ЭМОМАЛӢ РАҲМОН НИГАҲБОНИ ТАЪРИХУ ҲУВИЯТИ ТОҶИКОНИ ДУНЁ
Сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои кишвару ҷомеаи худ манбаи умеду дили ҷамъи раияти хеш аст, балки барои мардуми эронитабор, ки умеди зинда нигаҳ доштани таъриху ҳувиятро доранд, дар ин се даҳаи охир умеди калон аст. Роҳбари донишвари Тоҷикистон барои тоза нигаҳ доштани таърихе, ки касе ба хотири ҷаҳлҳои диниву ифротиятҳои мазҳабӣ аз онҳо ном бурда наметавонист, бо равшангарии бемонанд мардумро қонеъ сохт, ки на танҳо мо мусулмонем, балки, пеш аз ҳама, мо решаи бузурги таърихӣ ва ҳувиятӣ дорем ва он набояд фидои ифротияту кӯрмағзӣ шавад.
Ӯ бо эҳдои ду ҷилд китоби “Шоҳнома” ба ҳар хонаводаи Тоҷикистон собит намуд, ки таърих бо ибтикор ва корҳои бузург зинда мемонад, на бо гуфтору интизории хидмати дигарон ба таъриху ҳувияти мо! Ҷаноби Олӣ бо баёни равшан аз минбари баланд борҳо изҳор кард, ки “Аввал ман тоҷик ҳастам, баъд мусулмон!”
Гуфтани ин сухан ҷуръати бузург мехоҳад. Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон дод, ки нигаҳ доштани арзишҳои милливу таърихӣ бедорӣ мехоҳад, чун агар мо пешинаи таърихӣ надошта бошем, пас чӣ тавр метавон иброз намуд, ки мо миллати бузург ва ботамаддун ҳастем.
Дар гузаштаҳо раҳбарони мо бинобар тарси замону макон ва вазъи ҷойдоштаи сиёсӣ наметавонистанд аз таъриху ҳувияти худ сухане ба миён оранд. Ин амр боиси аз даст додани ҷуғрофиёву ҳавзаҳои тамаддунии тоҷикон ва порсиён шуд, ки имрӯз дар муборизаҳои фикрӣ ҳатто иддао карданаш барои мо номумкин метобад. Ҳамчунон, иддае аз қавмҳо барои собит сохтани таъриху тамаддуни хеш аз арзишҳо ва фарзандони бузурги тамаддуни миллати бузурги тоҷик истифода бурда, ҳамаро ба номи худ сабт менамоянд, аммо Роҳбари муаззами тоҷикон дар асри 21 собит кард, ки таърихи бузургу пурғановати мо набояд тороҷ шавад ва бояд ҷилави онро гирифт. Барои ин танҳо огоҳӣ ва хондани “Шоҳнома”-ву “Тоҷикон” мебояд!
Дар Афғонистони мо се қарн мешавад, ки раҳбарони миллати тоҷик иштибоҳоти маргбори таърихиро такрор мекунанд, ба осонӣ супурдани тоҷу тахт ва талаву тороҷи фарҳангиву иқтисодии идомадошта нишонаи ин ҳама хатоҳову нармиҳост.
Мо – тоҷикон, дар Афғонистон борҳо тахту тоҷро ба даст гирифта бошем ҳам, бинобар таассубҳо, бинобар бо мардум якҷону якдил набудани роҳбарон, бетарафии худи халқ, дастгирӣ наёфтани тӯдакашон аз тарафи тӯдаҳо ва саду як омили дигар давлатро ба омадагону оворагон “туҳфа” кардем, ки инро пажӯҳишгарони таърихи 250-300-солаи он сӯи Ому хуб медонанд. Дар ин моваро сабаби аслии шикаст ва саркӯб шуданҳои мо фақат ба хотири ҳусни нияти нек барои қавми дигар, онҳоро дӯст пиндоштан, аз таъриху тамаддун ва забони хеш онҳоро ҳам баҳравар кардан будааст.
