КОШИКОРӢ. АЗ ЗИНАТИ КАМНАЗИР ТО ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

12 феврал 2026, Панҷшанбе
5


Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидона, ба мерос гузоштаанд.
Эмомалӣ Раҳмон


Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур доданд, ки дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад.
Хуб мешуд, ки ин марказҳо дар асоси анъанаҳои меъмории бостонии тоҷику форс сохта шаванду бо кошиҳои мулаввану (раногрангу) муҷалло тазйин ёбанд. Нусхаи катибаи Бесутун, ки ба забони порсии бостон ҳак шудаву забони ориёӣ маҳсуб меёбад, ҳамчунин, Устувонаи Куруши Кабир тавассути кошиҳои мулавван дар девор ё пештоқи бинои Конуни тамаддуни ориёӣ насб гардад. Шиори “Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек” бо тамоми хатҳо ва аксари забонҳои ҷаҳонӣ сабт ёбад. Ҳамчунин, тасвири Ҷамшед, оину суннатҳои наврӯзӣ чун ҳафтсину ҳафтшин ва акси олимону шоирони бузурги форсу тоҷик ва номгӯйи осори безаволашон дар ҳар ду Марказ бо ҳуруфоти форсӣ инъикос ёбанд. Хуллас, саҳми бузурги мардуми тоҷику форс дар тамаддуни башарӣ аз бостон то ба имрӯз дарҷ ёбад.
Кошикорӣ яке аз барҷастатарин ҳунарҳои тазйинӣ дар меъморӣ ба шумор меравад. Ин ҳунар шомили пӯшондани сутуҳи гуногуни биноҳо бо қитъаҳои кошии луобдор аст, ки бо диққат ва зарофати хосе канори ҳам чида мешаванд. Кошӣ дар луғат ба маънои хишти нозуки луобдор аст ва бархе решаи номи онро ба шаҳри Кошони ҶИЭ, маҳди тавлиди ин ҳунар, нисбат медиҳанд. Ин номгузорӣ аз асри сездаҳуми милодӣ ривоҷ ёфт.
Аслан, ҳунари кошикорӣ қабл аз ислом дар даврони Ҳахоманишӣ дар Шуши Эрон ҳудуди 2500 сол пеш ба мушоҳида мерасад, ки шерҳои болдор дар деворҳо тавассути кошиҳо ба мушоҳида мерасанд. Ҳамчунин, аввалин истифода аз кошӣ барои пӯшондани деворҳо дар шаҳри Нинавии Ироқи имрӯза ба ҳудуди ҳафт ҳазор сол пеш аз милод ва дар Миср 4700 сол қабл аз милод дида мешавад, ки далели қадимӣ будани ин ҳунар дар тамаддунҳои бостонӣ аст.
Кошикорӣ дар асрҳои 11-12 дар Осиёи Миёна хеле паҳн шуда, дар санъати меъморӣ васеъ истифода шудааст. Маркази истеҳсоли масолеҳи асосии кошӣ мавзеи Чӯпонотаи Самарқанд буд, ки аз ин ҷо ба дигар шаҳрҳо кашонда мешуд. Дар ин давра кошиҳо дар шакли хиштчаҳои одии сирдор барои рӯкаш кардани баъзе қисмҳои бино ва дертар дар шакли лавҳаҳои рангаву нақшин тайёр карда, барои кошикории биноҳои муҳташам истифода мегардиданд. Мақбараи Муҳаммади Башоро намунаи олии санъати кошикорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон аст. Аз нимаи дуюми асри 14 сафоли нақшин ё кандакориву ҳошиякоришудаи рӯяш сирдор маъмул гашт. Бо ин гуна кошиҳо, махсусан кошиҳои катибадор, деворҳои ҳамвор, гунбаду меҳробҳо оро дода мешуданд. Катибаҳоро бо рангҳои сафеду зард дар рӯйи кошиҳо дар заминаи кабуду сабз пеш аз сир давондан сабт менамуданд. Минбаъд кошиҳоро дар шакли ситораҳои шашгӯша, ҳашткунҷа ва дигар шаклҳои ҳандасӣ рехта, дар болои гач мечиданд. Дар давраи шуравӣ ба муҳофизати ёдгориҳои меъморӣ диққати махсус дода, дар назди устохонаи кулолии шаҳри Самарқанд ташхисгоҳи кошиҳосилкунӣ таъсис карданд, ки маҳсулоти аз рӯйи технологияи махсус баровардашуда на танҳо барои таъмири ёдгориҳо, балки барои ороиши биноҳои ҳозиразамон истифода мешуд. Кошиҳо ба ёдгориҳои меъморӣ ва биноҳои ҳозира зинат бахшида, онҳоро аз таъсири боду борон нигоҳ медоранд.
Дар тазйини Масҷиди калони пойтахти кишварамон– Душанбе насби кошиҳои муҷалло, ки воридоти онҳо аз Ҷумҳурии Исломии Эрон сурат гирифта буд, нақши бориз доранд ва назари ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунанд. Чуноне ки Аҳмад Иброҳим, масъули коргоҳи истеҳсоли кошии шаҳри Исфаҳони Эрон иттилоъ дод, кошиҳоро дар қолабу ҳаҷмҳои мухталиф вобаста ба мавзеи истифодаи онҳо рехта, сипас дар хумдонҳо якранг онҳоро мепазанд.
Эрон гаҳвораи кошикорӣ аст ва биноҳои таърихии бешуморе дар сартосари кишвар гувоҳи ин гуфтаҳост. Ин шоҳкориҳои меъморӣ на танҳо сайёҳонро ба худ ҷалб мекунанд, балки намунаҳои беназири ин ҳунари волоро ба намоиш мегузоранд. Аз ин рӯ, ҳамкорӣ дар тазйини иморати ин ду Марказ дар пойтахти мо бо бародарони эронӣ метавонад, ки онҳоро садсолаҳо муҷаллову муҳташам боқӣ гузорад ва минбаъд ин ҳунар дар Тоҷикистон рушд ёбаду коху қасрҳои фарҳанг, биноҳои ҳукуматӣ ва мақобири олимону шоиронамон бо кошиҳои мулавван зинат ёбанд.


Мунаввари САФАР,
ходими пешбари илмии ПИТФИ

Санаи нашр: 11.02.2026 №: 28