ПАЙРАВИ АСИЛИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ Ё ВАҚТЕ ПЕШНИҲОДИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ МЕШАВАД

02 июн 2026, Сешанбе
1


Рустами Эмомалӣ – Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ.
Ҳамагӣ чорсола буд, ки Тоҷикистон соҳибистиқлол гашт. Соли 1987 дар ноҳияи Данғара таваллуд шуд. Дар он солҳои ноором падари бузургвораш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро бар дӯш гирифтанд. Рустам ҳамон замон шояд дарк кард, ки акнун бояд фарзанди сазовори падар бошад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлатдориву давлатсозӣ машғул буданд, Рустам бошад, ба омӯхтани дониш. Ҳамин тариқ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси робитаҳои иқтисодии байналмилалӣ, Академияи хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кард. Забонҳои русӣ, англисӣ ва олмониро медонад.
Рустам дар ин миён дар баробари омӯзиш ба аз худ кардани таҷрибаи давлатдории падар низ шуғл варзид ва имрӯз мебинем, ки дар ин самт ба муваффақият ноил гаштааст.
Фаъолияташро дар Вазорати иқтисод ва савдо ҳамчун мутахассис оғоз карда, дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ кор кард. Раиси Хадамоти гумрук ва Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия буд. Соли 2017 раиси шаҳри Душанбе таъин шуд ва то имрӯз фаъолият дорад.
Бо роҳбарии Рустами Эмомалӣ ва ҳидоятҳои Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳсолаи охир шаҳри Душанбе ба таври назаррас рушд карда, симояшро ба куллӣ тағйир дод. Чанд соли охир пойтахти кишварамон аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ амнтарин шаҳри ҷаҳон эътироф мешавад.
Зиндагии мусолиматомези намояндагони халқу миллатҳои гуногун, ки дар доираи барномаҳои ободонӣ бо таъмини волоияти қонун баҳри рушди мамлакат дар пойтахт пурсамар фаъолият менамоянд, шаҳри Душанберо ба маъвои сулҳ, ваҳдат ва дӯстӣ табдил додааст.
Рустами Эмомалӣ соли 2020, ҳамзамон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд, ки дар рушду пешрафти Тоҷикистон низ саҳми назаррас мегузорад.
Дар баробари фаъолияти сиёсӣ, Рустами Эмомалӣ аз соли 2012 роҳбарии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва аз соли 2019 роҳбарии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказиро бар дӯш дорад. Ҳамчун президенти ФФТ ба ислоҳоти васеи футбол оғоз карда, соли 2012 Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар Душанбе ва варзишгоҳҳои дигари кишвар таъмир шуданд ва Тоҷикистон мизбони мусобиқаҳои Конфедератсияи футболи Осиё гашт. Соли равон бошад, ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода хоҳад шуд, ки дорои 30 000 ҷойи нишаст мебошад.
Тими футболи кишвар соли 2024 бори аввал дар Ҷоми Осиё ширкат кард ва имсол бори дуюм пайиҳам роҳхати ин мусобиқаи бонуфузи қоравиро соҳиб гашт. Дастаи наврасони кишвар имсол маротибаи чорум дар Чемпионати ҷаҳон ширкат хоҳад кард. Тими миллии футзали кишвар низ ба муваффақиятҳо ноил гашта, соли 2024 дар Чемпионати ҷаҳон бозӣ кард.
Маҳз бо пешниҳоди Рустами Эмомалӣ 7-уми майи соли 2024 Ассамблеяи генералии СММ бо қабули қатънома 25-уми майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон намуд.
Рустами Эмомалӣ дар баробари футбол ба рушди дигар намудҳои варзиш низ таваҷҷуҳ дорад. Маҳз бо дастгирии ӯ чанд сол боз Тоҷикистон, махсусан, шаҳри Душанбе мизбони мусобиқоти сатҳи баланди байналмилалӣ дар намудҳои ҷудо, гӯштини миллӣ, велосипедронӣ ва волейбол гаштааст.
Хидматҳои Рустами Эмомалӣ назди Ватану ҷомеа то имрӯз бо ордени Зарринтоҷ дараҷаи 2 ва дар сатҳи байналмилалӣ бо медали “Дӯстӣ”-и Қазоқистон қадр шудааст.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 02.06.2026 №: 106