«ЁДДОШТҲО» – РОҲНАМОИ НАСЛИ ИМРӮЗУ ОЯНДА

15 феврал 2026, Якшанбе
10


(Дар ҳошияи “Ёддоштҳо”-и ходими намоёни сиёсиву ҷамъиятӣ, профессор Саймумин Ятимов)
Таҷрибаи собитшудааст, ки ба ҳар як асар пеш аз ҳама аз нигоҳи мазмуну муҳтаво, фарогирии ҳодисаву воқеаҳо, тарзи нигориш ва сабку услуби баён баҳо гузошта мешавад. Аз ҳамин нигоҳ, ҷоиз ба таъкид аст, ки «Ёддоштҳо»-и профессор Саймумин Ятимов аз лиҳози муҳтаво, моҳият, мазмун, равону фаҳмо будани забон, сабку услуби навишт, баёни хронологии ҳодисаҳо, ҷаззобияту таъсирбахшӣ яке аз беҳтарин асарҳои насрии даврони истиқлол ба ҳисоб рафта, нисбат ба дигар асарҳои насри адабии ёддоштӣ арзиши баланд дорад.
Бо вуҷуди фарогирии масъалаҳои гуногуни ҳаётӣ бояд ёдрас шуд, ки ҷавҳари асосии асарро, дар умум, мавзуъҳои тарбиявӣ, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, илму маърифат, ҳикмату донишандӯзӣ, китобхонӣ, эҳтироми падару модар, арҷгузорӣ ба устод ва роҳбар, таъмини амнияти давлат, эҳтироми инсон, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, садоқат ба Ватан ва Роҳбари давлат, ҳифзи ягонагии кишвар, муқовимат бо зуҳуроти номатлуб ва заҳмату меҳнати пайваставу хастагинопазир ташкил медиҳанд.
Дар пайвандӣ ба ҳамин масъала, дар қисмати муқаддимавии асар ишора мешавад, ки сарчашмаи тағйироти табиат, ҷамъият ва тафаккур талаботи одам тавассути маърифат ва иродаи ӯст. Аз ин рӯ, муаллиф мақсад аз иншои ёддоштҳоро ба наслҳои имрӯзу оянда расондани ҳамин ҷараён бо умеди пешравӣ, осудагӣ ва озодагӣ мебинад.
Дар қисми 1-уми асар аз нигоҳи хронологӣ, асосан, воқеаву ҳодисаҳо ва паҳлуҳои гуногуни зиндагиномаи муаллиф аз замони таваллуд то замони бозгашт аз курсҳои олии мактаби Кумитаи давлатии бехатарӣ дар шаҳри Минск, яъне 1-уми январи соли 1981 инъикос шудаанд.
Омӯзишу таҳлили асар собит менамояд, ки даврони кӯдакиву наврасии муаллиф ба мисли ҳазорон кӯдакону ҷавонони солҳои 60-ум ва 70-уми асри гузашта, бо меҳнату заҳмат паси сар шудааст. Нависанда таъкид менамояд, ки давоми дувоздаҳ моҳ вақти хешро барабас масраф накарда, мо, кӯдакон ҳамроҳи калонсолон ба кор фаро гирифта мешудем. Аз ҷумла, дар ин муддат ба кофтану тоза кардани ҷӯю заҳбурҳо, шудгори заминҳо, коштани тухми пахта, каланд кардан, об додани зироат, чиниши ҳосили пахта, баъдан ҷамъоварию бурдани ғӯзапоя ба хона ва шудгори пешакии заминҳо ҷалб мешудем. Маҳз шуғлмандӣ ба меҳнат ва дилбастагӣ ба кор, яке аз омил ва сабабҳои асосии ташаккули шахсияти минбаъдаи муаллифи асар мегардад.
Яке аз мавзуъҳои меҳварии асарро масъалаи эҳтироми падару модар ташкил медиҳад. Оид ба саҳми боризи падари меҳрубон – амаки Абдусаттор ва модари азиз – холаи Зебуниссо дар тарбияи муаллиф, дар асар маълумоти ҷолиби диққат пешниҳод шудаанд. Нависанда эътироф менамояд, ки падару модар ҳамчун чароғи равшан, офтоби тобон ва шамъи фурӯзон ҳамеша дар равшан ва мунаввар сохтани роҳи минбаъдаи пешрафти ӯ хизматҳои мондагор анҷом додаанд.
Дар робита ба ин масъала, муаллиф бо ифтихор таъкид менамояд, ки «бузургтарин намунаи пайравӣ ва шахсияте, ки дар ташаккули ман ҳамчун инсон муассир буд, падарам ва муҳити оилавии мо буд».