Ҳоло дар фазои нозанини Тоҷикистон умр ба сар бурда, фаъолият пеш бурда, аз таҷрибаи муборизаҳои мадании худам ёд хоҳам кард. Аз таҷрибаҳои талхи худ ҳаминро барои тоҷикону тоҷикистониён гуфтаниям, ки ба хотири миллату давлати наҷиби худ ҳаққи худро ба ҳеҷ ваҷҳ набояд савдо кард, дӯстӣ бо миллатҳои дигар ба роҳи худаш биравад, аммо муомила шудани арзишҳои дерини таърихӣ ҳоли моро табоҳ хоҳад кард.
Ин ҷо як хотираи баҳсбарангезро, ки рӯзе дар мошин аз сӯии шаҳри Душанбе ба тарафи ноҳияи Шаҳристони Суғди бостон равон будаму аз сар гузашт, меорам. Чанд мусофири дигар ҳам дар сабукрав ҳузур доштанд. Баҳс барои ҳувияти тоҷику ифтихороти тоҷикҳо боз шуд, ҳамин, ки сухан сари қаҳрамонони тоҷикҳо рафт, яке аз мусофирон, шаҳрванди кишвари дигаре будаст, шуҷоат ва корномаҳои қаҳрамонони моро кам ҷилва доду ҳатто онҳоро бегона ба тоҷикҳо хитоб кард. Ҳарфҳои беасоси ӯ ҳеҷ қобили таҳаммул набуд ва ба дифои сахт пардохтам. Аз шеваи гапи ман дарк кард, ки аз Афғонистонам. Ба ман хитоб кард, ки ту афғонистониӣ ва ба сиёсату роҳбарияти Тоҷикистон чӣ кор дорӣ?
Хони баҳсро бо садҳо далел оростам ва нагузоштам, ки маро аз аслам бегона хитоб кунад ва бо дилгармиҳои хос ва бо далелҳои мантиқиву ҳувиятӣ барояш собит сохтам, ки ҳар роҳбари тоҷик аз кадом ҷуғрофиёи ҷаҳон ҳам набошад, сарвару роҳнамои бузурги тамоми тоҷикону порсизабонони ҷаҳон аст. Аз ҷумла, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари мо ҳам ҳастанд ва ягона умеди тоҷикияти мо дар дунёст!
Мо – тоҷикони Афғонистон (Хуросон), аз дарсҳои таърихӣ ибрат гирифтаем, ки набояд раҳбарони замони худро кам ва гоҳе корномаи онҳоро сатҳӣ ҷилва бидиҳем. Чунки дар чанд даҳаи гузашта раҳбари муаззами тоҷикони Хуросон устод Раббониву Қаҳрамони миллӣ, шаҳид Аҳмадшоҳи Масъудро бинобар бепарвоии таърихиву сиёсӣ аз даст додем. Ва то ҳол натавонистем ҷои онҳоро пур кунему ҷойгоҳашонро ҷуброн намоем. Пас, кошки чунин дарсҳои пурфоҷиаи Афғонистон барои ҳама тоҷикони ҷаҳон ибрат шавад.
Ҳоло ягона қиблаву умедгоҳи тоҷикони ҷаҳон, балки порсизабонони дунё Тоҷикистон аст. Мехонаму мебинам, ки шахсиятҳои бузурги эрониву афғонистонӣ баъди сафар ба Тоҷикистон ин ҷуғрофияро нимае аз шукӯҳи гумшудаи Ориё медонанду мешиносанд, ки ҳақ асту рост. Ин нимаи гумшударо маҳз Эмомалӣ Раҳмон пойдор доштааст. Ин нимаро шаҳрвандони ин кишвар ва мо – тоҷикони дунё бояд пур кунем.
Тавассути сафҳаҳои иҷтимоӣ огоҳ шудам, ки 16-уми ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Барои худ вазифа донистам, то барои қадру раҳматгӯии хадамоти шоиставу бузурги Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ин рӯзро барои тамоми ҷомеаи Тоҷикистону порсизабонон шодбош гӯям. Чунки хадамоте, ки ӯ барои забону таърихи пурбори мо анҷом дод, дигар шахсиятҳои сиёсӣ кам ба он пардохтаанд.
Аз Эзади маннон барои Ҷаноби Олӣ умри дарозу сояи баракаташро болои миллати иззатманди тоҷик доиму қоим хоҳонам. Бошад, ки таърихи мо беворис намонад!
Аҳмадзоҳир ҶАҲИШ, узви фаъоли ҷомеаи мадании Афғонистон, рӯзноманигор
