ВАНҶ. АВВАЛИН КОРХОНАИ КОРКАРДИ ОБҲОИ НӮШОКӢ БУНЁД МЕШАВАД
Дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар Ҷамоати деҳоти Ҷовидони ноҳияи Ванҷ сохтмони нахустин корхонаи коркарди обҳои ошомидании ба содирот нигарондашуда оғоз ёфт. Иншооти саноатӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарез сармоя» дар майдони 4 гектар замини санглоху бекорхобида бунёд мегардад. Тибқи нақша, корхона давоми як сол бунёд ва ба истифода дода мешавад.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва шарикони рушд дар бунёди ин иншоот санги асос гузошта, ба сохтмони он расман оғоз бахшиданд. Корхона аз шаш хатти истеҳсолӣ иборат буда, бо технологияи пешрафтаи давлати Олмон муҷаҳҳаз хоҳад шуд. Коргоҳи истеҳсолӣ аз 3 ошёна ва бинои маъмурӣ, хобгоҳ барои кормандон иборат буда, бо харҷи 60 миллион доллари амрикоӣ сохта мешавад. Корхона метавонад дар як соат то 20 ҳазор литр обро коркард намуда, дар зарфҳои яклитра андозад. Дар сохтмон 100 нафар сохтмончии маҳаллӣ бо кор ва маоши баланд таъмин мегардад. Роҳбарияти вилоят ба ширкати чинӣ дастур дод, ки суръати корҳои сохтмониро тибқи нақша ба роҳ монда, ба сифати иншоот таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд. Шарикони рушд иттилоъ доданд, ки ният доранд, баъди ба истифода додани корхонаи истеҳсоли обҳои нӯшокӣ дар шафати он корхонаи коркарди меваҷотро бо мақсади истифодаи меваҳои лазизи боғҳои ноҳия бунёд созанд. Раиси вилоят ин иқдоми шарикони рушдро бо қаноатмандӣ истиқбол намуда, зикр кард, ки ноҳияи Ванҷ яке аз гӯшаҳоест, ки аз лиҳози рушди боғдорӣ дар вилоят дар мақоми аввал қарор дорад. Дар ноҳия майдони боғҳои мевадиҳанда ва истеҳсоли меваҷот сол ба сол меафзояд. Маҳсулоти боғдорони ноҳия дар бозорҳои шаҳри Хоруғ ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш меравад. Аммо аз сабаби набудани корхонаи коркарди меваҷот дар ноҳия нисфи зиёди дастранҷи боғдорон барабас меравад. Бунёди корхона имкон медиҳад, ки меваҳо дар худи ноҳия коркард ва ба фурӯш гузошта шаванд, инчунин, бовар аст, ки бештари ин маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза дар хориҷи кишвар ҳам харидорони худро пайдо менамояд.
Тавре Одинашо Мардзода, раиси ноҳия, иттилоъ дод, парки технологию саноатӣ дар муҳлати кӯтоҳтарин қомат афрохта, дар он беш аз 150 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин хоҳад шуд. Иншооти саноатӣ дар доираи чорабиниҳо ба муносибати Ҷашни бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуда, ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинон мусоидат мекунад. Ин дуюмин ширкати чинӣ аст, ки дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ ҷиҳати бунёди корхонаҳои саноатӣ маблағгузорӣ мекунад. Аз баракати сулҳу субот ва ваҳдати комили миллӣ ҳамаи рустоҳои ноҳияи Ванҷ ободу зебо шуда, бунёди иншооти гуногун дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигарондашудаи корхонаҳои ватанӣ заминаи воқеӣ хоҳад гузошт.
Дар мулоқоти раиси ВМКБ бо сокинони ноҳия зикр гардид, ки мардуми меҳнатқарини ноҳия аз равнақи корҳои созандагӣ, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми манотиқи кишвар роҳандозӣ мешавад, шоду масрур буда, дар ободонии кишвари азизамон беш аз пеш саҳмгузорӣ мекунанд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 24.05.2023 №: 109
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)