Ё ҷойи дигар ҳамчун нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба хизматҳои мондагор ва беназири онҳо дар тарбия ва рушду камоли фарзанд чунин менигорад: «Волидайнам барои ман аввалин муаллимони зиндагӣ ҳастанд. Ман ҳама вақт ва ҳоло ҳам ниҳоят кӯшиш мекунам, ки ба онҳо монанд бошам».
Муаллиф симо ва ё портрети падари худро дар асар чунин тавсиф менамояд: «Падарам марди қоматбаланд, газгӯшт, бо дасту панҷаи мустаҳкам, чашму абрӯсиёҳ, рӯйи гирд, бинии баланди теғадор, пешонивасеъ, манаҳи бе аломатҳои хос ва дар пойинтар аз рухсораи чапаш як холи ноаёни гӯштӣ, овози боқувват ва моил ба иродатмандию фармонфармоӣ дошт».
Назар ба андешаи нависанда, беҳтарин хислати падар меҳнатқаринӣ, кордӯстӣ, мушкилнописандӣ, ростқавлӣ, адолатхоҳӣ, ҷавонмардӣ, ғаюриву далерӣ ва садоқати беандоза ба дӯстони покниҳод буд.
Мавзуи дигари марказии асарро масъалаи мактабу маориф, китобхониву илмомӯзӣ ташкил медиҳад. Дар рушду пешрафти давлат, таъмини зиндагии шоиста, ба камол расидани инсони комил ва тарбияи инсони дорои ҷаҳонбинии васеи илмӣ нақши илму маориф беназир аст.
Ба андешаи муҳаққиқ, бузургтарин неъмате, ки дар дунё арзи ҳастӣ мекунад, илму дониш ва фарҳангу маърифат аст.
Назар ба андешаи ӯ, “мактабҳои миёнаву олӣ на барои он ифтихор мекунанд, ки чӣ миқдор шогирд тарбия кардаанд. Бо он фахр доранд, ки чӣ қадар шогирд тарбия кардаанд, ки барои мардум ва ҷомеа фоидабахш будаанд. Дар давлат бузургтар ва муқаддастар аз мактаб дигар муассисае вуҷуд надорад ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад. Он чизе, ки дар ҷомеа ҳаст – сохти давлатдорӣ, сулҳу суботи имрӯзу оянда, рушду тараққиёт аз мундариҷа, муҳтаво, сифат ва натиҷаи кори мактаб вобаста аст”.
Аз ин рӯ, ба андешаи муаллиф, аввалин муассисае, ки чашм кушода дидааст ва дар хотирааш як умр нақш бастааст, мактаб буд. Муҳимтарин муассисаи хотирмон, ҳаётбахш ва умеду орзуи худро мактаби деҳаи Ориён меҳисобад.
Муаллиф вазъи онрӯзаи мактаби Ориёнро чунин тасвир мекунад: «Мактаби ибтидоӣ, чорсола ва аз ҳашт синфхона иборат буд. Албатта, деворҳои он аз лой бунёд гашта, фаршаш замини одӣ ва сақф, боми мактаб бо чӯбу хас пӯшонида шуда, аз болояш андова дошт».
Гузашта аз он, назар ба гузориши муаллиф он солҳо дар деҳа ҳеҷ кас дар бораи барқ ва системаи ягонаи гармидиҳӣ андеша ва орзу ҳам намекард. Ба деҳаи Ориён, аввалин маротиба, тобистони соли 1967, замоне, ки муаллифи асар дар синфи панҷум мехонд, барқ омад. Вале бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта дарсҳо он замон дар сатҳи баланд мегузаштанд, муаллимон бо дарки масъулият вазифаи худро анҷом медоданд, хонандагон бо баҳои хубу аъло таҳсил мекарданд, беҳтарин шогирдон ва кадрҳо омода мегардиданд ва муҳимтар аз ҳама, мактаб маркази асосии амалӣ намудани тарзи ҳаёти солим ва дунявӣ маҳсуб мегашт. Дар чунин шароит ҳам, ин мактаби аз обу гил сохташуда на танҳо маркази таълиму тарбия, балки меҳвари аслии ташвиқу тарғиби сохти давлатдорӣ, маркази маорифу маданият, тарзи ҳаёти нав ва гарави пешравии ҷомеа эътироф мегардид.
