ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУРҒОБ. ШАКЛИ МУОСИРИ БОҒДОРӢ ТАҶРИБАИ НАВ АСТ

МУРҒОБ. ШАКЛИ МУОСИРИ БОҒДОРӢ ТАҶРИБАИ НАВ АСТ

16 май 2023, Сешанбе
20
0

Мурғоб  ноҳияи дурдасттарини кишвар аст, ки дар баландии 3500-4700 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифта, бо ҳавои салқину табиати хоси худ аз дигар манотиқи  мамлакат фарқ мекунад. Вақте ки бо шоҳроҳи  Душанбе – Хоруғ – Кулма аз ҳудуди ноҳия мегузаред, ба даштҳои  нопайдоканори он  дида давонда, хаёл мекунед, ки онҳо ҳеҷ  поён надоранд. Вале афсус, ки дар ин даштҳои нопайдоканор   буттаву дарахт он тараф истад, алафу гиёҳро ҳам дучор намеоӣ. Аз қадим одамон ба он бовар буданд, ки дар ин ҷо ба ҷуз терескен алафи дигаре намесабзад. Аммо  Истиқлоли давлатӣ ин ақидаро ботил сохт.  

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ду соли охир дар ноҳияи Мурғоб маъракаи кабудизоркунӣ баргузор мешавад.  Баҳори соли 2022 бори нахуст дар  ноҳияи  Мурғоб  ниҳол шинонда шуд.  Раиси вилоят Алишер  Мирзонабот бо як ҳайати калони  ҳашарчиён – кормандони  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  ва воҳидҳои сохтории он  ба маркази ноҳия омада,  боғи  интенсивӣ бунёд намуданд, ки  ҳоло 80 фоизи ниҳолҳо сабз шудаанд.  Имсол дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар майдони 1 гектар боғи нав бунёд гардида, маърака дар ноҳия вусъати тоза пайдо кардааст.  
Дар рӯзи ҳашари умумӣ дар боғи навбунёд ва гирду атрофи идораву муассисаҳо бештар аз 10 ҳазор бех ниҳоли беду сафедор ва  буттаи ангату хоргул  шинонда шуд. Дар фарҷоми ҳашар раиси вилоят Алишер Мирзонабот   ба кулли сокинони ин минтақаи баландкӯҳи кишвар барои дастгириҳои пайвастаашон аз сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумат, инчунин, саҳм гузоштан дар пешрафту шукуфоии ин гӯшаи кишвар миннатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонда,  афзуд, ки маҳз бо ғамхориҳои рӯзафзуни Сарвари мамлакат ВМКБ,  аз ҷумла ноҳияи Мурғоб, ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, имрӯз бунёди шоҳроҳи Душанбе – Кулма дар қитъаи   ноҳияи Дарвоз то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон босуръат идома дошта, марҳилаи лоиҳакашии  сохтмони қитъаи аз ноҳияи Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон идома дорад.
Бо мақсади рушди бемайлони хоҷагии халқи ноҳия сохтмони як қатор иншооти аҳамияти иқтисодию иҷтимоидошта, аз ҷумла неругоҳҳои офтобию обӣ, ҷиҳати беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба барқ ба истифода дода шуда, дар ояндаи наздик бунёди қасри фарҳанг ва дигар иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. 
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, ки бо  супориши  Сарвари давлат ҷиҳати вусъати корҳои ободониву созандагӣ сарпарастии ноҳияро ба зимма дорад,  бобати ҳадафҳои созанда ва таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти олии кишвар нисбати ин минтақа ибрози назар намуда, зикр кард, ки дар заминаи боғи бунёдёфта дар ин ҷо шароити мусоид барои истироҳату дамгирӣ, сохтмони майдончаи бозии кӯдакон роҳандозӣ гардида, дар ояндаи наздик бо назардошти шароити маҳал  бунёди коргоҳи коркарди гӯшту шир дар маркази ноҳия ба нақша гирифта шудааст.  
Бо мақсади нашъунамои хуби дарахтони боғи навбунёд дар маъракаи ниҳолшинонӣ хоки бегона ва пору низ, дастрас шуд. Умед аст, ки бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи дастгоҳҳои обкашӣ боғи навбунёд шодоб мегардад ва он  ба як мавзеи  фарҳангиву фароғатӣ ва тафреҳӣ табдил  хоҳад ёфт.
 Тавре аз  маркази матбуоти  раиси вилоят иттилоъ доданд, дар пайравӣ ба иқдоми  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  бо ибтикори Ширкати “Помирэнерҷӣ” дар ҳудуди Неругоҳи барқи обии “Тоҷикистон”, ҳамчунин, атрофи дигар идораву муассисаҳо, хоҷагиҳои шахсӣ маъракаи ниҳолшинонӣ бомаром ҷараён гирифт. Дар саҳни  бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 7 намуди  гулҳои ороишӣ, аз ҷумла садбарги маҳаллӣ, ки дар Боғи ботаникии Помир парвариш меёбанд, шинонда шуданд.
Раисони ВМКБ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шароити будубоши сарбозон дар қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳия дидан карда, онҳоро барои хизмати софдилонаву содиқона ба халқу Ватан даъват намуданд. Зикр гардид, ки  маҳз бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ сол ба сол такмил ёфта, иқтидори мудофиавии кишвар бамаротиб боло меравад. Бо ибтикори раиси вилоят барои фароғату дамгирии сарбозону афсарон барномаи рангини фарҳангӣ дар иҷрои беҳтарин ҳофизону мутрибони вилоят баргузор шуд.
Дар ҳошияи сафари корӣ бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ятимони  ноҳияи Мурғоб аз кумаки ғизоӣ, аз қабили орд, биринҷ  ва равған, бархурдор гардиданд. Дар маросими тақдими ин ёрии раиси вилоят ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъкид шуд, ки қишри осебпазир ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбрияти олии мамлакат қарор дошта, Ҳукумати кишвар барои табақаи ниёзманди аҳолӣ имтиёзҳои зиёдеро дар мавриди таҳсили ройгон дар муассисаҳои олӣ ва дигар имтиёзҳо  муқаррар намудааст.  
Сипас, дар маркази ноҳия бо иштироки беҳтарин ҳунармандони вилоят барномаи рангини консертӣ манзури сокинони ноҳия гардида, он то дергоҳ идома кард. 

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 15.05.2023 №: 100 - 101
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив