ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. АЗ ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ ТО ТАЪСИСИ КОНУНИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Эҳё ва ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ яке аз масъалаҳои мубраму калидӣ дар самти сиёсати мафкуравӣ, идеологӣ ва фарҳангии давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мегардад. Аз рӯзҳои аввали ба ҳайси Роҳбари давлат интихоб шуданашон – Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ корҳои мондагореро ба анҷом расондаанд. Ҳанӯз соли 1996 китоби арзишманди “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” нашр гардида буд, ки имрӯзҳо ин асари мондагор бо забонҳои зиёде тарҷумаву бознашр гардида, таъриху тамаддуни миллати тоҷикро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудааст. Баъди ба даст овардани ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат дар андешаи он буданд, ки бо кадом роҳ таърих ва тамаддуни миллати тоҷикро метавон ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Аз ин рӯ, дар кӯтоҳтарин муддат ба таҷлили бузургтарин ҷашнҳои миллӣ, ки ҳадаф аз онҳо ба ҳам овардан, муттаҳид намудан ва муаррифии миллати тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ ва боз ҳам ободу зебо намудани кишвари азизамон маҳсуб мегардид, рӯ оварданд.
Дар баробари муаррифии кору пайкори фарзонафарзандони миллати шарафманди тоҷик Пешвои муаззами миллат боз ба эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ оғоз намуда, як қатор ёдгориҳои бузурги таърихию фарҳангии кишварро ба рӯйхати ёдгориҳои таърихию фарҳангии ташкилоти бонуфузтарини фарҳангии дунё ЮНЕСКО ворид намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ (16-уми декабри соли 2025) низ зикр намуданд: “Соли равон бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳрасти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Дар ин радиф, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар солҳои 2026 - 2027 далели ҷойгоҳи хосаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад”.
Яке аз иқдомҳои муҳиму созанда ва падидаи нав дар Паёми навбатӣ муаррифии “хотираи таърихии халқ” ва масъалаи “эҳёи хотираи таърихии миллати тоҷик” арзёбӣ мегардад, ки он маҳз бо ҳамин нуктаи меҳварияш аз паёмҳои қаблӣ бо дарки воқеии мафҳумҳои хотираи таърихӣ, худшиносию худогоҳӣ тафовут дошт.
Маҳз ба хотири таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ, Пешвои миллат дар назди худ ҳадаф гузоштанд, ки шоҳасари «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуровро ба ҳар хонаводаи аҳли кишвар тақсим намоянд, то мардуми шарафманди Тоҷикистон ба мазмуну муҳтавои он ошно гардида, «хотираи таърихӣ»-и худро барқарор ва худшиносию худогоҳии хешро аз достонҳои пурифтихори таърихӣ шодоб намоянд.
Воқеан, “Тоҷикон” як китоби муқаррарӣ нест, балки шоҳасарест, ки таърихи бисёрҳазорсолаи миллатро аз бомдоди таърих то замони муосир бо зикри бойтарин мазмуну масъалагузории таърихӣ ҳифз намуда, роҳи худшиносиву худогоҳиро барои наслҳои мо омӯхта истодааст. Ҳанӯз ховаршиносони маъруфи замони шуравӣ (ба монанди А. Ранов, Б. Пиотровский, П. Окладников, И. Минс, Б. Искандаров, А. Мухторов), олимони машҳури Аврупову Амрико ва кишварҳои Шарқ (ба монанди Иржи Бечка, Ричард Фрай, Манфред Лоренс, Шоши Бушан, Аҳмади Файз, Ҳасани Донӣ) бо тақризҳои хеш ба мазмун ва моҳияти таърихии “Тоҷикон” баҳои баланди воқеӣ дода буданд. Пешвои муаззами миллат низ навиштаанд: “Ин асар, барҳақ, китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст”.
