ЁДИ ШОИР ВА ЗИЁРАТИ СИНДЕВ
ЁДИ ШОИР ВА ЗИЁРАТИ СИНДЕВ
(Дар ҳошияи пораи “Ёддоштҳо”-и С.Ятимов таҳти сарлавҳаи
“Сол, аммо соли ноором буд”. «Ҷумҳурият», №201 (25316), 15.10.2025)
Навиштаи саршор аз самимияти бепоёни Саймумин Ятимов нисбат ба мардуми Бадахшон, зери сарлавҳаи “Сол, аммо соли ноором буд” (Зиёрати Синдев), ки порае аз “Ёддоштҳо” (ҷилди 1, Душанбе, «Эко Принт», 2024, саҳ. 144–158)-и ин донишманд мебошад, саҳифаи хотироти гузаштаи умрамро тоза кард.
Аслан, ин қиссаи бисёр ҳам шуниданиро чанд сол қабл, дар яке аз ҷаласаҳои фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар толори бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ доир шуда буд, аз забони худи профессор шунида будем.
Профессор муҳтавою мундариҷаи ашъори Мирсаид Миршакар, ки саршор аз гӯишҳои мардумӣ буда, панду андарз ва ғояҳои ватандорӣ асоси онҳоро ташкил медиҳанд, баҳои баланд медиҳад, дар назди хислатҳои некуи шоир, ҳамчун заҳматписандӣ, дурандешиву хирадмандии ӯ эҳтиром қойил аст. Имрӯз бисёриҳо Миршакарро чун шоири бачагона ва достонсаройи моҳир мешиносанд, вале ҷанбаҳои дигари осораш гувоҳӣ медиҳанд, ки ӯ донандаи хуби сиёсати замони худ, дипломати беназир, муҳофизи манфиатҳои миллию мардумӣ ва тарғибгари арзишҳои неки инсонӣ будааст.
Профессор Саймумин Ятимов менигорад, ки ҳангоми ҳаракат ба сӯйи деҳаи Синдев, чун аз пайроҳаҳои кӯҳии танг роҳпаймоӣ дошт, қадамзании Мирсаиди хурдсолро дар ин ҷодаҳо ба худ тасаввур мекард: “Ҳангоми роҳи мушкили кӯҳистонро паймудан, мисли лентаи кино ҳаёт, эҷодиёт, корномаи ин марди сухан ва амал пеши назарам мегузаштанд, ки шояд замони бачагӣ борҳо ҳамин масирро тай карда бошад. Ва маҳз аз ҳамин деҳа ба дунёи бекарон қадам гузошта, вазифаи бузурги инсонии худро иҷро кардааст”. Чи ихлосу самимияте. Бисёр ҷолибу асарбахш.
Дар идома муаллиф ба ёд меорад, ки сафар ба зодгоҳи шоир аз масири дуру мушкилгузар мегузашт ва ин имконият медод, ки шеърҳои шоир ба ёд овардаву хонда шаванд ва гӯиё бо ҳамин васила муаллиф “масъулияти маънавии худро дар назди хотираи ин адиби номдори Ватан” кӯшиши адо намудан мекард. Албатта, бидуни шак, чунин андешаҳоро нисбат ба Мирсаид Миршакар касе навишта метавонад, ки дар ҳаёт аз шеъру сухану таъкиду гуфтору кирдори ӯ илҳом ва маъвою маъно гирифта бошад.
Роҳ то деҳаи Синдев хеле пурбарф ва нимвайрона буд. Аз деҳаҳои Ривоз, Амбоз, Сорҷ, Вездара, Бидиз, Зануҷ то қишлоқи Шохиризм расидан, гузашти зиёда аз дуву ним соатро тақозо дошт. Гарчанд мӯйсафеде низ дар роҳ мусофирро аз ин сафар бо суханони “Синдев ҳафтод сол шуд, ки дигар деҳа нест, дашти валангорест, ки зимистони қаҳратун дорад” боздоштанӣ мешавад, муаллифи «Ёддоштҳо» дар орзуи дидани зодгоҳи шоири маҳбуб аз азмаш намегардад. Кӯтали машҳурро ба номи «биёям – наравам», ки хатарзотарин мавзеъ буд, паси сар мекунад. Дар роҳи сербарф, пурхатару мушкилгузар ҳамеша ҳаёти Мирсаиди хурдсолро пеши назар тасаввур менамояд: “Дар хурдӣ аз падар ятим монда, дар хонаи бачагон таҳсил гирифтааст. Мактаби касбияти маънавӣ аз худ намуда, шахсан дар мушкилтарин ва муҳимтарин сохтмони азнавсозиҳои мамлакат ширкат кардааст. Истеъдоди табиӣ фарзанди кӯҳистонро имкон додааст, ки на танҳо бо зӯри бозу, балки бо табъи равон ва қудрати забон тадбири зиндагиро бо шеър тасвир кунад.”
