ДИАБЕТИ ҚАНД. САБАБҲО, ПАЙОМАДҲО ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ

Дигар ҷойи баҳс нест, ки диабет дар ҷаҳон рӯ ба афзоиш дорад, мутаассифона, кишвари мо низ истисно нест. Саволе ба миён меояд, ки чӣ омилҳо боиси пайдоиши он мешаванд? Ҳамсуҳбати мо Абдулло Мирализода, мудири шуъбаи эндокринологияи Маркази тиббии шаҳрии №1, дар бораи сабабҳои асосии гирифторӣ ба диабет чунин мегӯяд:
– Сабаби пайдоиши бемории диабети қанд якчанд омилро дар бар мегирад. Омили якум генетикӣ, яъне ирсӣ мебошад. Омили дуюм, дар давоми ҳаёт, ҳангоми барзиёдии вазни бадан ва стресҳои пайдарҳам, тартиби нодурусти истеъмоли ғизо ва бемориҳои музмини системаи ҳозима, ба монанди гастритҳо, дуоденитҳо ба амал меояд. Дигар сабаби бемории қанд, аз ҷониби занҳо истифода бурдани доруҳои гармоналӣ аст. Омили дигар бемориҳои вирусӣ метавонад бошад. Пайдарпай гирифтор шудан ба бемориҳои вирусӣ боиси пайдо шудани бемории қанд мегардад. Инчунин, нафароне, ки аз тарафи падарӣ диабети қанд доранд, дар насли ояндаи занони онҳо эҳтимоли пайдошавии ин беморӣ дида мешавад ва агар аз тарафи модарӣ диабети қанд бошад, эҳтимоли пайдошавӣ дар наслҳои писар ба назар мерасад.
Мутахассисон бемории қандро ба ду навъи асосӣ ҷудо мекунанд. Ин ду навъ бо ҳам фарқҳои ҷиддӣ доранд: ҳам аз ҷиҳати сабаб, ҳам роҳҳои табобат.
Дар диабети қанди навъи 1 ғадуди зери меъда инсулинро тамоман ё хеле кам истеҳсол мекунад. Ин навъ бештар дар кӯдакон ва ҷавонон ба назар мерасад ва беморон маҷбуранд тамоми умр инсулин қабул кунанд. Аммо дар диабети қанди 2 инсулин дар бадан мавҷуд аст, вале ҳуҷайраҳо онро дуруст қабул намекунанд. Ин навъ бештар дар калонсолон, махсусан дар нафарони вазнашон зиёд, камҳаракат ё дорои омилҳои ирсӣ, пайдо мешавад. Табобати он, асосан, бо тағйири тарзи ҳаёт, парҳези дуруст ва доруҳо анҷом дода мешавад, дар баъзе ҳолатҳо бошад, инсулин низ лозим мегардад.
Яке аз сабабҳои асосии афзоиши бемории қанд истеъмоли нодурусти ғизо аст. Истеъмоли зиёд ва пайвастаи ғизои равғанин, шириниҳо ва хӯрокҳои зудтайёр ба равиши мубодилаи моддаҳо халал мерасонанд, хусусан истифодаи доимии карбогидратҳои сода, ба мисли фастфуд ва он маҳсулоте, ки аз орди навъи якум омода мешавад, ба монанди қаннодиҳо, кулчақандҳо, шириниҳо. Онҳо дар организм хеле зуд ҳал мешаванд. Дар натиҷа, миқдори зиёди глюкоза ҳосил мешавад, ки сатҳи қанди хунро якбора баланд мекунад ва заминаи пайдоиши диабети қандро фароҳам меорад. Аз ин рӯ, риояи ғизои солим ва маҳдуд кардани истеъмоли ғизоҳои равғанин ва карбогидратҳои сода барои пешгирии ин беморӣ аҳамияти калон дорад. Бемории диабети қанд метавонад солҳои тулонӣ бенишона бошад. Бисёре аз одамон ҳатто намедонанд, ки гирифтори онанд. Аммо баъзе аломатҳои мушаххас ҳастанд, ки бояд ба онҳо диққат дод. Се аломати асосии бемории диабети қанд мавҷуд аст: полиурия – бисёр пешоб кардан, полидипсия – ташнагии доимӣ, бисёр об хостан ва полифагия – бисёр хӯрок хостан, вале бо вуҷуди он лоғар шудан ё қуват нагирифтан. Бо вуҷуди он ки бемории қанд пурра шифо намеёбад, вале табобати дуруст метавонад онро зери назорат гирад ва ба беҳбудии ҳаёти бемор мусоидат кунад.
Албатта, ҷойи нигаронист, ки тибқи таҳлилҳои оморӣ, дар Тоҷикистон шумораи беморони дорои диабети қанд рӯ ба афзоиш буда, баррасӣ ва пешгирӣ аз он мавзуи рӯз аст. Танҳо тавассути огоҳии бештар, интихоби тарзи ҳаёти солим ва назорати саривақтии саломатӣ метавон аз пайомадҳои ҷиддии он ҷилавгирӣ кард. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд нисбати саломатии худ масъулиятшинос бошем.
Басона САТТОРЗОДА,
“Ҷумҳурият”
