МАН АЗ БЕГОНАГОН ҲАРГИЗ НАНОЛАМ…

05 феврал 2026, Панҷшанбе
4


ФОНУС - МИНБАРИ АНДЕША
«Фонус» минбари нави «Ҷумҳурият» нест, балки саҳифаест, ки аз сомонаи иҷтимоӣ фаротар минбаъд саҳифаҳои рӯзномаро низ нур мебахшад. Агар рисолати фонус тавлиди рӯшноӣ дар зулмот аст, рисолати рубрикаи мазкур низ ҳамин гуна хоҳад буд. Яъне, дар доираи имкон ва рисолате, ки дорем, мавзуъҳоеро пайгирӣ хоҳем кард, ки ниёз ба шарҳу тавзеҳ ва муҳимтар аз ин, ба ислоҳу танзим доранд.
«Фонус» минбари андеша хоҳад буд барои ҳамаву ҳар кас; барои онҳое, ки аз манфиати ин Ватан ва ин миллати маҳбуб ба хотири имрӯзу фардои дурахшон ҳимоят кардан мехоҳанд. Минбари зиёиёни бошараф ва содиқ, ки тавони сухани ҳақ ва созанда гуфтан доранд; минбари мову Шумо.
Зери рубрикаи «Фонус - минбари андеша», асосан, сармақолаҳо, ки ҳамзамон «парчами шумора» номида мешаванд, бе имзо, балки ҳамчун ифодакунандаи мавқеи кулли кормандони рӯзнома рӯи чоп хоҳанд омад. Яъне, бе имзо чоп шудани мавод зери ин рубрика танҳо талаботи жанри сармақола аст, на чизи дигар!!!
Ҳамин пагоҳӣ дар яке аз сомонаҳои иҷтимоӣ ду блогери эрониро дидам, ки чун гӯш ба садои муаззин пеши оинаи нилгун хеле бодиққат чашм ба Пешвои муаззами мо завқи тамошоянд. Дар ҳоле ки Ҷаноби Олӣ дар бораи ваҳдат, аниқтараш қудрати ваҳдат, ки тавонотар аз неруи бомбаи ядроист мегуфт, ин ду ҳамзабон ончунон ба тавсиф дода шуданд, ки дар ибрози андеша ба якдигар навбат додан намехостанд. Хулосаи суханашон ин шуд: «Ин шахсияти бузург бори тамоми мардуми форсизабонро мекашад ва чи гуна метавон аз ӯ пуштибонӣ накард ва дӯсташ надошт, охир ӯ султони қалби тоҷикони дунёст…».
– Ман ошиқи ин марди шарифам, – эҳсосашро пинҳон накарда, гуфт яке аз онҳо.
Воқеан, дигар ҳам ҷойи қаноат ва ҳам ҷойи ифтихор аст, ки заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллати мо, фидокориҳою аз худ гузаштанҳои ин шахсияти камназири таърихӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт баҳои воқеӣ мегиранд ва хоса дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавқеи ӯ ҳамчун сиёсатмадори башардӯст мудавом тақвият ёфтан дорад.
Ва аммо баъд, дар баробари ин, ҷойи таассуфи аз ҳад зиёд аст, ки як тӯдаи гумроҳони ба ном мухолиф, ки нилкашидаи хоҷагони худ дар хориҷанд, ҳанӯз ҳам борони туҳмату таҳқирро сари ин марди Худо мерезанд. Нафратовараш ин аст, ки онҳо аз номи миллат гӯё доди бедодӣ мезананд. Кӯранду рӯшаниву рустанҳоро намебинанд, ҳасуданду офаринхониҳои аҳли башарро сари миллат, хоса дар ситоиши Эмомалӣ Раҳмон, тоқат надоранд ва кофиранд, ба хости Худо шак меоранд. Бале, ба хости Худо. Агар Ӯ намехост оё имкон дошт, ки як нафар замини сӯхтаеро аз хоку хуну хокистар пок кардаву давлат созад. Бо такя ба худу Худои худу халқи худ ва саломат аз вартаи нобудӣ барояд?!
Эй бешарафон, эй номусҷаллобон, эй кӯсаҳои аз ноилоҷӣ ришмонда, эй магасҳои дар сояи гул ҷӯёи ахлот, таҳқири Президент таҳқири миллат аст, дастикам таҳқири миллионҳо тоҷикистоние, ки ба ӯ раъй додаву Сарвари худ интихобаш намудаанд. Аз асрори ҳафт қабат замину осмон гӯё гап мезанед, вале то ин ҳад манқурт гаштаед, ки дарк намекунед ғайбат сифати мардӣ нест, ғайбат нишонаи оҷизиву нотавонист. Бечорагии худро низ аз ҷоҳилиатон хеле осон ба намоиш мегузоред, ки вовайло….
Эй бахтбохтагон, аз хурд то бузурги ин миллат, ки имрӯзҳо якҷоя пардаи мушкилҳоро даридаву пештозӣ доранд, ҳама хуб медонанд, ки шумо шарафбохтагон барои таҳқири шахсияте, ки аз ин миллат дар ҷаҳон намояндагӣ дорад, маош мегиред. Заҳратон бод, вале ба сари ин миллат аз номи миллат борони таҳқир марезед! Куҷо шумо миллатед? Шумо оқи ин миллат, балки ҳаромиед, шумо ва чанд нафари боқимонда аз зоти алайҳилаъна низ. Миллат ин ҷост, миллат дасти ҳам Ватан месозад, миллат дар сӯги ҳам сӯхтаву дар шодии ҳам мерақсад.
Эй ҳаромиҳо, ботакрор бароятон таъкид мекунам, ки таҳқири Президент таҳқири миллат аст, дастикам таҳқири миллионҳо тоҷики ҳушманд, ки имрӯзу ояндаи худу фарзандонашонро барояш бовар кардаанд. Ҳанӯз ҳам дер нашудааст бо саҷда аз ин миллат узр пурсед, эҳтимоли пиҳил шуданатон ҳанӯз ҳам аз даст нарафтааст. Шарм доред, агар вобастаи ин Ҳукумат нестед, пайванди ҳамин як миллатед!
Нафрати миллат бар саратон бод!!

Санаи нашр: 05.02.2026 №: 24