ПАНҶАКЕНТ "ШАҲРИ ҶАҲОНИИ ҲУНАРМАНДӢ"
ПАНҶАКЕНТ "ШАҲРИ ҶАҲОНИИ ҲУНАРМАНДӢ"
Моҳи октябри соли равон шаҳри Панҷакент аз ҷониби Шурои ҷаҳонии ҳунармандӣ ба таври расмӣ ҳамчун шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзандӯзӣ эътироф гардид. Ин иқдом баёнгари зарофати ҳунар ва анъанаҳои қадимии сӯзандӯзӣ аст, ки дар умқи таърихи шаҳри Панҷакенти бостонӣ реша дорад. Ба ин муносибат чанде пеш дар шаҳри Панҷакент Фестивали байналмилалии санъати халқии «Сӯзании Панҷакент» доир гардид, ки дар доираи он намоишгоҳи экспозитсияҳои ҳунармандони маҳаллӣ ва байналмилалӣ, конфронси илмӣ-назариявӣ ва тамошои мавзеъҳои таърихӣ сурат гирифт.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ доданд, Фестивал бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашта, нахуст меҳмонони фахрӣ – Саад ал-Қаддуми, президенти Шурои байналмилалии ҳунармандӣ, аъзои Шуро
Сандип Кумар, Соника Кҳар, Паола Манфред, президенти Шурои ҳунармандии Амрикои Ҷанубӣ Кирол Робертсон, директори департаменти Бозори ҷаҳонии ҳунармандӣ Надия Ҳамид, коршиноси байналмилалӣ оид ба ҳунармандӣ ва фарҳанг Надежда Здоравко ва ҳунармандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ёдгориҳои таърихӣ ва меъмории ин шаҳри бостонӣ, аз ҷумла оромгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷруд ва мазори муфассири номвари Қуръон Хоҷа Муҳаммади Башоро дидан намуданд. Ба иштирокчиён нақши меъморӣ ва кандакориҳои рӯйи девори ин ёдгории таърихӣ, ки соли гузашта қатори панҷ ёдгории дигари ҳудуди ин шаҳри бостонӣ ба Феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуда буд, писанд афтод. Меҳмонон дар Саразми 5500-сола, ки яке аз марказҳои ташаккули маданияти кишоварзӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунармандӣ дар Шарқ дониста мешавад, шабоҳати нақшҳои рӯйи зарфҳои сафолӣ, тиллоӣ ва биринҷии аз ин ёдгорӣ ёфтшударо бо нақшҳои сӯзанӣ, ки имрӯз низ роиҷ аст,
қайд карданд. Дар доираи Фестивали байналмилалии “Сӯзании Панҷакент”, дар Кохи Лоиқи шаҳри Панҷакент дар мавзуи “Санъати сӯзандӯзӣ: масоили ҳифзи анъанаҳо” конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардид. Конфронс бо сухани муқаддимавии муовини раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ гашт. Таъкид гардид, ки ҳунари сӯзандӯзӣ дар ин шаҳри бостонӣ аз аҳди қадим, аз нақшҳо дар рӯйи сафолу фулузот ва деворнигораҳо ибтидо гирифтааст. Давоми асрҳо анъанаи нақшпартоӣ ва дӯхтани сӯзанӣ идома ёфта, бо эътирофи Панҷакент ҳамчун шаҳри ҷаҳонии
ҳунармандӣ оид ба сӯзандӯзӣ, чун ҳунари асили миллати тоҷик муаррифӣ карда мешавад. Забони нақшҳои сӯзанӣ ба ҳама мардуми олам фаҳмо буда, барои имрӯзиён таърихро бозгӯйӣ менамояд. Ҳоло дар Панҷакент беш аз 2500 нафар зан ба дӯхтани сӯзанӣ машғул аст. Дар идома олимону муҳаққиқон доир ба паҳлуҳои гуногуни ин ҳунари мардумӣ, таърих ва шарҳи тасовири он ва дигар мавзуъҳои марбут ба ҳунарҳои мардумӣ маъруза намуданд. Президенти Шурои байналмилалии ҳунармандӣ Саад ал-Қаддуми дар вазъияти тантанавӣ ба раиси шаҳри Панҷакент шаҳодатномаи узвияти шаҳри Панҷакентро ба феҳристи шаҳрҳои байналмилалии ҳунармандӣ тақдим намуд. Зикр кардан ба маврид аст, ки Шурои ҷаҳонии ҳунармандӣ (World Crafts Council) бо ЮНЕСКО алоқамандӣ дошта, барои рушд додани соҳаи иқтисодӣ тавассути ҳунарҳои дастӣ, дастгирии ҳунармандон ва ташвиқи ҳамкорӣ фаъолият мекунад. Шуро шаҳрҳоеро, ки дар пешбурди мероси ҳунармандӣ фаъоланд, ҳамчун шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ эътироф менамояд.
Муҳаммад АМИН, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 19.12.2025 №: 239-240