РОҲКОРИ ФАРҲАНГӢ ВА ТАМАДДУНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. АЗ МАРКАЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ТО КОНУНИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ

16 феврал 2026, Душанбе
7


Дастури Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мабнӣ бар таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе, бояд ба унвони як нуқтаи бозгашт дар сиёсати фарҳанги муосири Тоҷикистон дониста шавад. Ин тасмимҳо сирфан як иқдоми намодини фарҳангӣ нест, балки баёнгари як роҳбурди амиқ дар заминаи худшиносии миллӣ, тасбити ҳувияти таърихӣ ва вуруди фаъол ба гуфтугӯҳои тамаддунии ҷаҳон аст. Наврӯз дар ин чашмандоз фақат як ҷашн нест, балки Наврӯз табдил ба меҳвар ва дарвозаи тамаддуни ориёӣ мешавад барои бозтаърифи ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҳофизаи тамаддуни башар.
Агар се даҳаи сиёсати фарҳангии Тоҷикистонро мурур кунем, мебинем ки ин тасмим натиҷаи авҷи як масири мантиқӣ ва тадриҷӣ аст: эҳёи ҷашнҳои ниёгонӣ, бозсозии ҳофизаи таърихӣ, сабти меросҳои фарҳангӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва акнун тасбити ниҳодии ин мерос дар қолаби Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар Душанбе – пойтахти Тоҷикистон.
Вожаи «конун» дар ин лоиҳа, дорои бори маъноии вижае аст. Конун яъне маркази зоиш, сарчашма, нуқтаи оғоз. Дар сатҳи намодин, таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ ба маънои эъломи ҷойгоҳи Тоҷикистон ба унвони яке аз хостгоҳҳои таърихии ин ҳавзаи тамаддунист. Ин иқдом, дарвоқеъ, бознависии мавқеияти фарҳангӣ ва тамаддунии Тоҷикистон дар ҷуғрофиёи фарҳангии минтақа аст.
Дар ҷаҳони муосир миллатҳо фақат бо марзҳои сиёсӣ таъриф намешаванд, онҳо бо ривояти тамаддунии худ шинохта мешаванд. Кишварҳое, ки тавонистаанд ҳофизаи таърихии худро ба ниҳод табдил кунанд, дар низоми фарҳангии ҷаҳон ҷойгоҳи пойдор ёфтаанд. Қудрати фарҳангӣ камтар аз қудрати иқтисодӣ ё низомӣ нест. Миллатҳо аз тариқи намодҳои тамаддунии худ дар ҳофизаи ҷаҳонӣ ҳузур пайдо мекунанд. Ҳамон гуна ки Юнони Бостон, Миср, Чин ё Ҳинд бо марказҳои тамаддунии худ шинохта мешаванд, Тоҷикистон низ бо сохтани Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар ҳалли тасбити ҷойгоҳи худ дар нақшаи тамаддунии ҷаҳон аст.
Ин ҳаракат на як иддаои бартариҷӯёна, балки як иқдоми ҳувиятӣ ва тамаддунӣ аст. Ҳар тамаддуне ҳақ дорад хостгоҳҳои худро бозшиносад, посдорӣ кунад ва ба ҷаҳон муаррифӣ намояд. Дар ин маъно, Конуни тамаддуни ориёӣ лоиҳаест, ки тамаддуни ориёӣ дар он фаротар аз гуфтумони миллӣ, шомили гуфтугӯи тамаддунҳо дар муносиботи ҷаҳонӣ мешавад.


