НАВРӮЗ. ЧАРО ФИЛМИ ТАСВИРӢ НАДОРЕМ?
![]()
Чанд вақт аст, ки дар сарам як андеша мечархад. Чаро дар бораи Наврӯз барои кӯдакони мо филми комили тасвирӣ набошад? Аз мақоми байналмилалӣ гирифтани ин ҷашни таърихӣ дар Тоҷикистон 11 сол гузашта бошад ҳам, фарзандони мо ҳанӯз филмҳои тасвирии хориҷиро, ки пур аз тарғиби расму оин ва ҷашнҳои миллатҳои дигаранд, тамошо мекунанд. Аз ҳама муҳим, филмҳои тасвирии хориҷии даҳ соли охир на ҳамеша ба ҷаҳоннигариву фарҳанг, суннатҳои ҳазорсолаи мо созгоранд ва дар таркиби худ саҳнаҳои ботилу маърифатзудои зиёде доранд. Дигар тасвирҳои аниматсионии “Ҳоло ист!”, “Муш ва гурба” дар гузаштаҳои дури кӯдакии мо мондаанд.
Баррасиии мавзуи мазкур хеле доманадор буда, ҳоло танҳо масъалаи Наврӯз ва Соли нав дар доираи филми тасвирӣ (мултфилмҳо) кофист, то ҳадаф рӯшантар шавад. Ростӣ, фарзандони мо ончунон шавқу рағбат ба Соли нав доранд, бо муштоқии том ин ҷашнро интизор мешаванд, ки ҳам шодиовар аст ва ҳам ғамнок. Шодиовар он ки онҳо механданд, бозӣ мекунанд, туҳфаҳо мегиранд ва ғамгинӣ аз он аст, ки дар Наврӯзи ҷаҳонӣ ба ин ранг фараҳу хурсандиашонро намебинем.
Аввалҳо ба ин ҷиҳати масъала таваҷҷуҳ намекардам. Баъди соҳиби фарзанд шудан, маҷбур пайи гулчини филмҳои тасвирӣ мегаштам. Мақсад доштам, ки бо забони русӣ ҳам бошад, ҳадди ақал филмҳои хуби ба кӯдакон мувофиқро ёбам, зеро бо забони давлатӣ дар фазои интернет қариб, ки чизе дар ин мавзуъ намеёбем.
Агар сараро аз носара фарқ накардаву ҳамаро ба тамошои онҳо гузорам, оянда кори худам дар тарбият мушкил мешуд. Ба ҷуз аз ин, ин кор чанд сабаб дошт, ки мухтасар хоҳем гуфт:
1. Ҳоло кор ба ҷое расида, ки дар шарҳу тарғиби бештари филмҳои аниматсионӣ навиштаи “Барои тамошои хонаводагӣ” (Семейный мультфилм)-ро мехонем. Яъне, ҳам барои кӯдакон ва ҳам барои калонсолон пешбинӣ шудаанд, аммо дар асл руҳия ва ҷаҳонбинии кӯдакро коста мегардонанд.
2. Дар филмҳои тасвирӣ ҳам кайҳо саҳнаҳои ҷангу куштор ва хунрезиву ваҳшат зиёд шудаанд. Кӯдак на танҳо ба қаҳрамонҳои қотилу зӯри онҳо тақлид мекунад, балки сахт метарсад.
3. Дар онҳо тарғиби рӯёрӯи фаҳшу беахлоқӣ ҷараён дошта, саҳнаҳое ҳаст, ки на танҳо тифл, балки наврасони то 16-сола ҳам набояд тамошо кунанд.
Ба ин хотир, дар рӯзҳои истироҳат ба гулчин ва боргирии тамошоҳои кӯдакон саргарм гашта, дарк кардам, ки аз панҷ дар се филми тасвирӣ ҳатман саҳнае, лаҳзае ё ишорае ба Соли нави масеҳӣ мешавад. Коргардонҳо ва аҳли ҳунари Ғарб дар тарғиби ҷашни ҷаҳонии хеш дасти тамом доранд, ҳалолашон бод!
Мағзу муҳтавои ҳама кори ҳунарӣ муборизаи беамони мухталифи некиву бадӣ аст. Аз ҷумла, гавҳари адабиёти дерсоли мо дар мисоли Наврӯз ҳам ҳамин аст. Ҷангу ҷидоли Аҳурамаздо ва Аҳриман ё нуру зулмат ва нақши инсон дар ин арсаи талош.
Дар филмҳои тасвирии Ғарб низ ду қувва ё ду ранг – сапеду сиёҳ байни ҳам дар талошанд, то ҷаҳонро ба даст гиранд. Аз ҷумла, дар мавриди Соли нав ҳам. Масалан, як гурӯҳи зиште намехоҳад Бобои барфӣ ба ин ё он кишвар расаду муждаи Соли нав диҳад. Ё арчаи идонаро оташ мезананд, туҳфаҳои кӯдаконро дар остонаи ид медузданд. Дар маҷмуъ, муҳтаво дар гирди ҳамин масъалаҳо мечархад.
Оё мо имкон надорем, ки бо тасвири қаҳрамонҳое мисли Бобои Наврӯз, Духтари Баҳор, Бобои Деҳқон, Аҳуро, Аҳриман, Офтоб, Шаб, Гули сияҳгӯш, Гули бодом, гулгардонӣ, суманакпазӣ, сурудҳои наврӯзӣ ва бозиҳои гуногуни ҷашнӣ филмҳои тасвирӣ созем? Бо истифода ин унсурҳо чизҳои дигар ҳам сохтан имкон дорад, на танҳо филмҳои тасвирӣ.
Бояд гуфт, ки масъулони ТВ “Баҳористон” баъзе аз наворҳои хурди аниматсионӣ (8-10 дақиқа) доир ба ин ҷашнҳо сохтаанд, аммо хеле кам ва камранганд.
Ҳамзамон, дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштани ҳар чизи шоистаи телевизионҳои мо барои тифлон айни муддаост ва дар ин самт низ фаъолшавии ҳампешагонро мехостем. Чунки кас аз интернет чизи сазоворе бо забони давлатӣ баҳри кӯдакон намеёбад, то барои фарзандонаш бо дили пуру хотири ҷамъ пешниҳод намояд.
Дар ин росто, аз ҳамаи ниҳодҳои фарҳангиву маърифатӣ, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, “Тоҷикфилм”, иттифоқҳои нависандагон, оҳангсозон, рассомон, доноёни зеҳни сунъӣ мадад мехоҳем, чунки гап сари сарнавишти фарзандонамон аст.
Чи хуш агар онҳо филмҳои тасвириеро дошта бошанд доир ба вижагии Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу чакан ва садҳо падидаҳои фарҳангии миллати хеш. Ин арзишҳо дар зоти худ ҳазору як афсона, қисса, ривоятҳо доранд, ки бо пероҳани бадеӣ ороста, аз онҳо наворҳои ҷолиб сохтан на он қадар душвор аст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”
