ПОСДОРИ МЕРОСИ ОРИЁӢ ё имкони дигаре барои бедории миллӣ
ПОСДОРИ МЕРОСИ ОРИЁӢ
ё имкони дигаре барои бедории миллӣ
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16-уми декабри соли 2025 пешниҳод шуд, ки ба пешвози Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ соли 2026 Соли вусъати корҳои ободонӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардад. Ин нукта то куҷо муҳим будани падидаи мазкурро бори дигар ба намоиш мегузорад, зеро маҳз худшиносӣ ҷомеаро ба созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят менамояд. То кас надонад, ки барои кадом арзишҳо бояд зист, ояндаро наметавонад рӯшан бубинад.
Вақте сухан дар бораи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ меравад, беихтиёр роҳи пурпечутоби тайкардаи миллати мо пеши назар меояд. Тавре дар Паём омадааст, таърихи беш аз шашҳазорсолаи мардуми ориёӣ, ки аввалин офарандагони тамаддун дар ҷаҳон будаанд, осори хаттӣ ва ёдгориҳои моддии зиёдеро аз худ ба мерос гузоштаанд, то имрӯз чун шамъи маҳфилафрӯз ба фарҳангҳои халқҳову миллатҳои ҷаҳон нури маърифат мебахшанд.
Воқеан ҳам, аз бозёфтҳои бостоншиносӣ маълум шудааст ва дар асари бузурги аллома Бобоҷон Ғафуров мазкур аст, ки аввалин иқоматгоҳҳои одамони қадим, аз ҷумла дар палеолити миёна дар маҳалҳои сукунати ниёгони тоҷикон «аз наздикии Тошканд ва Самарқанд… Фарғонаи ғарбӣ, ноҳияи Ӯротеппа, водиҳои Ҳисор ва Вахш, ноҳияи Данғара… кашф гардидаанд».
Албатта, ҷойи ифтихор аст, ки ҳанӯз беш аз шаш ҳазор сол пештар мардуми ориёии эронитабор, ниёгони тоҷикон ва форсизабонони имрӯза аввалин эҷодгарони давлат ва давлатдорӣ будаанд. Файласуфи бузурги олмонӣ Вилгелм Ҳегел навиштааст, ки форсҳо аввалин офарандагони давлат будаанд. Таърихи хаттӣ гувоҳӣ медиҳад, ки қавмҳою тоифаҳои эронинажод – суғдиҳо, бохтариҳо, марғиёниҳо, хоразмиҳо, портҳо аввалин сокинони Мовароуннаҳр ва Хуросон будаанд. Забонҳои бохтарию суғдӣ, хоразмию хутаниву сакоиро, ки ба гурӯҳи забонҳои шарқиэронӣ дохиланд, забонҳои роиҷ дар ин минтақаи бузург донистаанд.
Яке аз ҷиҳатҳои вижаи тамаддуни ориёӣ шаҳрсозӣ будааст, ки дар Бохтару Суғд ва ғарби Эрон аз даврони бостон подшоҳон ба он алоқаманд будаанд. Ниёкони тоҷикон хеле барвақт ба шаҳрсозӣ иқдом намудаанд. Ҳунармандӣ ва зироаткорӣ пешаҳои мардуми сарзаминҳои Суғду Бохтар будааст. То омадани юнониҳо дар ин ҷо шаҳрҳои обод ва бузург мисли Мароканда (Самарқанд) ба вуҷуд омада буданд.
Дар ин шаҳр арк бо хандақ ва деворҳо иҳота шуда буд. Суғдиҳо дар ин давра асосан пайрави оини зардуштӣ будаанд. Бохтар дорои шаҳрҳои бузург ва шаҳри қадимии Балх бо деворҳои ҳайратангез, ки барашон то 31 метр будааст, иҳота гардида буд. Бозёфтҳои «Дафинаи Амударё» аз санъати пешрафтаи ҳунармандӣ, махсусан заргарӣ дар Бохтар шаҳодат медиҳад.
Вақте дар бораи фарҳанги ориёиҳо сухан меравад, пеш аз ҳама таълимоти ахлоқӣ ва зиндагидӯстии ин мардум диққатро ҷалб мекунад. Анъанаҳои неки ин пештозони тамаддуни башарӣ ҳанӯз ҳам дар фарҳанги тоҷикону халқҳои дигари форсизабон боқӣ мондааст. Доктор Абдулазими Ризоӣ, донишманди шинохтаи эронӣ, ки ҳангоми бузургдошти фарҳанги ориёӣ дар Тоҷикистон ширкат дошт ва аз иқдоми неки Президенти кишварамон изҳори хурсандӣ намуда буд, дар китобаш «Сиришт ва сирати эрониёни бостон» бо ифтихор навиштааст: «Андешаи нек, гуфтори нек ва кирдори нек ва аз инҳо арҷмандтар ва волотар меҳру муҳаббат падидае буд, ки ниёкони пурарҷ ва варҷи мо дар андешаи худ мепарвариданд».
Асоси тарбияти ниёкони мардуми эронинажод, махсусан тоҷикон, аспсаворӣ, тирандозӣ, ростгӯӣ будааст. Инчунин омӯхтан, хондан ва навиштани кӯдак то панҷсолагӣ кори зарур ҳисоб мешудааст.
