СИТОРАЕ БИДУРАХШИДУ МОҲИ МАҶЛИС ШУД
СИТОРАЕ БИДУРАХШИДУ МОҲИ МАҶЛИС ШУД
Дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта, вақте ки Тоҷикистон дар гирдоби нооромии сиёсию ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарор дошт, касе гумон намекард, ки миллати тоҷик дар муддати кӯтоҳ роҳи сулҳу суботро пайдо менамояд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ иқтисодро фалаҷ, зиндагии мардумро душвор карда буд, зеро корхонаҳо аз кор монданд, роҳҳо баста шуданд ва мардум умед ба фардои нек надошт.
Назаре ба корнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ба бахти мардуми Тоҷикистон, маҳз дар чунин рӯзҳои пуртазод ба саҳна шахсияте баромад, ки тавонист орзуи мардумро амалӣ гардонад. Интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як гузариши сиёсӣ, балки рӯйдоди тақдирсоз буд. Ҷавони хирадманд, ботадбир ва оромнафас – ҳамин гуна буд симои Роҳбари нав, ки аввалин суханонаш ба ваҳдат, сулҳ ва Тоҷикистон – хонаи умумии мо бахшида шуданд. Роҳбари давлат барои қатъи ҷанг, сулҳофарӣ ва бозгардондани гурезаҳо бо иродаи қавӣ гомҳои устувор мегузоштанд. Натиҷаи ҳамин талошҳои Сарвари давлат буд, ки 27-уми июни соли 1997 дар Маскав Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин рӯйдод бори дигар собит кард, ки хирад ва гуфтугӯ метавонанд аз тангтарин бунбастҳо гузаранд.
Солҳои баъдӣ ба марҳалаи эҳё ва созандагӣ табдил ёфтанд.
Сарвари давлат ҳадафҳои стратегии кишварро муайян карданд: таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ. Ислоҳоти замин, тақсими 75 ҳазор гектар ба деҳқонон, бо роҳу нақбҳо пайвастани минтақаҳои кишвар, аз ҷумла сохтмони нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон», имкон дод, ки Тоҷикистон аз вазъияти сангин раҳо ёбад ва ба марҳалаи нави рушд ворид гардад.
Эълон шудани ҳадафи чорум – саноатикунонии босуръати кишвар оғози давраи муосири рушди иқтисодии Тоҷикистон гардид. Ташкили корхонаҳои нав, афзоиши коркарди ашёи хом, таъсиси ҷойҳои кор ва болоравии иқтидори содиротӣ нишон медиҳанд, ки иқтисоди миллӣ ба сатҳи сифатан нав роҳ меёбад. Дар замони роҳбарии Пешвои миллат нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ устувор боқӣ монда, сатҳи камбизоатӣ аз 83 дарсад дар соли 1999 то 21,2 дарсад дар соли 2023 поин оварда шуд.
Татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030, рушди иқтисоди рақамӣ, «иқтисоди сабз» ва барномаҳои соҳавии дигар омили таъмини рушди устувори иқтисод ва баланд шудани сатҳи некуаҳволии мардум мегардад.
Имрӯз Тоҷикистон ба шарофати сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз кишварҳои амн ва босубот дар минтақа ба ҳисоб меравад. Пешрафти шаҳрҳои кишвар, хусусан симои навини пойтахт – шаҳри Душанбе, меҳмонони хориҷиро ба ҳайрат меорад ва шаҳодат медиҳад, ки сиёсати бунёдкорона ва халқпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самараи назаррас медиҳад.
Иномҷон АМИНОВ,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи менеҷменти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Санаи нашр: 31.12.2025 №: 251-252