Надонистани таърихи пурифтихори худ на танҳо аз даст додани худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, балки фаротар аз он ҳамчун махлуқе бемақсаду бемаром, берангу бӯ ва бемаънӣ зиндагӣ кардан аст. Надонистани таъриху фарҳанги ниёгони хеш боиси он мегардад, ки шахс на танҳо арзишҳои инсонию фарҳангии худро, балки кӣ будани худро низ фаромӯш месозад. Дар маҷмуъ, надонистани таърих ба ҷаҳлу нодонӣ, хурофоту бегонапарастӣ ва ниҳоятан ба ифротгароӣ оварда мерасонад, ки дар ин маврид низ зикри як нуктаи муҳим аз Пешвои муаззами миллат зарур аст: “Надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбат ба мероси маънавию фарҳангии он, дар интиҳо шахсро ба инкори ҳақиқати воқеӣ, тамаддуни миллӣ, бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлоли миллӣ оварда мерасонад”.
Маҳз барои решакан кардани ҷаҳлу нодонӣ, хурофоту бегонапарастӣ ва дар руҳияи ватанпарастию худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди худ ҳадафи бузургтар гузоштанд, ки “Шоҳнома”-и безаволи бузургтарин ҳамосасарои ҷаҳонӣ – Абулқосим Фирдавсиро нашр намуда, ба ҳар хонадони кишвар ҳадия намоянд. Чуноне ки дар Паём садо дод: “Дар ин давра бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд”.
Воқеан, Абулқосим Фирдавсӣ аз зумраи достонсароёни машҳури олам ва аз муаррихони бузурги замони зарини давлатдории тоҷикон– Сомониён мебошад, ки офаридани достонҳои қаҳрамонию паҳлавонӣ ва таърихии дунё дар рушди тафаккури таърихии миллати тоҷик нақши муҳим бозид. Ба қавли Мирхонд (яке аз муаррихони асри XV), Фирдавсӣ бо офаридани «Шоҳнома»-и худ ҳувияти азбайнрафтаи эрониёнро пас аз футуҳоти араб дубора зинда кард. Ҳадафи аслии Фирдавсӣ аз иншои чунин асар на қиссапардозиву ҷангноманависӣ, балки аз нав зинда намудани хотираи таърихии мардум, нишон додани сабақи таърих ва ҳақиқати объективии он дар мисоли сарзамини паҳновари Ориёнои Бузург ва панду андарз додан ба инсон аст.
Дар имтидоди асри XIX муаррихони сатҳи ҷаҳонии Аврупо Освалд Шпенглер, Арнолд Ҷозеф Тойнби ва Карл Ясперс ба таҳқиқи ҷанбаҳои тамаддунии таърих машғул гардида, ба хулосае меоянд, ки дар ҷаҳони мутамаддин 21 фарҳанг ва 6 тамаддуни бузург арзи ҳастӣ намудааст. Ба андешаи Шпенглер, дар инкишофи ҳар як фарҳанг ду марҳалаи асосӣ – инкишоф ва таназзул ҷой дошта, марҳалаи авҷи инкишофи фарҳангро “тамаддун” номидааст. Аксари фарҳангҳову тамаддунҳои сатҳи ҷаҳонӣ суқут карда, хушбахтона фарҳангу тамаддуни ориёӣ аз бомдоди таърих то ба имрӯз боқӣ монда, дар мисоли фарҳанги бошандагони бумии ҷуғрофиёи Хуросони бузург аз нав эҳё гашта истодаанд. Достонҳову корномаҳои бузурги тамаддунофарию додгустарии ниёгони мо, китобу рисолаҳои офаридаи онҳо китоби таърихи башариятро такмил дода, зиндагии инсонро дар марҳалаи гуногуни таърихӣ обуранг ва оро бахшидаанд.