз ҷумлаи ҳосили сифоти бемисливу бечунии ӯст. Агар вуҷуди башар офаридае аз ҷабҳаҳои заминиву осмонист, пас, бегумон, ҷабҳаи осмонӣ дар вуҷуди зан бештар аст. Вожаи «фаришта»-ро ба модар нисбат додан низ маншаъ дар ин бовар дорад.
Агар сухан аз ҷойгоҳи модар аст, ҳамеша гуфтаему мегӯем, ки ӯ поёнтар аз Худову болотар аз Офтоб қарор дорад, чун намоди офаридаи пуршукӯҳтарини дунё ва рамзи абадият.
Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ба ин маънӣ фармуда:
Зан – нигаҳдорандаи нори ҳаёт,
Фитрати ӯ лавҳи пиндори ҳаёт.


Ин вобастагии ҳамешагӣ ба оилаву фарзанд ва тамомияти маҳорати худро барои зиндагии зебову ибратбахш бахшидан, чун рисолати ивазнашавандаи модари тоҷик, ҳамеша эҳсоси ифтихор дораду сазовори пайравист. Аз ангушти модар бо ҳама дил, бо ҳама нотавонии худ сахт доштани тифл низ далели эҳсосе дар дунёи мавҷуд ва такя кардану умед доштан ба модар, танҳо ба модар аст.
Замоне дар Рими Қадим занро чун як офаридаи беруҳ медонистанд ва, ҳатто, дар ҳамоишҳои бонуфузе маҳз дар ин мавзуи гумонбарангезанда аз минбарҳо сухан садо медод. Замони то ислом қавми ноогоҳе духтарон – тифлакони навбадунёомадаро зинда мегӯронданд. Дар маҷмуъ, муносибат ба ин отифа дар ҷомеаҳо мутафовиту мухталиф буд. Аммо муносибат ба Модар муносибат ба як кишвар, ба як миллат ва, ниҳоят, муносибат ба Худост, чун ин отифа оғози созиши башар бо зиндагӣ ва таъсирпазиртарин неру ба ҷараёни ҳастист.
Рисолати дигари модар нахустин каломро бо забони қалб барои фарзанд таълим додан аст. Ҳамин маърифати такаллум аст, ки забони ҳар миллатро чун ҳамрадифи номи ӯ тамоми ақвом забони модарӣ гӯянд ва аз ҳамин як ҷӯйбори кӯчаки ҷузъ то уқёнуси кулли миллат расидан ҳам, дар навбати аввал, ҳамин шинохт, яъне забони модарӣ – забони миллат мебошад. Расул Ҳамзатов дар ёддоштҳое аз худ тафсире дорад барои ирфони ин фалсафаи нодири рӯзгори инсон: "Вақти дар Фаронса буданам, бо як доғистонӣ вохӯрдам, ки пас аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба он ҷо рафта муқим шудааст. Вай баъди хайрухуш нишона ва номи падару модарашро дод, то саломашро расонам. Ман ба Доғистон омадам, бо модари ӯ вохӯрдам, зинда буданашро хабар додам. Он зан, ки то ҳанӯз рӯймоли сиёҳашро аз сар нагирифта буд, гирифт, хеле хурсанд шуд ва пурсид, ки бо писари ӯ бо чӣ забон муколама кардам. Бо таассуф гуфтам, ки ӯ забони модариро фаромӯш кардааст. Аз ин рӯ, мо тарҷумон доштем. Модар рӯмоли сиёҳашро дубора ба сар гирифт ва гуфт: "Писари ман мурдааст".
Ин ҳикмати Расул Ҳамзатов ҳамосаи бузурги садоқати модар ба арзишҳои бузурги инсонӣ ва устувориро дар тарбияи фарзанд тафсир мекунад.
Ҳамчунон ки Ҷуброн Халил, нависандаи тавонои араб, оварда: “То замони бедор шудани модар, тамоми хонаҳо ториканд». Воқеан, на танҳо дунёи воқеӣ, балки андешаву дили мо низ аз ҳастии модар рӯшан мегардад. Яъне, ҳузури Модар дар зиндагии ҳар фарди ҷомеа, андешаи мунаввару саодатпартавест, ки тамоми марзи торикро убур ва даричаеро барои шинохт ва огоҳӣ аз фардои зебо боз менамояд.
Шояд ба ин хотир, дар қадимтарин даврони рӯзгори башарият аҷдоди мо рӯзеро ба номи Модар муҳри ҷашн задаву бар он волоият қоил шудаанд. Абурайҳони Берунӣ ин ҷашнро “ҷашни модарон” номида ва гуфтааст, ки дар ин рӯз занон аз шавҳаронашон ҳадияҳое мегирифтаанд ва он баробар ба рӯзи панҷуми моҳи Исфанд будааст. Дар он рӯз занон ва духтарон аз корҳои манзил озод мешуданд ва мардону писарон илова бар ҳадияҳо, ки ба модарону занон ва хоҳарону духтарони худ медоданд, дар тамоми он рӯз анҷоми ҳама корҳои манзилро ба уҳда доштанд.
Суннатҳои таҷлили Рӯзи Модар, ки имрӯз дар партави шарофатбунёди истиқлоли миллӣ ва сиёсати фарҳангсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё гардид, моро аз имрӯз ба аҳди қадимтарини таърихи миллат мепайвандад ва тафсиргари он аст, ки дар марҳалаи нави таърихи тоҷикон Рӯзи Модар чун ҷашни баҳору дидору саодат, рӯзи муқаддас ва сарчашмаи ҳама асолатҳову даъвии садоқатҳост.
Шоистаи тақдир аст, ки мо боз ҳам бар асоси тақвими куҳану ҳам ҷадид Рӯзи Модарро истгоҳи баҳору шукуфоӣ, санаи сабзи тақвим, ваҳдати сабзи меъроҷи боварҳо ва Наврӯз унвон кунем.
Ба шарофати ҳастии Модар инсон ба шинохти эҳсоси зебои муҳаббат мерасад ва, аммо боз ҳам бо ҳама фарру шукӯҳ модарон аз сафинаи меҳри дили худ, аз ганҷинаи бузурги муҳаббати худ огоҳ нестанд, зеро ин муҳаббати бепоён подошеро интизор нест. Як далели ҷовидонагии меҳри Модар дар он аст, ки ҳатто аз омадани фарзанд ба дидори ӯ дар хиҷолат мемонад, ки корҳоеро ба таъхир гузоштаву ба аёдаташ омадаанд. Аммо коре ҳаргиз заруртар аз дидори ӯ ва такроре зеботар аз ин такрор нест. Бигзор, дунё, одамӣ ва тамоми зебоиҳои он ҳамеша дар хидмати модарон бошанд!


Гулноз ТОҲИРИЁН,
барандаи Ҷоизаи адабии ба номи
Мирзо Турсунзода

Санаи нашр: 10.03.2026 №: 46