МАОРИФ. АЗ ДИПЛОМИ ОЛӢ ТО КАЛЛАИ ХОЛӢ
![]()
Дуруст аст, ки таҳсилоти олӣ дар ҳамаи давру замонҳо ҳамчун меҳвари рушди зеҳнӣ ва кафили пешрафти ҷомеа эътироф мегардад. Донишгоҳу донишкадаҳо на танҳо боргоҳи илм, балки мактаби ташаккули шахсиятанд, ки ҷаҳонбинии инсонро тавсеа мебахшанд; ӯро барои ворид шудан ба марҳалаи мураккаби иҷтимоӣ омода месозанд.
Аммо дар шароити имрӯз, ки суръати тағйирёбии технология аз барномаҳои таълимӣ пеш гузаштааст, мафҳуми "мутахассис" дигаргун шуда, зарурати бозбинӣ ба арзиши воқеии ҳуҷҷатҳои таҳсилотро ба миён овардааст. Имрӯз мо шоҳиди онем, ки низоми анъанавии таълим беш аз пеш ба муқобилияти ҷиддии бозори меҳнат рӯ ба рӯ мешавад, зеро гирифтани диплом имрӯз қариб, ки ба ҳама муяссар шуда истодааст. Ин дастрасии оммавӣ, ки дар нигоҳи аввал дастовард менамояд, дар асл боиси коҳиши сифат ва беқурбшавии маънавии унвони "хатмкардаи донишгоҳ" мебошад. Дар натиҷа, мо бо манзараи пуртазоде рӯ ба рӯ мешавем, ки дар он бархе дип-ломро тасодуфӣ ба даст меоранд, иддае бо дониш ва заҳмат, гурӯҳе барои «рӯзи мабодо» ва баъзеи дигар онро соҳиб мешаванд, аммо ба касби интихобкардаашон заррае рағбат надоранд.
Ин вазъият таҳлили амиқро металабад, чунки дар асл мушкилот на дар худи дип-лом, балки дар муносибати сатҳии ҷомеа ба он мебошад. Вақте диплом ба ҷойи воситаи касб кардани дониш ба як "чиптаи бурднок" барои намоиш табдил меёбад, моҳияти таҳсил аз байн меравад. Ин гуна ҷавонон баъди хатм на танҳо дар бозори меҳнат рақобатпазир намегарданд, балки ба як бори гарони иҷтимоӣ табдил меёбанд, ки ҳамеша давлату ҷомеаро барои таъмин накардани ҷойи кор гунаҳкор мешуморанд, ҳол он ки худашон, ҳатто, алифбои касби интихобкардаашонро аз худ накардаанд.
Таҳлили вазъи иқтисодӣ нишон медиҳад, ки дар асри XXI малака ба сармояи асосӣ табдил ёфтааст. Агар донишгоҳ заминаи назариявиро гузорад, малака қобилияти амалӣ кардани донишро фароҳам меорад. Мутахассиси воқеӣ касест, ки миёни ин ду пул месозад.
Бояд эътироф кард, ки диплом бидуни малака имконияти аз даст рафта аст ва малака бе донишҳои бунёдӣ маҳорати маҳдудест, ки дар пешорӯйи тағйироти ҷаҳонӣ зуд куҳна мешавад. Аз ин рӯ, тақдири ҷавонон набояд қурбонии орзуҳои амалинашудаи волидайн ё талоши сохтани обрӯйи дурӯғину зоҳирӣ гардад. Диплом метавонад оғози роҳ бошад, аммо сарнавишти дурахшонро маҳз малака муайян мекунад. Вақти он аст, ки роҳи худро на аз рӯи талаботи ҳамсояву хешутабор, балки аз рӯйи истеъдоди фитрии худ ва ниёзҳои воқеии бозор интихоб намоем.
Муваффақияти ҳақиқӣ дар ҳамоҳангии комили ин ду арзиш нуҳуфтааст. Дипломи воқеӣ бояд тасдиқкунандаи маҳорати воқеӣ бошад ва маҳорат бояд дар заминаи донишҳои амиқи илмӣ рушд кунад. Танҳо ҳамон вақт мо метавонем насли наверо тарбия намоем, ки на танҳо соҳиби ҳуҷҷат, балки соҳиби малакаи тавъам ба касбашон бошанд. Барои ин, мо бояд нигоҳи худро ба таҳсилот дигар кунем: донишҷӯ бояд ба донишгоҳ ё донишкада барои гирифтани илму дониш ва касбу малака равад, на барои соҳиб шудан ба ҳуҷҷати расмӣ. Оморҳо то ҳадде баланданд, ки гоҳо шубҳабарангез мешаванд, вале камбуди мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон қариб дар ҳамаи соҳаҳо парда аз рӯйи асрор бардоштан дорад. Ба қавле, аксаран соҳиби дипломи оливу каллаҳои холиянд. Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки ниҳоят аз шумора ба сифат гузарем. Бигзор чун солҳои қаблӣ 8 – 10 нафар довталаб барои як мизи донишҷӯйӣ сабқат дошта бошанд, на баръакс. Бигзор ҷавонони мо бо заҳмат ба касбе, ки мехоҳанд, муваффақ шаванд. Таҷриба нишон медиҳад, ки танҳо дар сурати сидқан хоҳиш доштан ҳар як ҷавон барои пайванди дониши назариявияш бо таҷрибаи амалӣ кӯшиш мекунад, ки натиҷааш тамоман дигар, балки ояндасоз аст. Маҳз ҳамин тавозун роҳи моро ба сӯйи ҷомеаи солим ва иқтисоди рақобатпазир ҳамвор месозад. Вагарна, коҳиши эътибори низоми таҳсилот идома ёфта, бозори меҳнат бо кадрҳои тасодуфӣ ё ғайриҳирфавӣ пур мешавад, ки ин монеаи асосии пешрафти ҷомеа хоҳад гашт.
Руҳафзо МУРОДОВА,
“Ҷумҳурият”