Муаллиф Мирсаид Миршакарро ҳимоятгари манфиатҳои Ватан медонаду меномад. Бале, Мирсаид Миршакар дар ҳар як мисраи шеъру достонҳои худ ободониву созандагиро вассоф буд ва ҳар як пирӯзии ҷомеаро дар сарҷамъиву иттиҳод медид. Чунин таҳлил дар ёдномаи муаллиф ин тарз омадааст: “Шоир муътақид буд, ки дар кори созандагӣ, ободонӣ ва ҳифзи манфиатҳои Ватан аз дасти фард коре намеояд. Ҷумла бояд шуд. Ҷамъият бояд гашт. Дасти якдигар гирифт ва хирадмандона ин зуҳуроти маънавӣ, ки мантиқи бузурги созандагиро дар назар дорад, «навъи нави насли инсон» ном мебарад:
Дар ин раҳ як ман ҳазорон шудем,
Ки навъи нави насли инсон шудем.
Миршакар шоири қудратманд ва тавоно буд. Ва чунин сифатҳои воло, фарқкунанда ва муассир, ки дар гуфтор ҳамчун шеваи рафтори эҷодкор ифода мегардад, аз заминӣ, баҳравар аз таҷрибаи зиндагӣ будани ӯ шаҳодат медиҳад.”
Билохира, муаллифи «Ёддоштҳо» ба зодгоҳи шоир мерасад. Мӯйсафеди подабоне худро аз хешони наздики шоир муаррифӣ менамояд:
“– Охир, Мирсаид писарамаки ман мешавад. Ман бачаи миёнагии бародари хурдии ӯ мебошам. Падари Мирсаид Миршакар ҳам мисли тамоми авлодони мо подабон будааст. Як-ду чорвои шахсӣ ҳам доштааст. Рости гап, қавми мо, асосан, аз камбағалон будаанд. Мирсаид дидору меҳрубонии падарро надидааст. Амаки Миршакар хеле барвақт бо ин дунё падруд гуфтааст. Баъдан модараш Мирсаидро ана ба ҳамин раҳе, ки ту омадӣ, гирифта, ба таҳдашт, ба Шуғнон бурдааст. Дар мактаби сағираҳо мондааст. Ана, дар ҳамин Синдев аз домони модар қапида, рӯзгор ҷустааст оне, ки ин харобазорро машҳур кардаасту эҳтироми ӯ туро ба ин ҷойҳо саргардон”.
Синдев, деҳаи дурдасти кӯҳистони Бадахшон, ки дар он Мирсаиди хурдсол чашм ба олами ҳастӣ кушод ва нахустин қадам гузоштану сухан гуфтанро дар он ёд гирифт, чун дигар деҳоти диёр аз қуллаҳои баланду гардунрас, обҳои ширин, табиати нотакрор, боду ҳавои форам иборат буд. Аз дигар деҳаҳои Бадахшон тафовуте надошт, баръакс, бо мавқеи ҷуғрофии худ аз марказ дуртару аз сатҳи баҳр баландтар буд. Вале зодгоҳи Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар будан, номи ин деҳаи кӯчакро маъруфи дунё кард: “Ман дақиқаҳои зиёд ба чорсӯйи ин деҳаи серзамини барфпӯш нигаристам. Аҳсант хондам ба фарзанди ҳамин макони дурдасти Ватани хеш, ки бо меҳнату заҳмат номи як деҳаи вайронаро машҳури ҷаҳон гардонидааст”, - омадаст дар хулосаи навишта.
Хотироти Саймумин Ятимов аз сафару зиёрати Синдев, на танҳо арҷгузорӣ ба шахсияти таърихиву фарҳангӣ – Мирсаид Миршакар аст, балки эҳтироми самимӣ ба мардуми ин диёр, урфу одат ва оину фарҳанги он мебошад.
Хосият ХУДОЁРБЕКЗОДА,
журналист, ш. Хоруғ
Санаи нашр: 15.01.2026 №: 9