БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД
«МУҚОИСА ҲАМ КОРИ ХУБ АСТ. Ё ЧАРО БА ОЗМОИШГОҲҲОИ ХУСУСӢ БОВАРӢ МЕАФЗОЯД?»
Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» сипосгузории худро баён менамояд. Ҳамзамон, вобаста ба мақолаи «Ҷумҳурият» аз 19-уми декабри соли 2025, № 239-240 (25355) таҳти унвони «Муқоиса ҳам кори хуб аст. Ё чаро ба озмоишгоҳҳои хусусӣ боварӣ меафзояд?» иттилоъ дода мешавад, ки дар матлаб масъалаи нобоварӣ ба ташхисгоҳҳои давлатӣ ва набудани таҷҳизоти зарурӣ дар Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон матраҳ гардидааст.
Бо назардошти аҳамияти мавзуъ, Вазорат маълумоти заруриро пешниҳод менамояд. Бояд қайд намуд, ки Пажӯҳишгоҳи мазкур яке аз муассисаҳои муҳими илмӣ-тадқиқотии кишвар буда, дар самти корҳои илмӣ ва амалии тибби профилактикӣ, бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ фаъолият менамояд. Ин ва дигар муассисаҳо пайваста бо таҷҳизоти муосири ташхисӣ таъмин гардида, таҳлилҳои клиникӣ, биохимиявӣ, иммунологӣ ва паразитологиро дар сатҳи баланд анҷом медиҳанд. Хизматрасониҳои тиббӣ ва ташхисӣ мутобиқи стандартҳои муосир ба аҳолӣ пешниҳод шуда, барои ташхиси дақиқ ва табобати самаранок заминаи боэътимод фароҳам меоранд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъкид менамояд, ки муроҷиати шаҳрвандон, аз ҷумла рӯзноманигорон, ҳамеша дар доираи тартиботи муқарраршуда мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар ҳолати мазкур низ мақолаи рӯзноманигор Бузургмеҳри Баҳодур аз ҷониби роҳбарияти Пажӯҳишгоҳ ва сохторҳои дахлдор расман қабул ва баррасӣ шуд. Дар ҷараёни мулоқот ба муроҷиаткунанда тартиби бақайдгирӣ, низоми пардохти ғайринақдӣ ва роҳҳои гирифтани маълумот дар шакли электронӣ муфассал шарҳ дода шуд.
Илова бар ин, бояд қайд кард, ки озмоишгарони озмоишгоҳҳои хусусии кишвар низ барои такмили ихтисос ва баланд бардоштани малакаи касбӣ дар курсҳо ва семинарҳои омӯзишии Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон иштирок менамоянд. Ин дастовардҳо далели фаъолияти мунтазам, самаранок ва босифати илмии Пажӯҳишгоҳ буда, саҳми муассиса дар рушди илм, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, таҳияи барномаҳои таълимӣ, иштирок дар конфронсҳои байналмилалӣ ва ҳамкории илмӣ бо муассисаҳои дохилӣ ва хориҷиро равшан нишон медиҳанд.
Вазорат ёдрас мекунад, ки мувофиқи талаботи қонунгузорӣ, ҳар гуна норозигӣ аз хизматрасонӣ бояд, пеш аз ҳама, ба роҳбарияти муассиса пешниҳод гардад, то ки масъала дар сатҳи дохилӣ ҳаллу фасл шавад. Танҳо баъд аз баррасии расмӣ ва гирифтани ҷавоби дахлдор, паҳн намудани мавод дар воситаҳои ахбори омма қобили қабул мебошад. Дар ҳамин замина, роҳбарияти Вазорат миннатдории дигарбораи худро ба «Ҷумҳурият» дар инъикоси масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ баён менамояд. Умед дорем, ки минбаъд низ робитаҳои созанда ва ҳамкории судманд миёни Вазорат ва идораи рӯзнома идома ёфта, ба беҳбудии хизматрасониҳои тиббӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа мусоидат хоҳад кард.
Абдухолиқ АМИРЗОДА,
муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
