РОМИТ. МИНТАҚАЕ, КИ САЙЁҲОНРО МАФТУН МЕКУНАД

Оҳанги хуши рӯди Ромит ва қиссаю афсонаҳои кӯҳҳои он ба ҳама ошно. Наққоши табиат ин маконро бо зеботарин рангҳо ороста, ки аз диданаш дил ба шӯр меояду руҳ таскин меёбад. Аз ин рӯ, ҳамчун минтақаи истироҳатӣ, табобатию сайёҳӣ маъруф шудани Ромитдара амри тасодуф нест.
Ромит бо мавзеъҳои диданӣ, боду ҳавои мусоид, обҳои мусаффо ва набототу ҳайвоноти нодираш яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳии кишвар ба ҳисоб меравад. Тибқи арзёбии мутахассисони соҳа, дар дараи Ромит имкони рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла экологӣ, муолиҷавӣ, рекреатсионӣ, кӯҳӣ, сайругаштӣ ва варзишӣ, мавҷуд аст. Бо назардошти ин, соли 2000-ум аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дараи Ромит ҳамчун минтақаи истироҳатӣ ва сайёҳӣ эълон гардид.
Шамсиддин Холназаров, мудири бахши сайёҳии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома иброз дошт, ки сайёҳон ба меҳмоннавозии сокинон ва маконҳои сайёҳии шаҳр баҳои баланд медиҳанд. Соли гузашта аз минтақаҳои сайёҳии шаҳри Ваҳдат 82 457 сайёҳ (аз ҷумла, 1197 сайёҳи хориҷӣ) боздид намуд, ки нисбат ба соли 2024-ум 11,5 ҳазор сайёҳ бештар мебошад. Гардишгарон, асосан, аз давлатҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Россия, Беларус, Арманистон, Эрон, Чин, Австралия, Покистон, Туркия ва Амороти Муттаҳидаи Араб мебошанд.
Бо дарназардошти мавҷудияти ҷойҳои истироҳатӣ ва таърихӣ дар шаҳр, рушди сайёҳӣ имкониятҳои бузург дорад. Дар шаҳр дар заминаи обҳои гарми шифобахши табиӣ осоишгоҳҳои “Зайрон”, “Оби шифо”, “Оби шифо Дӯст”, “Садбарг” фаъолият доранд. Инчунин, резервати биосферии “Ромит”, дараҳои Ромит, Канаск, Арху, Чуянгарон, Симиганҷ барои сайёҳон ҷолиб буда, ҳамасола аз ин мавзеъҳо ҳазорҳо сайёҳ дидан мекунанд.
Махан Имили, намояндаи Хадамоти об ва санитарияи Африқои Ҷанубӣ, оид ба таассуроти сафараш ба ин макон чунин гуфтааст: «Пештар дорои чунин захираҳои бойи обӣ, кӯҳҳои барфпӯш, олами нотакрори набототу ҳайвонот будани Тоҷикистонро шунида будам. Имрӯз ин ҳамаро бо чашми худ мебинаму ба сокинони ин сарзамин ҳавасам меояд, ки дар сарзамини дорои табиати нотакрор умр ба сар мебаранд. Чунки барои зиндагии шоиста ва сазовори инсон ду чиз: об ва ҳавои тоза шарти асосӣ маҳсуб мешаванд. Имрӯзҳо сокинони баъзе аз кишварҳо аз нарасидани оби тозаи нӯшоӣ ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ ҳастанд. Шукрона бояд кард ва дар самаранок истифода бурдани ин сарвати бебаҳо саҳм гузошт».
Яке аз маконҳои дигари ҷолиб ин резервати биосферии “Ромит” мебошад, ки дар масофаи 80 км аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Ҳоло дар ҳар ду ҷониби ин роҳ истироҳатгоҳҳои зиёде бунёд шудаанд, ки диққати касро ба худ ҷалб менамоянд. Ҳавои форам, чашмаҳои равон, обҳои зулол ба кас илҳоми тоза мебахшанд. Тибқи маълумот, дар мамнуъгоҳ 1503 навъи наботот, як намуди обхезҳо, 17 намуди хазандаҳо, 134 намуди парандагон, 32 намуди ҳайвоноти ширхӯр мавҷуданд. Дар ҳудуди резерват, дар натиҷаи кофтукови бостоншиносӣ, ёдгориҳои таърихӣ бозёфт шуданд, ки ба асри X – XII рост меояд.
– Дар соли 2025 хатсайри сайёҳии “Ваҳдат – Сафеддара – Ваҳдат” ва хатсайри сайёҳии дохилии “Душанбе – Ваҳдат – Ромит – Душанбе”-ро бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ ва таблиғу муаррифии бештари имкониятҳои сайёҳии шаҳри Ваҳдат, бахусус дараи Ромит, ташкил ва роҳандозӣ намудем, – гуфт Шамсиддин Холназаров.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва мардуми он ҳамеша бар он мекӯшанд, ки насли наврас аз ҳунармандӣ воқиф бошад ва фарҳангу тамадуни миллати хешро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонад. Аз ин хотир, дар шаҳр рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳунару ҳунармандӣ рӯз ба рӯз рушд меёбад.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА,
“Ҷумҳурият”
