ЗЕҲНИ СУНЪӢ. АЗ НИЗОМИ ҲУҚУҚӢ ТО ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ
Зеҳни сунъӣ имрӯз қариб дар ҳамаи соҳаҳо мавриди истифода қарор гирифта, вазифаҳоеро иҷро менамояд, ки ба фаъолияти тафаккури инсон хос мебошанд, аз ҷумла таҳия ва истифодаи системаҳо, таҳлилу омӯзиш, қабули қарор ва дигар равандҳои зеҳнӣ. Ин системаҳо қобилияти таҳлили ҳаҷми бузурги маълумотро дошта, дар асоси онҳо хулосаҳои мантиқӣ мебароранд.
Дар соҳаи ҳуқуқ, ки мутахассисон бо миқдори зиёди ҳуҷҷатҳои матнӣ, қонунҳо, қарорҳои судӣ ва санадҳои меъёрӣ сару кор доранд, чунин имкониятҳо аҳамияти махсус пайдо мекунанд. Баъзе коршиносон бар он назаранд, ки ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар соҳаи ҳуқуқ метавонад ҳам афзалият ва ҳам мушкилиҳои ҷиддиро ба вуҷуд оварад. Технологияҳои муосир роҳҳои гуногунеро пешниҳод мекунанд, ки тавассути онҳо системаҳои зеҳни сунъӣ метавонанд амалияи ҳуқуқиро тағйир дода, самаранокии равандҳоро баланд бардоранд, хатарҳоро коҳиш диҳанд ва дар анҷоми таҳлилҳои мураккаби ҳуқуқӣ мусоидат намоянд.
Имрӯз шумораи зиёди барномаҳову системаҳо бо функсияҳои гуногун пешниҳод мегарданд ва ба ҳуқуқшиносон имкон медиҳанд, ки технологияҳои зеҳни сунъиро дар фаъолияти ҳаррӯза истифода баранд. Суръат бахшидан ба кори ҳуқуқшиносон тавассути ин технологияҳо ҳамчун як афзалияти муҳим арзёбӣ мешавад. Аммо ин танҳо дар сурате имконпазир аст, ки мутахассисон аз мавҷудияти чунин системаҳо огоҳ бошанд ва тарзи дурусти истифодаи онҳоро аз худ намоянд.
Яке аз ҷанбаҳои муҳими фаъолияти ҳуқуқшиносон ҳифзи махфияти маълумот мебошад. Аз ин рӯ, ҳангоми истифодаи чунин системаҳо, аз ҷумла ChatGPT, коркарди маълумот ва ҳуҷҷатҳо бояд бо эҳтиёткорӣ анҷом дода шавад, зеро соҳаи ҳуқуқ сатҳи баланди масъулият ва махфиятро тақозо менамояд. Истифодаи зеҳни сунъӣ дар ҳуқуқшиносӣ дорои мушкилот ва хатарҳои эҳтимолӣ низ мебошад, ки бояд бо танзими ҳуқуқӣ ва назорати дахлдор бартараф гарданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо эълон гардидани солҳои 2025 – 2030 ҳамчун Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия тадқиқот ва нақшаҳо оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ҳуқуқшиносӣ, оғоз шудаанд. Баъзе ширкатҳои ҳуқуқӣ ва донишгоҳҳои кишвар барномаҳоеро таҳия менамоянд, ки метавонанд таҳлили санадҳоро автоматӣ карда, ҳуқуқшиносонро дар омӯзиши қонунҳо дастгирӣ намоянд. Бо вуҷуди ин, ин раванд ҳанӯз дар марҳалаи ибтидоӣ қарор дошта, ба мутахассисони баландихтисос ниёз дорад ва саволҳои зиёдеро ба миён меорад: то кадом андоза метавон ба қарорҳои зеҳни сунъӣ эътимод кард? Барои хатои эҳтимолии система кӣ масъул хоҳад буд?
Ба ҳар ҳол ҳуқуқ ва навовариҳои технологӣ ду унсури ҷудонопазир дар ҷомеаи муосир мебошанд. Бо истифодаи оқилона ва масъулонаи технологияҳо метавон низоми ҳуқуқиро тақвият бахшида, эътимоди шаҳрвандонро афзоиш дод. Аммо пешрафти воқеӣ танҳо дар сурате имконпазир хоҳад буд, ки навовариҳо бо масъулият, назорати ҳуқуқӣ ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ татбиқ гарданд.
Абдулваҳоб САТТОРЗОДА, судяи суди ноҳияи Фирдавсӣ
