ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ
Кормандони милитсия як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба гумони ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дастгир намуданд.
Гумонбаршаванда, ки маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз ӯ марди 46-сола ном мебарад, моҳи сентябри соли 2024 марди 48-солаи сокини ҳамин ноҳияро ба Федератсияи Русия бурда, мавриди истисмори меҳнатӣ қарор додааст. Боздоштшуда ин мардро дар ширкати сохтмонии “Стройград”-и шаҳри Истраи вилояти Маскав аз 13-уми сентябр то 15-декабри соли 2025 ғайриқонунӣ ба кор ҷалб намуда, маоши ҷабрдида ба андозаи 75 ҳазор рубли русиро бо роҳи фиреб гирифтааст.
Ҳоло нисбат ба гумонбаршаванда бо моддаи 3352 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ, бо кор таъмин намудани муҳоҷирон аз ҷониби шахсе, ки барои амалӣ намудани чунин намуди фаъолият иҷозатнома надорад) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Дар Истаравшан ду ноболиғро бо ҷурми дуздӣ боздошт карданд
Ду ноболиғи 16-сола, ки моҳи декабри соли 2025 аз як мағоза дар шаҳри Истаравшан 8 ҳазор сомонӣ ва ду адад телефони мобилиро дуздидаанд, ба дасти милитсия афтоданд.
Сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ аз дастгир шудани ноболиғон ба гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ хабар дода, дар гузорише навишт, ки ҳодисаи дуздӣ дар ҳудуди бозори марказии шаҳри Истаравшан сурат гирифтааст.
Тибқи иттилои манбаъ, вобаста ба ҳолати мазкур бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, ки ин банди қонун ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ солро пешбинӣ мекунад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