Куҳантарин бахши китоби «Авасто» – Готҳои муқаддас ба гуфтаи Абдулазими Ризоӣ «саросари он китоб аз ҳар гуна пиндорҳои мазҳабӣ ва ҷусторҳои номумкин барканор аст. Дар байни китобҳои мазҳабӣ Готҳо нахустин китобест, ки аз рӯзгорони бисёр куҳан бар зидди пиндорҳои мазҳабӣ меситезад ва бунёни пурарҷи Маздаясноро бар пояи хирад ва дониш ниҳода, чунонки Ашу Зартушт дар Готҳо (Яснои 30 банди 2) пайравони худро аз пайравии кӯркӯрона ва нодониста боздошта ва омӯзиш медиҳад: «Он чиро мешунавед бо хиради дуруст ва маниши пок ва равшан санҷида, он гоҳ бипазиред».
Тавре аз иқтибоси зикршуда хулоса мешавад, ин гуфтаҳо имрӯз низ дорои аҳамият ҳастанд. Онҳое, ки дар дин ё сиёсат ва дар ҳар амали дигар мутаассибанд, рафторашон ба мизони хирад санҷида нашудааст. Дар партави воқеаҳои ахир, ки сокинони сайёраро аз поймол шудани ҳуқуқи башар ва зери фишор қарор додани кишварҳо дар ташвиш монондаанд, ба воситаи зӯроварӣ амалӣ кардани манфиатҳои кишвари худро ҳақ бароварданӣ мешаванд, даъвати зардуштиёни бостон ба адолат ва риояи манфиатҳои башарӣ ҳамчун шиори инсонпарварона садо медиҳад. Ниёкони ориёии мо ҳатто зулмро на танҳо ба инсон, балки ба ҳайвон кори ношоиста ва бехирадона медонистаанд. Дар «Ясно» (22 банди 20) омадааст: «Эй мардум, магар бо чашми худ намебинед, ки чи гуна ин девпарастон барои хушнуд сохтани худоёни худ ба ҳайвонот ситам ва бедод раво дошта ва ба ҷойи ин ки ба кори кишоварзӣ ва ободонӣ водоранд, хуни ононро рехта ва нисори девон ва худоёни девпарастон мекунанд».
Баъзан ақидае ба таври мутлақ изҳор мешавад, ки забони илм арабӣ, забони шеър порсӣ ва забони ҳарбӣ туркӣ мебошад. Мувофиқи ин тезис гӯё мардуми форсизабон аз забони илм дур аст, ё худ шуҷоату далерии ҳарбиро надорад. Чунин ақидаро бисёр фактҳои таърихӣ ва осори илмии ба забони тоҷикӣ (порсӣ) таълифшуда рад мекунанд. Осори ба забони тоҷикии форсӣ офаридаи Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Замахшарӣ, Закариёи Розӣ ва ғайра гувоҳи он аст, ки забони мо дар баробари забони арабӣ забони илм будааст. Дар мавриди ба корҳои низомӣ шуғл доштан ва ҷавононро аз наврасӣ ба ҷанговарию ватандӯстӣ сафарбар намудани ниёгони тоҷикон ва эрониён низ манбаъҳои гузашта далелҳои раднопазир доранд. Дар ҳамон замонҳои қадим ниёкони тоҷикон ҳангоми ба балоғат, яъне ба понздаҳсолагӣ расидани кӯдакон, ба онҳо зиреҳ, ҷавшан ва шамшеру каманд туҳфа мекардаанд. Аз ҳамон вақт иҷозат медодаанд, ки онон дар қатори мардон ба шикор ва пайкор бипардозанд.
Ба фикри душманонаи баъзе шахсон, ки тоҷиконро тарсу қаламдод кардаанд, устод Садриддин Айнӣ таъкид кардааст, ки мисолҳои зиёде аз таърих гувоҳи қаҳрамонию шуҷоати бемисли тоҷикон мебошанд. Вале тоҷикон дар айни замон раҳмдиланд ва бераҳму хунхор нестанд. Раҳмдилию хунхор набудан нишонаи тарсуӣ набуда, балки гувоҳи хирадмандию инсондӯстӣ будааст.
Таърихи ниёгони ориёӣ, аз ҷумла мардуми эронинажод, ин таърихи давлатсозию давлатдорӣ, покию некӣ, шуҷоату далерӣ, ватанпарастию ростгӯӣ ва дӯстию сулҳофаринӣ будааст. Бинобар ин, андешаҳои гузаштагони мо ҳанӯз ҳам қобили истифода ва саршор аз андешаҳои гуманистӣ мебошанд.
Дастури Пешвои миллат дар бораи дар шаҳри Душанбе бунёд намудани Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз, воқеан ҳам, иқдоми хеле муҳим барои тарбияи наслҳои имрӯзу оянда дар руҳияи худшиносӣ, эҳтиром ба таъриху анъанаҳои деринаи миллӣ ва нишон додани саҳми ниёкони мо дар тамаддуни ҷаҳонӣ хоҳад буд.
Кароматулло
ОЛИМЗОДА,
академики АМИТ
Санаи нашр: 14.01.2026 №: 8