НАВРӮЗ – ЗАБОНИ МУШТАРАКИ МИНТАҚА ВА МЕҲВАРИ ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГӢ
Наврӯз яке аз маъдуд падидаҳои фарҳангист, ки марзҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва диниро дарменавардад ва ҳавзае васеъ аз миллатҳо ва фарҳангҳоро бо ҳам пайванд медиҳад. Ин ҷашн ҳомили ҳофизаи муштараки таърихӣ, асотирӣ ва зистмуҳитии мардумоне аст, ки дар як паҳнаи тамаддунӣ зиндагӣ кардаанд. Таъсиси Маркази байналмилалии Наврӯз дар Душанбе ба маънои табдил додани Тоҷикистон ба меҳвари гуфтугӯи фарҳангҳои наврӯзӣ аст.
Дар ҷаҳоне ки танишҳои идеологӣ ва сиёсӣ афзоиш ёфта, ҷашнҳо метавонанд забони нарми дипломатия бошанд. Наврӯз ба далели пайвандаш бо табиат, замон ва зоиш, ҳомили паёме ҷаҳонӣ аст: эҳтиром ба Замин, умед ба таҷдиди ҳаёт ва имкони оғози дубора. Ин мафоҳим фаротар аз қавм, мазҳаб ва сиёсат қарор мегиранд.
Маркази Наврӯз метавонад ба як сукуи (платформаи) ҷаҳонӣ барои гуфтугӯи фарҳангӣ бадал шавад; маконе барои пажӯҳиш, ҷашн ва табодули ҳунарӣ миёни миллатҳо. Дар ин чаҳорчӯб, Тоҷикистон на фақат ҳофизи як суннат, балки мизбони гуфтугӯи тамаддунӣ хоҳад шуд.


ЭҲСОСИ ХОЛИГОҲИ ФАРҲАНГӢ ВА ЗАРУРАТИ ПОСДОРӢ АЗ ҲОФИЗАИ ТАМАДДУНӢ
Таърих нишон додааст, ки холигоҳи фарҳангӣ ҳеҷ гоҳ холӣ намемонад ва тавассути фарҳанги дигарон пур мешавад. Ҳар гоҳ ҷомеае аз мероси худ фосила бигирад, он хало бо улгуҳои берунӣ пур мегардад. Худшиносии фарҳангӣ як амри тазйинӣ нест, балки масъалаи бақо ва тадовуми ҳувияти фарҳангӣ ва миллӣ аст.
Дар бахшҳое аз минтақа, фишорҳои ифротгароии мазҳабӣ ё лоиҳаҳои сиёсии муосир муҷиби беэътиноӣ ба меросҳои фарҳангии миллӣ ва ниёконӣ шудааст. Бархе ҷашнҳо ва ойинҳои куҳан ё фаромӯш шудаанд ё мавриди мухолифат қарор гирифтаанд. Дар чунин фазо сиёсати фарҳангии Тоҷикистон нақши ҳифозатӣ пайдо мекунад: посдорӣ аз лояҳои мутанаввеи ҳувияти инсонӣ, миллӣ ва ниёконӣ.
Тамаддунҳо таклоя нестанд. Ҳар тамаддун ҳосили анбошти таърихии таҷрибаҳои гуногун аст: асотирӣ, кишоварзӣ, ҳунарӣ ва фалсафӣ. Ҳазфи ҳар лоя ба маънои фақир кардани кулли ҳувият аст. Эҳёи ҷашнҳои ниёконӣ дар Тоҷикистон, дарвоқеъ, дифоъ аз танаввуи ҳувиятӣ ва фарҳангии инсони ориёӣ аст.


ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ НИЁКОНӢ: БОЗСОЗИИ ҲОФИЗАИ ҶАМЪӢ
Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Ялдо фақат ҷашн нестанд, онҳо забони намодини ҷаҳонбинии ориёӣ ҳастанд. Ин ҷашнҳо робитаи инсон бо табиат, замон, марг ва зоиши дубораро баён мекунанд.
Ҷомеае, ки ҷашнҳои худро аз даст бидиҳад, бахше аз забони намодини худро аз даст медиҳад.
Забони намодин (ҷашнҳо) дар ҳақиқат ҳувияти фарҳангӣ ва тамаддунии як миллат ва ҷомеа аст. Чаро? Барои ин ки тафовути як миллат бо миллатҳои дигар бар асоси ҳувияти фарҳангӣ ва тамаддунии он мушаххас мешавад, вагарна инсонҳо ҳама дорои як хостгоҳ ва мабно ҳастанд. Аммо вақте ки мегӯем тоҷик, хитоӣ, араб ва... тафовут дар инсонияти мо нест, балки тафовут дар ҳувияти фарҳангӣ ва тамаддунии мо аст, ки ҳувияти фарҳангӣ ва тамаддунии тоҷик, араб, хитоӣ ва... фарқ мекунад.
Бар ин асос, метавон фарҳанг ва тамаддунро ба таъбири Арасту «сурат»-и як миллат донист, зеро Арасту ба ин назар аст, ки филиз ба унвони як мода филиз аст ва сурати хосе надорад, аммо вақте филиз ба суратҳои хос табдил мешавад, ин ҷо аст, ки моҳият ва ҳувият пайдо мекунад. Масалан, ҷинси як шамшер, чоқу, дастгири дарвоза метавонад филиз бошад, аммо ҳар кадом бинобар сурате, ки дорад, тафовути ҳувиятӣ ва коркардӣ пайдо мекунад. Бинобар ин, фарҳанг ва тамаддун «сурати миллатҳо» аст ва бар асоси фарҳанг ва тамаддун аст, ки миллатҳо дорои ҳувиятҳои мутафовит мешаванд.
Эҳёи ин ҷашнҳо дар Тоҷикистон тайи солҳои гузашта як лоиҳаи фарҳангии ҳадафманд будааст. Бархе аз ин ойинҳо дар минтақа тақрибан ба фаромӯшӣ супурда шуда буданд. Бозгардондани онҳо ба зиндагии иҷтимоӣ, яъне бозгардонидани ҳофизаи таърихӣ ба виҷдон ва худогоҳии ҷамъӣ аст. Ҷашнҳо бистари отифии фарҳангро фароҳам мекунанд ва Конуни ёдшуда бистари фикрӣ ва пажӯҳишии онро.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои гузашта бо ҳимоят аз эҳёи ин ойинҳо, бистари фарҳангиеро фароҳам кард, ки акнун ба ниҳодинасозии тамаддунӣ анҷомидааст. Конуни тамаддуни ориёӣ натиҷаи мантиқии ин масир аст: нахуст эҳё ва акнун тасбити ниҳодӣ.


ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ ВА ВУРУД БА ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО
Дар назарияи гуфтугӯйи тамаддунҳо, шарти гуфтугӯ, доштани ҳувияти рӯшан аст. Тамаддуне, ки худро нашносад, ҳақиқат ин аст, наметавонад вориди гуфтугӯйи тамаддунҳо шавад ва агар шавад ҳам, дар гуфтугӯ ҳал мешавад, зеро ба унвони дорандаи як дидгоҳи мустақили тамаддунӣ ширкат натавонистааст. Эҷоди Конуни тамаддуни ориёӣ ин имконро фароҳам мекунад, то ин ҳавзаи тамаддунӣ ба унвони як воҳиди фикрии мустақил, вориди арсаи фарҳангии ҷаҳон ва гуфтугӯйи тамаддунҳо шавад.
Ин Конун метавонад маҳали пажӯҳишҳои татбиқӣ, ҳамоишҳои байналмилалӣ ва тавлиди дониш дар бораи тамаддуни ориёӣ ва мероси муштараки фарҳангӣ ва тамаддунии кишварҳои минтақа бошад. Тамаддуни ориёӣ фақат як хотираи таърихӣ нест, балки як низоми фикрӣ дар бораи табиат, замон, ахлоқ, ва ҳамзистии инсонӣ аст, ки метавонад дар мабоҳиси муосири ҷаҳон мушорикат кунад. Вуруди ин тамаддун ба гуфтугӯйи ҷаҳонӣ ба маънои афзудани як садои тамаддунӣ ба чандсадоии тамаддунии башар аст. Ҳарчи танаввуи садоҳои тамаддунӣ бештар бошад, имкони фаҳми мутақобили тамаддунӣ дар муносиботи ҷаҳонӣ низ бештар мешавад.


ТОҶИКИСТОН – МАРКАЗИ ТАСБИТИ ҲОФИЗАИ ТАМАДДУНИИ МИНТАҚА
Дар шароите, ки бахшҳое аз минтақа даргири танишҳои идеологӣ ва фаромӯшии таърихӣ ва тамаддунианд, Тоҷикистон метавонад нақши як ҳофиз ва нигаҳбони тамаддуниро ифо кунад. Хушбахтона, бинобар тадбир ва мудирияти фарҳангӣ ва тамаддунии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, давлати Тоҷикистон ба ҷойгоҳи эҳёгар, нигаҳбон ва ривоҷдиҳандаи фарҳанг ва тамаддуни ориёӣ расидааст. Конуни тамаддуни ориёӣ метавонад маҳали гирдиҳамоии пажӯҳишгарони минтақа шавад ва фазое муштарак барои мутолааи гузашта ва сохтани оянда. Чунин ниҳоде Тоҷикистонро ба як пули фарҳангӣ миёни миллатҳо бадал мекунад.


МАСЪУЛИЯТИ НУХБАГОН: АЗ ЛОИҲАИ ФАРҲАНГӢ ТО ЛОИҲАИ ФИКРӢ
Вақте ки давлат чаҳорчӯби ниҳодӣ ва масири фаъолияти фарҳангиро фароҳам мекунад, он гоҳ масъулияти нухбагони фарҳангӣ оғоз мешавад. Агарчи тамаддуни ориёӣ дорои пешина аст, аммо ниёз ба пажӯҳиш ва андеша дорад, ки ҳарчи бештар аз назари андешаварзӣ дар рӯзгори муосир, зоё ва пӯё шавад. Шоирон, нависандагон, таърихпажӯҳон ва файласуфони фарҳанг бояд муҳтавои назарии ин лоиҳаи тамаддуниро тавлид кунанд.
Пажӯҳиш дар устурашиносӣ, забоншиносӣ, таърихи андеша ва фалсафаи фарҳанг метавонад ин мероси тамаддуниро вориди гуфтугӯҳои тамаддунӣ созад. Ҳадаф, бозгашт ба гузашта нест, балки истифодаи халлоқ аз гузашта барои сохтани оянда аст.
Таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯзро метавон нуқтаи гузор аз марҳалаи эҳё ба марҳалаи ниҳодсозии тамаддунӣ донист. Тоҷикистон бо ин иқдом, лоиҳаи худшиносии миллиро ба сохтори пойдори фарҳангӣ ва тамаддунӣ табдил мекунад. Дар ҷаҳоне, ки ҳувиятҳо ё дар ифротгароӣ фурӯ мераванд, ё дар масрафгароии ҷаҳонӣ ҳал мешаванд, ин лоиҳа роҳи севумро пешниҳод мекунад: бозгашти халлоқ ба решаҳо барои мушорикати фаъол дар ояндаи ҷаҳон.
Иқдоми фарҳангӣ ва тамаддунии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо барои Тоҷикистон не, балки барои ҳамаи ҳавзаи тамаддуни ориёӣ, ки шомили Эрон ва Афғонистон низ мешавад, аҳамияти хос дорад, зеро мо дар Афғонистон ва ҳатто дар Эрон дучори фаромӯшии фарҳанг ва тамаддуни ориёӣ шудаем ва ончунон, ки лозим аст, ба ҷашнҳо ва арзишҳои фарҳангии тамаддуни ориёӣ таваҷҷуҳ намешавад.


Яъқуби ЯСНО, шоҳномашинос, доктори илмҳои суханшиносӣ аз Афғонистон

Санаи нашр: 16.02.2026 №: 31