Аз ин рӯ, насли имрӯз ва ҷавонони саодатманди мамлакат бояд аз он шоду сарфароз ва шукргузору ифтихорманд бошанд, ки маҳз бо шарофати касби истиқлоли давлатӣ, аз баракати ваҳдати миллӣ дар заминаи сиёсати созанда ва бобарори маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар мамлакат беҳтарин шароити таҳсилу илмандӯзӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳамасола дар тамоми мамлакат муассисаҳои нави таълимӣ муҷаҳҳаз бо тамоми шароити зарурӣ, технологияи иттилоотию иртиботӣ ва аёният сохта, ба истифода дода мешаванд. Ҷавонони мо бояд ҳамеша дар мадди назар дошта бошанд, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз ёфта, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳама соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Нависандаи асар чунин хулосабарорӣ мекунад, ки дар ҷараёни таълиму тарбия муаллим шахсияти марказӣ, офарандаи фазо ва амаликунандаи мақсадноки тарбия аст. Бинои ҳозиразамони мактаб, васоити техникӣ, синфҳои компютерӣ, майдончаҳои барҳавои варзишӣ гарчанде муҳиманд, нақши марказонидаи муаллим – меҳвари муайянкунандаи ҷарёни маърифаткунонии бунёди ҷомеа буд, ҳаст ва боқӣ мемонад.
Дар ҳамин замина, муаллиф барои исбот дар асар аз хизматҳои як қатор омӯзгорони шуҳратёру хизматнишондодаи мактаби миёнаи деҳа, ба монанди муаллими аввалини хеш, мудири мактаб Ғоибназар Забиров, муаллими фанни таърих ва ҷуғрофия Усмон Раҳимов, муаллими фанни забони тоҷикӣ Амонулло Саидов, муаллими фанни адабиёт Саид Шарифов бо камоли ифтихор ёдовар шуда, саҳми онҳоро дар таълиму тарбияи шогирдон баланд арзёбӣ мекунад.
Масъалаи дигари муҳиме, ки дар асар зиёд ва ҷиддӣ ба мушоҳида мерасад, ин масъалаи рӯй овардани ҷавонон, донишҷӯён, хонандагон ва тамоми қишрҳои ҷомеа ба китобу китобхонӣ аст. Дар замони муосир мусаллаҳ будан бо иттилоот, илму маърифат ва донишҳои фарох кафолати таъмини пешравии давлат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ маҳсуб мешавад, зеро бузургони мо беҳуда нагуфтаанд: «Тавоно бувад, ҳарки доно бувад». Ё ин ки ба андешаи шоир:
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Дар пайвандӣ ба масъалаи мавзуи мавриди назар, муҳаққиқ чунин менависад: «Маро як умр, ҳама вақт, дар ҳама ҷо – дар хона, дар роҳ, дар сафар, дар дохил ва хориҷи мамлакат, зиёдтар аз пойбанди эҳсоси гушнагӣ, ташнагӣ, завқ, шавқ, тамоюл ба ниёз ба мисли зарурати кашидани нафас, сарфи лаҳзаи муҳими зиндагӣ, дидори дӯсти азизе, ки муошират бо онаш эҳсоси хастагӣ наорад ва орзуи озодӣ аз банди муҳосирааш ба хотир наояд, хондани китоб буд».
Муаллиф аз замони донишҷӯйии хеш дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ёдовар шуда, таъкид менамояд, ки солҳои ҳафтодуми садсолаи гузашта, беҳтарин давраи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, маданӣ ва фарҳангии мамлакат буд. Истилоҳоти «китоб», «донишҷӯ», «аспирант», «докторант», «тадқиқоти илмӣ», «кашфиёти илмӣ-техникӣ», «баландшавии некуаҳволии мардум» вирди забони ҳокимони давр ва худи мардум буданд.
Муаллиф ба он назар аст, ки беҳтарин сифати замон – парастиши китоб ва манзалати маориф буд. Сифати давлату давлатдорӣ, инсон ва ҷомеа аз муносибати онон ба китоб ва илму маърифат муайян карда мешавад.
Нависанда масъалаи ҷойгоҳ ва нақши Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва саҳми олимону омӯзгорони донишманду масъулиятшиноси ин боргоҳи илму маърифатро дар таълиму тарбия ва ба камол расидани хеш ба ҳайси як мутахассиси соҳибкасб, дар асар махсус зикр менамояд.
