МЕҲРИ МОДАР
Агар рӯзе Замин аз ҷазбаи худ
Бимонад, мешавад дунё парешон.
Чу коҳе, ки ба чанги бод афтад,
Шавад хурду бузурги мо парешон.
Аё модар, ба ҷазби меҳри покат
Ту ҳамтадбиру ҳамзӯри заминӣ,
Ба гирдат ҷамъ карда баччаҳоят
Зи ҳар кунҷе пайи дидорбинӣ.
Агарчи ҳар кадомеро ҳавоест,
Хаёли дигару маъвои дигар,
Вале сад моҷаро пеши ту яктост,
Ки онон кӯдаконанду ту модар.
Аҷаб давлат, ки ҷазби меҳри покат
Нагардад з-ихтилофу ҷанги мо кам,
Вагарна ҷумла қудратҳои олам
Набитвонанд моро дошт бо ҳам.
Рустам ВАҲҲОБЗОДА, Шоири халқии Тоҷикистон
