Ҳодии равшандил

29 апрел 2026, Чоршанбе
4

Ҳодии равшандил

Эй бародар,

Тоҷикистон чун фурудгаҳ не,

бувад парвозгоҳи раҳкушоям!

Дар сиёсат,

дар ҳама бунёди давр оғозгоҳи раҳнамоям!

Чун ба Арбоб аз муҳаббат омад ӯ

бо хоҳиши ваҳдат,

Ин абадгаҳ вақти омад-рафтанаш

буд розгоҳи Пешвоям.

Ӯ сухансозӣ аз ин ҷо кард оғоз,

Ӯ ватансозӣ аз ин ҷо ибтидо кард.

Ӯ ба сулҳ аз ин замин бахшид парвоз,

Боҳамойиро дар ин хоки вафопаймон бапо кард.

Ориёиро ба фар бардошт аз афтодагию бесадоӣ,

Худкушии миллатамро интиҳо кард.

Суғдро эҳё намуд он сон, ки таърихаш ҳамехост,

Бохтарро чун нигин

дар Вахши сабзу дилрабо кард.

Давлати Сомониёнро зинда кард ӯ,

Пас ба Имоми муаззам иқтидо кард.

Чун нанозам аз чунин Ҳодии равшандил?!

Чун наболам аз чунин нерӯи миллатпарвари сарвар?!

Чун нафахрам аз дари бикшодаи манзил,

Аз нигоҳи равшани имрӯз бар фардои раҳбар?!

Ӯ Паёмашро ба худсозии миллат мекунад иншо,

Розҳои печ-печи олами имрӯзи моро мекунад ифшо!

Эй бародар,

Ӯ суханро ҷавшани ҷони Ватан кардаст!

Ӯ Ватанро гулшану ҷони чаман кардаст!

Ӯ чаманро ҷаннати рӯи замин кардаст,

Тоҷикистонро биҳишти нозанин кардаст!

Пас, бародар,

Мо намемирем дар парвозгоҳи раҳкушои халқ!

Ҷовидон астем дар оғозгоҳи раҳнамои халқ!

Дар вуҷуди Тоҷикистони ҷавони навбаҳороғӯш,

Бо паёми ботинафрӯзи бақои халқ!

Аҳмадҷони РАҲМАТЗОД,

Шоири халқии Тоҷикистон

Санаи нашр: 29.04.2026 №: 80