ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. ЗАНОНУ ДУХТАРОН ДАР САФИ ПЕШИ ТАБЛИҒАНД

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. ЗАНОНУ ДУХТАРОН ДАР САФИ ПЕШИ ТАБЛИҒАНД

25 май 2023, Панҷшанбе
45
0
 Либос як нишони зебоии зоҳирии инсон аст. Инсон дар ҳаёти худ ҳамеша ба сарулибоси шинаму зебо ва ороиши гуногун ниёз дорад, махсусан занону духтарон. Ҳар як зан мехоҳад либоси миллии худро бо завқ ва таъби дили хеш дӯзонда ба бар намояд, аз ҷумла либоси миллии атласу адрас, чакан ва амсоли инҳоро. 
Чирадастони моҳир дар ҳар давру замон ба дӯхтан ва ороиши либоси миллӣ машғул ҳастанд. Маърифат Холматова, аз зумраи чунин нафаронест, ки тули 14 сол либосҳои миллӣ дӯхта, дар беҳбуди бахшидан ва нигоҳ доштани анъанаву ҳунарҳои мардумӣ саҳми назаррас мегузорад. Номбурда шогирдони зиёд дошта, ҳамасола духтароне, ки шавқу ҳавас ба дӯзандагӣ доранд, ба шогирдӣ гирифта, ҳама нозукиҳои касбро меомӯзонад. Бештари сарулибоси дӯхтаи ин чирадасти моҳир дар намоишу чорабиниҳои фарҳангӣ пешкаши дӯстдорони ҳунар мегардад.  Дӯхти либосҳо бо намуди миллӣ ва аврупоӣ буда, дар он нақшу нигори миллии хос ба ҳар минтақаи ҷумҳурӣ инъикос меёбад. Ба гуфтаи Маърифат Холматова, аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2019-2021, ҳамчун Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба рушди ҳамаҷонибаи ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар такони ҷиддӣ бахшид. Пеш аз ҳама, ҳунари дӯзандагӣ, бофандагӣ ва ресандагӣ вусъат ёфта, бисёр занону духтарон соҳиби касбу кор шуданд. Аз ҷумла, банда низ ҳамчун чирадасти ҳамин ҳунар мебошам, ки дар баробари таҳсил аз рӯйи ихтисоси рӯзноманигорӣ ба ин шуғл  майл дорам. Шавқу рағбат ба касбро аз Маърифат Холматова омӯхтам, ки хеле масъулияти баландро дорад. Тавре худи ӯ мегӯяд, ҳунаромӯзӣ ва ҳунарофарӣ заҳмату масъулияти баландро металабад. Аз рӯйи завқ ва хоҳиши мизоҷон офаридани тарҳи нави либос кори осон нест. Ӯ мегӯяд, ки дар аввал омӯхтани ин касб бароям душвор буд, аммо ман бештар кӯшиш кардам, ки ба ҳадафи худ бирасам. Ҳамеша мехостам дӯзандаи муваффақ шавам ва либосҳои дӯхтаи худро ба бонувон пешкаш созам. Дӯхти либосҳои тарроҳони машҳури диёрамон, аз ҷумла Хуршед Сатторов, Умед Кучкаллиев ва Нафиса Имрановаро дида ҳавасам бештар мешуд. 
Қаҳрамони мо дар оянда баҳри пешбурди мӯди тоҷикӣ бо назардошти вусъат додани ҳунарҳои мардумӣ нақшаҳои зиёд дорад ва мехоҳад чанд дукони дӯзандагии худро кушояд, то тавонад дар он бисёр занону духтаронро ба касб бештар ҷалб намояд. Ҳоло ки бонувон дар баробари фаъолият дар дигар касбу корҳо ба шуғли дӯзандагӣ бештар шавқу майл доранд,  дастгирии онҳо аз ҷониби чунин устодон саривақтӣ ва боиси ифтихор аст, зеро духтарон барои пешбурди ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги миллии тоҷик саҳмгузор мешаванд.
 
Шаҳзода НОЗИМЗОДА, таҷрибаомӯзи «Ҷумҳурият»


Санаи нашр: 24.05.2023 №: 109
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив