ҒАЛЛА. ЗАРАРРАСОНҲОРО ЧӢ ГУНА БЕЗАРАР ГАРДОНЕМ?

26 феврал 2026, Панҷшанбе
7

Ҳамасола бо анҷом ёфтани рӯзҳои сард ва гармшавии ҳаво ташвишу кӯшиши марди деҳқон низ зиёд мешавад. Махсусан, деҳқонони лалмикор бояд аз ҳар лаҳзаи рӯзҳои офтобӣ истифода бурда, сари вақт ғаллазорро аз алафҳои бегона тоза намоянд ва бетаъхир ғизо бидиҳанд. Ҳадаф аз тезондани ин корҳо самаранок истифода бурдан аз боришоти баҳорӣ аст.

Агар ғаллазор сари вақт қад кашида, хӯша бигирад, аз намиҳои оғози фасли баҳор баҳра гирифта метавонад. Дар ин сурат ҳосили хубро умедвор шудан мумкин аст. Мутаассифона, барои гирифтани ҳосили дилхоҳ баъзан мушкилиҳо аз қабили сел, жола ва зараррасонҳо монеа мешаванд.
Яке аз зараррасонҳои ашаддии ғаллакории лалмӣ гамбӯсаки лалмӣ (богарный хруш) ба шумор меравад. Ин ҷонвараки зараррасон дар заминҳои корами лалмӣ ва чарогоҳҳои наздикӯҳӣ ба сар мебарад. Асосан, кирминаҳои он ба решаи зироатҳои ғалладонагӣ зарар мерасонанд.
– Аз оғози фасли баҳор то охири моҳи май кирминаҳо дар қабатҳои болоии сатҳи хок қарор дошта, фаъолияти зараррасониашон дар ҳамин давра ба мушоҳида мерасад. Сипас, кирминаҳо ба қабатҳои чуқури хок (50-70 см) мераванд. Дар моҳи октябр кирминаҳои соли якум (бо дарозии то 17 мм) ва моҳи апрел кирминаҳои соли 2-юмро (бо дарозии 30 мм) дарёфт намудан мумкин аст. Кирминаҳо дар моҳи июли соли сеюми ҳаёташон дар чуқурии 40-50 см дар хоначаи махсуси хокӣ ба зоча мубаддал мегарданд, – мегӯяд сардори Муассисаи давлатии «Муҳофизати рустаниҳо ва химиконии кишоварзӣ», номзади илмҳои кишоварзӣ Дилшод Аҳмадов.
Ба андешаи коршиносон, асоси мубориза бо гамбӯсаки лалмиро чораҳои пешгирикунанда ташкил медиҳад. Тавре мудири бахши «Пешгӯйӣ ва сигналдиҳӣ»-и Муассисаи мазкур Раҳмихудо Давлатов таъкид намуд, бояд шароите фароҳам овард, ки афзоиши ин зараррасони хокиро маҳдуд намуда, шумораи онро кам гардонад. Чораҳои пешгирикунанда, асосан, аз коркарди механикии хок, ба роҳ мондани киштгардон (тавассути кишти маъсар ё зироати дигар), пошидани нуриҳо, ба танзим даровардани зичии қарордоштаи зироатҳо, нест кардани алафҳои бегона ва шудгори чуқур (40-45 см) иборат мебошад.
Гамбӯсаки лалмӣ бештар дар ноҳияҳои Данғара, Фархор, Темурмалик ва Хуросон ба киштзори ғалла осеб мерасонад. Ин зараррасон ба назар намоён нест, зеро ҳамеша дар зери хок буда, решаи ғалладонагиҳоро мехӯрад.
– Яке аз тадбирҳои таъсирбахши нест кардани кирминаҳои гамбӯсаки лалмӣ истифода бурдани домҳои фиребдиҳанда ба шумор меравад. Ба 10 литр об 0,7-0,8 литр инсектитсиди тиодан ё конфидор (0,4-0,5 литр) илова мекунанд. Сипас, бо истифода аз тухмипошакҳо онро аз охири моҳи феврал то нимаи аввали моҳи март, бо меъёри 80-100 кило кунҷора дар як гектар, ба чуқурии 5-6 см ба замин ворид мекунанд, – иброз намуд Дилшод Аҳмадов.
Гамбӯсаки лалмӣ бештар ба гандум, ҷав ва зағиру офтобпараст осеб мерасонад. Аз ин рӯ, деҳқононро зарур аст, ки сари вақт аз ҳолати киштзор бохабар шуда, зимни муайян кардани манбаъҳои пайдошавии зараррасонҳо бо мутахассисони соҳа тамос гирифта, майдонро коркард намоянд.


Сайфиддин СУННАТӢ,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 26.02.2026 №: 39