ПАЙҒОМИ ОРИЁН

15 июн 2026, Душанбе
4


Садое аз дили таърих меояд,
Ки ҳон!
Эй чашми бедору дили бедори ин миллат!
Фаромӯшам макун ҳаргиз!
Ман он рӯҳам, шабеҳи нур меоям.
Масири ман ҳазоронсола роҳи ишқу армон аст,
Навои ман навои обшори меҳри инсон аст.
Садои ҷони бедори ниёкон аст,
Ту хомӯшам макун ҳаргиз!


Ман акнун он дарахти сар ба Кайҳонам,
Ки ҳар шохам ба мисли каҳкашоне нур мепошад.
Ва ҳар барге ба мисли тӯтие овоз мехонад,
Ки ҳон!
Эй тоҷдори ман!
Зи дасти ман макун дасти табар эҷод,
Ғамоғӯшам макун ҳаргиз!


Бибин парвози нури Зардуҳиштамро
Ба мисли мурғи заринболи хуршед аст,
Ки дорад лонае дар шохсори ман.
Ба монанди Авасто нур мебахшад ба ҳастиям,
Чу Наврӯзи дилафрӯзи баҳори ман.
Сияҳпӯшам макун ҳаргиз.


Зи даврони Каён то Оли Сосониву Сомонӣ,
Сухан гуфтам ба шайдоӣ,
Пар овардам ба зебоӣ.
Бибин Симурғро дар осмони ман,
Ки рамзи рою тадбир асту доноӣ.
Раҳо кун роҳи ғафлатро,
Хатопӯшам макун ҳаргиз.


Кунун бархез бо пайғоми Раҳмонӣ,
Паровар шав чу хуршеди Бадахшонӣ.
Диловар шав, диловарҳои Хатлонӣ,
Суханвар шав чу ёрони Зарафшонӣ.
Сари болои тоҷик шав,
Сари болои инсонӣ,
Ки бо аъмоли шайтонӣ,
Ҳамоғӯшам макун ҳаргиз!


ПАЁМИ ПЕШВО
Ориёно, Ориёно,
Эй дилу ҷону тани мо.


Эй куҳанбунёди дунё,
Гашт акнун ошкоро:


Вахши Вахшур Вахши ман буд,
Рахши Рустам Рахши ман буд.


Тахти Кай ҳам тахти ман буд,
Шуҳрати ман, бахти ман буд.


Зардуҳишти пок будам,
Маънии афлок будам.


Тиргонро тир будам,
Меҳргонро мир будам.


Умри ман Наврӯзи ман буд,
Ишқи ман пирӯзи ман буд.


Ман ҳамон Пешдодиёнам,
Мурғи бахти Ориёнам.


Миҷмари Сосонӣ дорам,
Гавҳари Сомонӣ дорам.


Аз табори суғдиёнам,
Чун Зарафшон пуртавонам.


Ман ҳамон Ҷайҳони мастам,
Мисли Хатлон бешикастам.


Оташам, ишқам, сурурам.
Ман Бадахшони ғурурам,


Тоҷикам, озода ҳастам,
Ошиқам, дилдода ҳастам.


Ман зи меҳрам хома дорам,
Рӯи каф «Шоҳнома» дорам.


Омадам шодӣ биёрам,
Пайки озодӣ биёрам.


Сӯзаму худро гудозам,
Тоҷикистонро бисозам!

ВОРИС, шоир,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Санаи нашр: 12.06.2026 №: 114