Шоистаи таъкид аст, ки аз рӯзҳои аввали касби истиқлоли давлатӣ, масъалаи дастгирӣ ва таъмини пешрафти соҳаи маориф ва илм, дастгирии олимону омӯзгорон дар маркази таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аз ҷумла, ба таври пайваста доир шудани мулоқоту суҳбатҳои Пешвои миллат бо аҳли зиё ва илму маорифи мамлакат, фароҳам овардани беҳтарин шароити фаъолият, сол ба сол боло бурдани музди маоши омӯзгорону кормандони соҳаи илму маориф, андешидани чораҳо ҷиҳати тақвияти мақом ва манзалати омӯзгор, таъсиси ҷоизаҳои муайян дар соҳаи илму техника барои олимони ҷавон шаҳодати равшани эътирофи олимону донишмандон ва зиёиён ҳамчун захираи бузурги зеҳнии ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Аз ин рӯ, бо назардошти ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат ва Сарвари давлат дар ин соҳа, олимону омӯзгорон ва донишмандону муҳаққиқонро зарур аст, ки бо пуштибонӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи мутахассисони асил ва анҷом додани корҳои арзишманди илмӣ - таҳқиқотӣ софдилона ва содиқона хизмат намоянд.
Эътироф бояд кард, ки аз ҷониби муаллиф бо мақсади бештар гардондани ҷаззобият ва шукуҳу манзалати асар барои хонанда, зимни ифшои ҳолат, сабаб, ҳодисаву воқеаҳо ва муаррифию шиносоии чеҳраҳои алоҳида, жанрҳои гуногуни насри адабӣ бо касбият ва сатҳу сифати баланд истифода шудаанд. Ҳамзамон, истифодаи маълумоти муътамад ва мушаххас бо баёни дақиқи рӯз, моҳ ва сол аз саҳифаҳои гуногуни фаъолияти муаллиф дар асар аз хотираи қавӣ ва қобилияти фавқулодаи ташкилотчигию ҳуҷҷатнигории ӯ шаҳодат медиҳад.
Ҳамин тариқ, пас аз мутолааи асари мазкур метавон чунин хулосабарорӣ кард: 1) он яке аз беҳтарин асарҳои насрии даврони истиқлол дар жанри ёддошт маҳсуб мешавад; 2) “Ёддоштҳо” аз ҷониби муаллиф дар сатҳи баланд, бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва ба таври фарогир огоҳ будан аз нозукиҳо ва қонунмандиҳои эҷоди асари насрӣ иншо шудааст; 3) асар ҷанбаи баланди ахлоқӣ ва тарбиявӣ дошта, дар руҳияи давлатмеҳварӣ ва ҳифзи арзишҳои истиқлоли давлатӣ эҷод шудааст; 4) он ҳамчун роҳнамо барои ҷавонон ва насли имрӯзу оянда дар самти аз худ кардани илму маърифат ва донишҳои замонавӣ хизмат менамояд; 5) асоси пешрафт ва расидан ба саодату хушбахтиро барои инсон муаллиф танҳо дар меҳнати пайваста, заҳмат, хондани китоб ва бархӯрдор будан аз илму маърифат медонад; 6) “Ёддоштҳо” барои мутолааи қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла наврасону ҷавонон тавсия дода мешавад; 7) бо вуҷуди анҷом додани рисолати баланд дар умури идории давлат, пешбурди фаъолияти илмиву эҷодӣ аз ҷониби муаллиф шоистаи таҳсин ва қобили пайравист; 8) мутолааи он ба иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар номинатсияи асарҳои насри муосир тавсия дода мешавад.
Дар фарҷом мехоҳам таъкид намоям, ки маҳз дар натиҷаи заҳмату талоши пайваста, меҳнати фидокорона, хизматҳои ҷавонмардона бо шарофати сифатҳои наҷиб, амалҳои пазируфта, ҳисси баланди масъулиятшиносиву меҳанпарастӣ, садоқат ба арзишҳои истиқлоли давлатӣ ва ҳамчун дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат, муаллифи асари мазкур ҳамчун зода ва парваридаи як деҳаи дурдасти мамлакат то ба сатҳи ходими намоёни сиёсиву ҷамъиятӣ, олими маъруф, роҳбари оқилу дурандеш, сиёсатмадор ва дипломати барҷаста, ҳуқуқшиноси шоиста, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон расида, дар байни аҳли ҷомеа ва доираҳои сиёсиву илмӣ маҳбубияту эҳтироми хосро бархӯрдор шудааст.
Умед аст, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин қисматҳои дигари асари мазкурро дастрас намуда, бо шавқи баланд мутолаа мекунем ва олами маънавии хешро ғанӣ мегардонем.


Изатулло МАҲМУДОВ, мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Санаи нашр: 13.02.2026 №: 30