Агар ба таърихи пурифтихори аввалин давлатҳои ориёӣ– Пешдодиёну Каёниён назар кунем, дармеёбем, ки ҳар кадоми онҳо бо бузургтарин ихтирооти худ дар тамаддуни башарӣ саҳми арзишманди хешро гузоштаанд. Каюмарс аввалин бунёдгузори шоҳаншоҳӣ, Ҳушанг аввалин ихтироъкори оташ, Таҳмурас аввалин ихтироъкори хатту гирдоварандаи донишҳо, Ҷамшед ба ҳайси як мунаҷҷим ва ихтироъкори аввалин тақвиму санагузорӣ, ойинофару додгустар ва эҷодгари ҷашнҳои ниёгон ёд шуда, ин рисолатро шоҳони баъдии ин хонадон ва шоҳони каёнӣ идома дода, бузургтарин тамаддуни аҳди бостонии оламро бунёд гузошта, намунаи барҷастатарин арзишҳои фарҳангии зиндагиро барои инсон муҳайё сохтанд. Сулолаҳои дигари ориёии Ҳахоманишиҳо, Ашкониён, Сосониён, Кӯшониён низ барои раияти хеш беҳтарин шароити зиндагиро муҳайё намуда, бо унсурҳои тозаи фарҳангӣ тамаддуни ориёиро ташаккул дода, боз ҳам мукаммалтар гардониданд. Дар ин робита, Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсола зикр намуданд: “Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, оину суннатҳои бойю рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд”.
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дигар арзишҳои таърихию фарҳангӣ, аз қабили забону фарҳанг, илму ҳунар, оину суннатҳои бою рангоранги башардӯстонаи ниёгони ориёӣ аз ҷумла Наврӯз, ки дар таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи миллати мутамаддини тоҷик мавқеи асосиро касб намудаанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ҳанӯз ҳиндуориёиҳо дар аҳди бостон рисолати азалии фарҳангофарии худро иҷро намуда, дар қораи Ҳинд Ведҳо ва дар Машриқзамин Авасторо офарида, андешаҳои волои инсонии «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд”. Дар тақвияти ин гуфтаҳо Пешвои миллат баҳри эҳтиром гузоштан ба арзишҳои милливу таърихӣ ва аз нав эҳё намудану ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани ҷашну анъанаҳои миллӣ андешаҳои хешро чунин баён намуданд: “Воқеан, Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувият ва асолати мо – тоҷикон мебошанд”.
Ҳамин тавр, дар тақвияти арҷгузорӣ ба мероси таърихиву фарҳангӣ ва тамаддуни миллати тоҷик Пешвои миллат пешниҳоди мондагореро ироа намуданд, ки таърихи бесобиқа дорад: “Бо назардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад”. Чунин пешниҳод ва иқдоми барҷаста аз ҷониби Роҳбари давлати тоҷикон, нишон аз соҳибқудратии тоҷикон, фарҳангофариниву тамаддунсозии онҳо дар масири таърих мебошад. Миллати тоҷик имрӯз сарфароз аз он аст, ки на танҳо таъриху фарҳанг ва тамаддуни ба коми фаромӯшрафтаи худро эҳё мекунад, балки чунин роҳбари хирадманду фозил ва фарҳангдӯсту посдорандаи тамаддуни бузурги ориёӣ дорад. Таърих тули ҳазорсолаҳо чунин фарзонагонро ба халқу миллатҳои рӯйи дунё кам эҳдо мекунад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола муждаи бузурге додаанд, ки тибқи он, дар қалби Тоҷикистони азиз - шаҳри Душанбе ба хотири арҷгузории таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи мо Конуни тамаддуни ориёӣ таъсис дода мешавад. Ин иқдом аз арзишмандтарин нуктаҳои меҳварии Паёми навбатии Пешвои миллат буда, дар ояндаи наздик барои худогоҳию худшиносии миллӣ хидматҳои бузургу мондагор анҷом дода, метавонад. Пешвои муаззами миллат дар мавриди таҳия ва бунёди чунин Конун ба сохторҳои марбута супориши қатъӣ дода, олимону донишмандон ва роҳбарияти АМИТ-ро вазифадор намуданд, ки “Консепсияи Маркази тамаддуни ориёӣ”-ро дар кӯтоҳтарин муҳлат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намоянд.
