ХОТИРОТИ НЕК
(Дар ҳошияи порча аз “Ёддоштҳо”-и С. Ятимов “Зиёие озодихоҳ, сарафроз ва шарафманд”. «Ҷумҳурият», №218 (25333), 13.11.2025)
Пораи нашршуда аз дафтари ёддошти доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Саймумин Ятимов зери сарлавҳаи “Зиёие озодихоҳ, сарафроз ва шарафманд” шоистаи сутуданӣ ва бисёр ҳам ҷолиби диққат аст.
Дар раванди мутолааи он, ҳар як инсони худогоҳ ба андеша фурӯ рафта, дар замири худ, пеш аз ҳама, дарк менамояд, ки муаллиф шахсияти соҳиби донишу тафаккури баланд, донандаи хуби анъанаву суннатҳои хеле ҳам аҷиби сокинони Бадахшонзамин ва беш аз ин, тафсиргари беҳамтои давраҳои гуногуни кору фаъолияташон дар Бадахшон будаанд.
Чун шахси меҳанпараст, миллатдӯсту хештаншинос ба ҳар як ҷузъияти одии ҳаёти ин гӯшаи зебои сарзамини тоҷикон – Бадахшон бо таваҷҷуҳи хосса назар андохтааст.
Ҳатто аз як тасвири хонаи “ҷойдорӣ” дар ин ёддошт шахс ба ваҷд меояд. Ба риштаи қалам кашидани урфу одат, суннати мардуми мо аз ҷониби муаллиф шаҳодати он аст, ки худи ӯ инсонест ниҳоят закӣ ва донишманд. Дар баробари иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ, тавонистааст зиндагиномаи ҷолиби ин мардуми шарифро ҳамаҷониба омӯзад ва имрӯз дигаронро ошно созад.
Пиёда убур намудани мавзеъҳои саросар сангзор, ҷариҳои бетагу кӯҳпораҳо, беш аз як соат тай кардани роҳ байни деҳаҳои Деҳу Шипад ҳамроҳи дӯсти ҷониаш бобои Душанбе ва сафарҳои якҷояи онҳо нишонаи ин аст, ки Саймумин Ятимов шахси ниҳоят хоксор аст ва дӯстиро бо мардуми одии таҳҷоӣ, аз ҷумла зиёиён, шарафу ифтихор медонад.
Дар намунаи меҳмондорӣ, ҳаёту мамоти зиндагиномаи муаллим Ҳусейнзода, бо тамоми ҷузъиёт зиндагии аҳли зиёро ба қалам додааст. Тасвири устод Ҳусейнзода дар хусуси зиёии асил, шахси донишманд ва, ҳамзамон, ҳунарманди нотакрор буданаш, ончунон дақиқу воқеист, ки дар назари хонанда баръало намоён мегардад. Таъкид мегардад, ки дар хонаи ҳар як фарди бадахшонӣ рубобу даф, ҷевони китоб мавҷуд аст ва далели равшандилии одамони ин диёр, донишманду соҳибзавқ буданашон аст. Собитгари порчаҳои шеъри устод Мирсаид Миршакаранд, ки ёдамон меояд: "Мардуми "Боми ҷаҳон" аксарият бенаво буд, вале доно буд".
Саҳнаи баҳсу музокираи устод Ҳусейнзода бо гурӯҳи хоинону террористон, ки соли 1994 ба водии Язгулом ҳам сар халонданд, бисёр ҳақиқию мароқангез аст. Воқеияти ҳаёти ҳамонрӯзаро бармало инъикос мекунад. Ҳусейнзодаи зиёии асил, ҷонфидои миллат, меҳанпарасти самимӣ аз дағдағаи он иддаи разилу нобакор наҳаросида, рӯйирост бо онҳо ба муноқиша бармехезад:
“Мо, тоҷикон баъд аз ҳазор сол бори дигар давлати мустақили худро пайдо кардем... Дар оташи ҷанге, ки алангаи онро ба осмон бардоштед, ҳар соат онро доман мезанед, беҳтарин фарзандони миллат – шахсони ғаюр, далер, зиёӣ нобуд шуда истодаанд ! Фардо ин Ватанро кӣ ҳифз мекунад. Кӣ месозад?... ”.
Албатта, таърих гувоҳ аст ва муаллифи муҳтарам дар ин ёддоштҳои худ пораеро аз саргузашту фаъолияти мардуми одии водии Язгуломи Бадахшон овардааст. Ҳаққо, ки “қадри зар заргар бидонад”.
Профессор Саймумин Ятимов шахсан ватандӯст, хештаншинос, фарзанди вафодори Тоҷикистони азиз, пайрави содиқи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Бо сарсупурдагӣ, дар партави тавсияву роҳнамоиҳои хирадмандонаи Сарвари бузурги миллатамон вазифаҳои бар дӯшаш вогузоршударо бо масъулияту садоқат иҷро намуда, инсонҳоеро азизу муътабар донистааст, ки дар ҷойгоҳу макони кору зиндагии худ вазифаашонро мисли худаш иҷро мекарданд.
Таърих гувоҳ аст, ки имрӯз нақши шахс дар пешрафти ҷомеа асосист. Дар таърихи инсоният номи афроди зиёде барои корнамоию фидокориҳояшон бо хатти зарҳалин сабт гардидаанд. Исми Сарвари маҳбуби давлатамон, Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сархати ин фарзандони фарзонаи миллат қарор дорад.
Саймумин Ятимов ва аксарияти қаҳрамонҳои “Ёддоштҳо”-и ӯ шахсоне мебошанд, ки дар татбиқи сиёсати ба эҳёи миллату давлати тоҷик равонашудаи ин абармард саҳми шоиста гузоштаанд.
Арамбегим МАҲТОБШОЗОДА,
собиқадори меҳнат, сокини шаҳри Хоруғ
