ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. САРМОИ ЗИМИСТОН ҲОЛИ ТОКЗОРҲОРО ТАБОҲ КАРД
Сардиҳои шадиди зимистони солҳои 2022-2023 ба соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода хисороти ҷиддӣ расонд. Сармое, ки дар чанд соли охир бесобиқа буд, ҳазорон гектар боғу токзорро ба адам бурдааст.
Пардаалӣ Турсунзода, муовини раиси шаҳри Турсунзода оид ба соҳаи кишоварзӣ, роҷеъ ба масъала чунин иттилоъ дод:
– Майдони умумии боғу токзор дар ҳудуди шаҳр 4268 гектар буда, аз ин 3143 гектар токзор ва 1125 гектар боғ мебошад. Мутаассифона, дар пайи сардиҳои аз ҳад зиёд дар моҳи январи имсол қисми бештари майдонҳои боғу токзорро сармо задааст. Бо мақсади муайян намудани масоҳати умумии боғу токзори аз офати табиат зарардида, бо ҷалби мутахассисон аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва масъулони раёсати кишоварзии шаҳр комиссияи махсус таъсис ёфт. Тибқи тартиби муқарраргардида, онҳо дар хоҷагиҳои ангурпарварӣ ва боғҳо санҷиш гузаронданд. Дар натиҷа, муайян гардид, ки аз ин офат 2684 гектар токзор (85 фоиз) ва 484 гектар боғҳои анор, анҷир ва хурмо зарар дидааст.
Бино ба иттилои масъулон, боғдорон ва ангурпарварони шаҳр барои эмин нигоҳ доштани дарахтон тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ карданд. Хоҷагидорони «Боғи Сомон» барои аз сармо ҳифз намудани токзор аз Ҷумҳурии Мардумии Чин маҳлули махсусро ворид карда, онро дар 60 гектар токзор истифода намудаанд. Таассуф, ин маҳлул низ, боғро аз таъсири сармо наҷот дода натавонистааст. Ангурпарварон усули бо роҳи дуду оташ аз сардӣ ҳифз кардани ниҳолҳои токро таҷриба кардаанд, вале он ҳам бенатиҷа.
– Шаҳри Турсунзода дар таъмини бозори истеъмолӣ бо ангури хушсифат нақши муҳим дорад. Хоҷагиҳои ангурпарварӣ танҳо дар соли 2022-юм 26 ҳазору 186 тонна ангур ба хориҷи кишвар ва зиёда аз 14 ҳазор тонна ба дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат содирот намуданд. Ҳоло бошад, пешгӯӣ карда наметавонем, ки имсол чӣ қадар ангур истеҳсол мешавад, – тазаккур дод Абдукарим Файзуллоев, муовини сардори раёсати кишоварзии шаҳр.
Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 17.05.2023 №: 103
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)