Таърих гувоҳ аст, ки тамаддуни ориёиҳо таърихи зиёда аз шашҳазорсола дошта, аз ин тамаддун фарҳангҳои зиёд шодоб гардида, бисёр халқиятҳои дигари рӯйи замин дар заминаи тамаддуни бузурги ориёӣ ба вуҷуд омаданд. Аммо, имрӯз тоҷикон ягона миллате маҳсуб меёбанд, ки худро вориси ҳақиқии ин тамаддуни беназир ҳисобида, Роҳбари тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худро посдор ва эҳёгари таъриху тамаддуни бузурги ориёӣ медонад ва ба арзишҳои фарҳангии ин тамаддуни бузург дар сатҳи давлатӣ арҷ мегузорад ва таҷлил менамояд.
Ҳангоми таҳияи консепсия ҳатман даврабандии таърихӣ ва хронологиро ба назар гирифта, бо консепсия таърихи халқи тоҷик мувофиқ карда шуда, дар заминаи Конун барои омӯзиши ҳамаҷонибаи тамаддуни ориёӣ секторҳо ва шуъбаҳои алоҳида созмон дода шавад, то марҳалаҳои камтаҳқиқшудаи ин тамаддун аз нав мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирад. Масалан, барои дурусту ҳамаҷониба омӯхтани таърихи тамаддуни ориёӣ сектори омӯзиши таърихи тамаддуни ориёӣ бо фарогирии шуъбаҳои омӯзиши таърихи қадимтарини ориёиҳо, шуъбаи омӯзиши таърихи қадими ориёиҳо, шуъбаи омӯзиши таърихи вопасини ориёиҳо, шуъбаи омӯзиши таърихи зуҳури давлатҳои миллӣ ва эҳёи фарҳанги миллӣ, ҳамчунин, шуъбаи бостоншиносии тамаддуни ориёӣ, шуъбаи мардумшиносии тамаддуни ориёӣ ва озмоишгоҳи тибби таърихӣ ба назари эътибор гирифта шавад.
Вобаста ба омӯзиши воқеии таърихи забони муосири тоҷикӣ, ки яке аз шохаҳои забонҳои эронии шарқии оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ маҳсуб гардида, ҳастии миллати тоҷикро дар дарозои таърих таъмин намудааст, таъсиси сектори омӯзиши таърихи забон ва хатҳои ориёӣ бо фарогирии шуъбаи омӯзиши таърихи забон ва хатҳои форсии бостон, шуъбаи омӯзиши таърихи забонҳои форсии миёна ва хатҳои форсии миёна, шуъбаи омӯзиши таърихи забони тоҷикӣ ва хатҳои форсии нави тоҷикӣ ногузир аст, зеро омӯзиши таърихи забон ва хатҳои ориёӣ, ки асоси тамаддунро ташкил медиҳанд, маҳз дар қисмати шарқии тамаддуни ориёӣ, ватани таърихии мо – Хуросони бузург ташаккул ёфтаанд.
Масъалаи дигари қобили тазаккур дар самти муаррифии тамаддуни ориёӣ саҳми донишмандону мутафаккирони аҳди бостонии ниёгони мо дар омӯзиш ва таҳқиқи таърихи тамаддуни ориёӣ мебошад, ки, мутаассифона, саҳми онҳо дар ташаккули анвои улум, фарҳанг ва таърихи давлатдориву низоми идорӣ тира монда, нисбат ба таҳқиқоти муаррихони ватанӣ, дар осори таҳқиқотии олимони хориҷӣ бештар ба чашм мерасад. Маҳз барои таҳқиқи саҳми оламгири олимони асримиёнагии тоҷик, рушди бештари илмҳои тиббу риёзӣ ва пайванди онҳо бо истеҳсолот зарур аст. Сектори омӯзиш ва пажӯҳиши таърихи илм ва фарҳанги ориёӣ бо фарогирии шуъбаи омӯзиши таърихи илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ, шуъбаи омӯзиши таърихи илмҳои табиию риёзӣ, шуъбаи омӯзиши таърихи илмҳои тиб, нуҷум ва мусиқӣ, шуъбаи таърихи фарҳанг, дину оинҳои ориёӣ, таълимоти зардуштия ва авестошиносӣ ба эътибор гирифта шавад.
