БА ОЗМУНИ “ҶУМҲУРИЯТ”

11 июн 2026, Панҷшанбе
4


ПЕШВОИ МИЛЛАТ ИҚТИДОРИ МЕҲАНУ ДАВЛАТ


Ифтихори тоҷикон аз Пешвои миллат аст,
Бемуҳобо, офтобе дар самои миллат аст.
Дарди миллатро даво бахшид бо тадбири хеш,
Дар масири устуворӣ ӯ давои миллат аст.
Бенизомӣ мешавад, гар ӯ набошад дар низом,
Ҳастияш дар минбари мо аз барои миллат аст.


Сулҳ оварда барои тоҷикони тоҷдор,
Дар хазони кишварам овард ӯ фасли баҳор.
Душманони халқи мо буданд дар макру ҳиял,
Бар ҳама ғолиб бишуд бо ёрии Парвардигор.
Иқтидори давлату Меҳан ту ҳастӣ Сарваро,
Бе ҳузури ту ба минбар мо надорем иқтидор.


Миллати мо, ки басе зулму тааддӣ дидааст,
Неку бадро дар тарозуи хирад санҷидааст.
Аз замони Ориён то даври истиқлоли мо
Аз адуи бешумори халқи худ ранҷидааст.
Боғбони боғи ин миллат ту ҳастӣ, эй азиз,
Ғунчаи боғи Ватан аз дасти ту хандидааст.


Солҳои ҷанг ин миллат парешон гашта буд,
Кӯдакони бепадар дар кӯча ҳайрон гашта буд.
Гар писар дар Тоҷикистон буд бо қалби ҳазин,
Дар ғарибиҳо падар бо қалби бирён гашта буд.
Кас набуд ором андар кӯчаю бозорҳо,
Модарони пуралам бо чашми гирён гашта буд.


Зери мавҷи парчами ту бишканем армони худ,
Мо туро бинем дар руҳи Ватан дармони худ.
Гар суханҳои шарифе бишнавем аз лаҳни ту
Мепазирем аз дилу ҷон ҳамчу як фармони худ.
Баҳри сарҷамъии ин миллат кашидӣ ранҷҳо,
То бибинӣ халқро дар хонаю дар хони худ.


Ҷамшед ГУРЕЗОВ,
устоди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ
ва соҳибкории Тоҷикистон

Санаи нашр: 11.06.2026 №: 113