НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ҲАМОИШИ ТАШКИЛОТҲОИ ҲИЗБӢ

23 феврал 2026, Душанбе
5


17-уми феврал дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Ҷумҳурият”-и Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва “Журналистони халқӣ”-и нашрияи ҳукуматии “Народная газета” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Ҷурабек Муродзода ва аъзои Ҳизб маҷлиси умумӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис раисони ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2025 ҳисбот дода, оид ба дурнамои фаъолияти минбаъда ва тарҳи нақшаву барномаҳои нав ибрози андеша карданд.
Қурбоналӣ Раҳмонзода, раиси ташкилоти ибтидоии “Ҷумҳурият”, изҳор дошт, ки соли гузашта тавсеа бахшидани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ тавассути ҷалби аъзои нави Ҳизб яке аз масъалаҳои асосӣ ба шумор рафта, ба сафи мо пайвастани 11 нафар аъзои нав натиҷаи муҳим дар ин самт мебошад. Гузашта аз ин, ташкилоти ибтидоии “Ҷумҳурият” ҳамчун ҷузъи таркибии ҲХДТ барои дар амал татбиқ намудани ҳадафу барномаҳои оинномавии он, иҷрои дастуру супоришҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, кумитаҳои иҷроияи Ҳизб дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ талошҳои судманд анҷом дода, корҳои тарғиботию ташвиқотиро васеъ ба роҳ монд.
– Дар доираи нақшаи нави корӣ тарғибу ташвиқи васеи нуктаҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва инъикоси ҷараёни амалисозии дастуру супоришҳои Сарвари давлат самти асосии фаъолияти мо хоҳанд буд, – таъкид кард Қурбоналӣ Раҳмонзода.
Дар идомаи маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Журналистони халқӣ” Маҳбуба Гулова оид ба натиҷаҳои фаъолият ва нақшаҳои минбаъдаи кории ин ташкилот шунида шуд.
Ҷурабек Муродзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, дар доираи рӯзномаи маҷлис вобаста ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ибрози андеша намуд. Номбурда зикр кард, ки дар Паём таҳкими ваҳдату ягонагӣ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ, механизмҳои муассири татбиқи амалии ҳадафҳои стратегӣ ҳифзи манофеи миллию давлатӣ меҳвари асосӣ буданд.
Дар анҷом аз аъзоёни Ҳизб даъват ба амал оварда шуд, ки корҳои дохилиҳизбиро дар ташкилоти ибтидоӣ ҷоннок намуда, ҷиҳати ҷалби босифати аъзои Ҳизб, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва оммавӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкориҳо ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои мушаххас ва саривақтӣ андешида шаванд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 23.02.2026 №: 36