Яке аз унсурҳои асосӣ ва таркибии тамаддуни ориёӣ ҷашну маросим ва фарҳанги густурдаи он маҳсуб мегардад, ки бунёди онро гуманизм ва инсонсозӣ ташкил медиҳад. Барои омӯзиши дақиқу ҳамаҷонибаи фарҳанг ва ҷашну маросими ориёӣ таъсиси сектори омӯзиши ҷашну маросими ориёӣ бо фарогирии шуъбаҳои омӯзиши таърихи ҷашну маросими ориёӣ ва шуъбаи таҳқиқи фалсафа ва фарҳанги ҷашну маросими ориёӣ ногузир ҳисобида мешавад. Дар охир барои тарҷумаву баргардонии матнҳои таърихии тамаддуни ориёӣ, ки баъзан аз забонҳои аслӣ – форсӣ, тоҷикии қадиму форсии миёна ва бархеи он аз ҷониби муҳаққиқони сатҳи ҷаҳонии Русияву Аврупову Амрико таҳқиқ шудаанд, таъсиси сектори тарҷума ва баргардони матнҳои таърихии тамаддуни ориёӣ ба мақсад мувофиқ мебошад.
Дар ҳикмати мардумӣ овардаанд, ки “офарандаи таърих халқ аст”. Дар асл, таърихро ғолибону фотеҳони бузург, чеҳраҳои бузурги сиёсии ҷаҳонӣ ва пешвоёну доҳиҳо меофаранд. Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари бунёди давлатдории миллӣ, бо таълифи бузургтарин осори таърихии худ “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”, “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”, “Забони миллат – ҳастии миллат“, “Чеҳраҳои мондагор”, “Уфуқҳои Истиқлол” ва дигар осори пурғановати хеш дар самти таърихнигории тоҷик на танҳо ҷараёни нави таърихнигориро ба вуҷуд оварданд, балки ба он тобиши ҷадид бахшида, эҳёи хотираи таърихӣ ва арзишҳои тамаддуни ориёиро ҳадафи асосии муаррихон қарор дода, ба ин восита, миллати тоҷикро ҳамчун миллати тамаддунофарин ва Тоҷикистонро Конуни тамаддуни ориёӣ эълон намуданд.
Ориёиҳо хотираи таърихиву бостонии ниёгони хешро эҳё карданд, аз ҷумла дар давраҳои империяҳои бузурги Ҳахоманишӣ, Ашконӣ, Кушонӣ ва Сосонӣ ин тамаддун бо рангорангӣ ва мазмуну моҳият ба омӯзиши ҷиддӣ ниёз дорад. Дар давоми асрҳои миёна эҳёи хотираи таърихӣ, заминаи пайдоиши давлатҳои миллии Тоҳириёну Саффориён ва Сомониён гардиданд.
Дар замони муосир бо пос доштани хотираи таърихии ниёгон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иттиҳоду сарҷамъии тоҷикони ҷаҳон таъмин ва умри давлатдории навини мо – Тоҷикистони бузург, абадӣ хоҳад гашт.
Муҳаммадюсуф ИМОМЗОДА,
узви пайвастаи АМИТ, доктори илмҳои
филология, профессор,
Тоҷиддин ҒУЛОМОВ,
доктори илмҳои таърих, профессори
кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДМТ
